22:24:41 02-уми Июни 2025 сол

ШУКРИ ОСУДАГИИ КИШВАР НАМОЕМ

Як шаби моҳи Рамазон, соли 1969 ҳеҷ аз лавҳи хотирам намеравад. Ҳайати кормандони милиса, кумитаи ҳизби ноҳия, фаъолони ҷамоат ба хонаи ҳамсоя, ки чанд тан намозгузорон таробеҳ мехонданд, шабохун заданд. Ҳама аз тирезаву мӯрӣ илоҷе карда, фирор карданд, дар паси пардаи тирашаб хатиб дастгир нагашт, ҳангоми таъқиб як пайи калӯшаш ба дасти тафтишгарон афтод. Бовар мекунед, қариб як моҳ каси аз фарзу айн, каломи шариф андак огаҳро зӯран ба идораи ҷамоат меоварданду калӯши сабилмондаро мепӯшонданд.

 

namazОқибат аз нафаре гумонбар, баҳона гашта, бо ҷурми никоҳи арӯсу домод 2 сол ҳабсаш карданд. Ҳодисаи ҷанозаи рӯҳонии шинохтаи тобеоти Сарихосору Балҷувон – Домулло Пирмуҳаммад (машҳур бо Санги Кулула) ҳафтаву моҳҳо минтақаи Кӯлобро ба ҷунбиш овард. Иштирокдорони ин маросимро шабу рӯз ба истинтоқ, ҷазо менамуданд, аз ҳизб меронданду аз мансаб. Падарам, ки саркору пешқадами пахтакорони ноҳия буданд ва бо хонадони Домулло қаробат доштанду дар ҷанозааш ҳозир буданд, ҳар саҳар бо мо хайрухуш карда, бо андӯҳ мегуфт: - Котиби СК Ковал сахт гирифтааст, ҳамаро расм гирифта, кофтуков доранд. Бачам, корҳо чатоқ. Мумкин шаб наоям.

 

Дар мактабҳо рӯзаи бачаҳоро иҷборан мехӯрондем. Ҳа, ана ҳамин хел давраҳо буду зуд фаромӯш кардем. Ҳамаи инро дар мизони андеша бармекашаму бо дилсӯзӣ тасмимҳои Ҳукумати ҶТ-ро дар пайи рушду нумӯи дину оин, анъанаҳои неки ниёкон пеши назар меоварам, қиёс мекунам. Таҷлили бузургдошти пешвои мазҳаб – Имоми Аъзам, таъсиси литсейи динӣ, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, ба ҳаҷ рафтани ҳазорон зоирон, нашри фаровони адабиёти динӣ, таҷлили шоистаи Идҳои Қурбону Рамазон аз ҷумлаи он кӯшишҳост. Агар дар давраи Шӯравӣ ҳамагӣ 8 масҷид амал менамуд, айни ҳол, ин теъдод ба 3750 расидааст, илова бар ин, масҷиду мадрасаҳои бузурги ҷомеъ бунёд мегарданд. Масҷид барои 150 000 намозгузор!

 

Дар ҷавоби ин ҳама арзишҳо, ҳаводиси гузаштаву имрӯза бо ситезаҷӯиҳо, мухолифати баъзе намояндагони аҳзоби сиёсӣ, рӯҳониёни шинохтаро мебинаму тааҷҷуб мешавам. Аз рӯйдодҳои ибратомӯзи гузаштаи наздику дур чаро бесабақ мондем? Ақаллан, воқеаҳои бист сол пеш аз зиёдаравию тундгароиҳои бархе аз намояндагони диндорони шинохта, аҳзоби сиёсӣ сар задаро намеомӯзем, хулоса намебарорем. Аҷабо, ношукрии мо бар намаки умр хеле зиёд аст. Мехоҳем, ки ғӯра дар як рӯз ширин шавад, тифл дар як рӯз риш барораду хирадманд гардад. Худо ирқу нажод, дину оин, шаклу сурати ҳархела офаридааст, мо мехоҳем якранг бошанд.

 

Бист сол пеш ба кӣ намефорид оромию осудагии мо? Кӣ моро пора карданиву бар ҳоли табоҳ оварданӣ буд? Ситезакорони имрӯза оё ба осиёби ҳамон тоифа об рехтанианд, ба хоҷагони бегона хизмат карданӣ нестанд? Маълум, ки баъди он даргириҳо мардум аксар фурсати маърифату фаҳмиши фарҳанги исломиро наёфтаанд, зеро бархе аз насли калонсоли тарбияи Шӯравӣ дида чандон мӯътақиди мазҳабу дин нестанд ва душманон ана аз ҳамин хало таассубу тазоҳурро ривоҷ медиҳанду кӯшишҳои Ҳукумати ҶТ-ро дар пайи ислоҳи баъзе аз зиёдаравиҳо зери мазаммат мегиранд. Ҳеҷ кас, аз вазир то коргар ҳашамату мартабаи дини мубини исломро паст задан, намозу рӯза ва ба масҷидравиро манъ карданӣ нест ва дар ин замина азбаски давлати мо демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, тарғиби дигар дину оини накӯи ниёкон ба мақсади маърифати насли наврас ҷараён дорад.

 

dushanbeЛоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» пешниҳоди умум гардидааст. Баъзе аз рӯҳониёни шинохтаи мо қабули ин қонунро чун нишони аз дин дур шудани насли наврас, ба Худо ва рӯзи қиёмат, дуззаху ҷаннат бовар накардани онҳо ва ба сари ҷомеа бало овардани онҳо медонанд. Дар лоиҳаи қонун сухан танҳо аз бобати низоми тарбияи насли наврас меравад, ки бар асари бесарусомониҳои солҳои охир аз мадди назар дур мондааст. Тарбия дар ҳама давр дар мадди аввал меистад. Дигар таъкиди ниёкон илму ҳунар омӯхтан ба фарзанд аст. Шахсе, ки шурӯъ мекунад ба илм мудом дар ибодат аст, омадааст дар ҳадисе ва «Талаби илм фарз аст барои ҳар марди мусулмон ва зани мусулмон» - омадааст дар «Саҳеҳ». Барои мо зарур аст, ки ғояҳои диниро, аз ҷумла идеяҳои ҳизбӣ, сиёсӣ, диниро дар мизони меъёрҳои андешаҳои миллӣ баркашем ва онҳоро дар чорчӯбаи дунявият ба тартиб дароварем. Ислом, ба хусус исломи ҳанафӣ, дар заминаи фарҳангӣ бумӣ рушд ёфт, яъне ҳазм гашту ҷаҳонӣ гашт. Ва зарур аст, ки барои рушди худ дар саҳна бошанд. Дар ин қибол, исломи бегона: исломи салафӣ ё исломи сиёсии бунёдгаро, ки моҳияти идеологӣ ва геополитикӣ доранд, фарҳанги миллиро ботил месозанду вазъро муташанниҷ.

 

Боре намеандешем, ки Худованд дар ин олам моро барои ободкунӣ фиристодааст. Давлатҳои ҳамсояи мо ба пояҳои баланди илмҳои дақиқ расидаанд, рӯзгори муносибу фараҳбахш доранд. Чаро намеандешем, ки болои ганҷи шойгон хобидаем, аммо дасти ниёз сӯи Ҳинду Чин, Амрикову Руссия дорем. Таассубгарон буданд, ки эҷодкорони асил, кошифонро муртаду кофир мехонданд. Ибни Сино нисфи шабӣ аз тарси онҳо аз гӯристон мурда оварда, ҷарроҳӣ менамуд, барои табобати мову шумо ҷон мекоҳонд, Улуғбекро барои омӯзиши ахтарон куштанд, Донишро барои русидониаш таъқиб намуданд.

 

Дар ибтидои баргузории «Соли тамаддуни ориёӣ» бархе аз исломшиносонро ба шӯр овард. Онҳо бо баҳонаҳои гуногун аз тарғиби «Авесто» изҳори нигаронӣ мекарданд. Фаромӯш намуданд, ки он илми гузаштагони мост, ғайр аз ҷашн маърифати омма аст, на таблиғи пайравӣ ба ин дин. Ку як бор бигӯянд, ки фурӯзонак, тайёра, компютерро яҳуд ё чинии номусулмон ё урус сохтааст, даркор нест. Ҳақ ба ҷониби олимест, ки гуфта буд: «Агар таассубу хуруфот намешуд, тоҷикон дар асри 10 киштии кайҳониро кашф мекарданд».

 

«Таассуб (фанатизм) бешубҳа нафратангезтарин, фалокатбортарин ва нанговартарин иллатҳои инсонӣ мебошад. Фанатизм аз падидаҳоест, ки инсон ба таври доимӣ дар ақидаи худ сарсахт ва устувор мемонад»- мегӯяд нависандаи машҳури олам Эрнест Ҳемингуен. Иқдоми Вазорати маориф дар бораи сару либоси ягонаи мактабӣ сару садоҳоро дар атрофи сатру ҳиҷоб, ришу фаш авҷ гиронд. Таассубгарону тазоҳурчиён кори дигаре надоштанд, гӯё сохторҳои давлатӣ мардумро ба бараҳнагиву бединӣ кашиданианд. Бахусус, баъди баргузории фестивали «Чакомаи гесӯ» ин ҳангомаҳо болотар рафтанд. Ҳама фаромӯш кардем, ки афроди орифу зоҳид асрҳо  васфи зулфи печону мӯю рӯй, хатту холи зебосанамҳои Шарқро кардаанд.

 

dushanbeИн амали Ҳукумат давоми ҳамон васфу ҳамон нафосату назокат аст. Дуруст аст, ки дар ин росто, аз тариқи ТВ ва радиоҳо бараҳнагардию фаҳшу фуҷури дискотекаҳо, бадахлоқии ҷавонон кам мазаммат мегардад. Диққати масъулони тартибот низ барои пешгирии ин нохушиҳо коста гаштааст ва ин ҳама ба ахлоқи фарҳанги миллӣ латма мезанад. Бараҳнагардиҳои тӯлонӣ бо ин масъала боиси ба идеали наврасону ҷавонон мубаддал гаштааст. Боре ба ҳаводиси кишварҳои мусалмони ҳамсоя бинигарем, бубинем, ки ташаннуҷи мазҳабӣ дини онҳоро то куҷо расонд. Ҳатто давлату мазҳаби муайян надоранд, бо дасти худ кишварашонро зери латукӯби аҷнабиён ҳавола кардаанд. Дар солҳои Шӯравӣ ганҷҳои кӯҳу камар, саҳроҳои мо ба кишварҳои абарқудрат рафт.

 

Имрӯз баъзе тоифаҳо, ҳамсояҳои дилсиёҳи мо имкон намедиҳанд, ки дар рӯдхонаи кишвар нерӯгоҳи пуриқтидор созему аз бумбасти иктисодӣ халосӣ ёбем. Ганҷҳои нуҳуфтаи сарзамин фаровонанд ва душманони мо ҳамеша сӯи онҳо чашм ало мекунанду роҳи расидан ба онҳо мақсад – кашондани ройгон бурдани онҳоро меҷӯянд. Онҳо аз таҷрибаи таърихӣ, аз нотифоқии мо воқифанд, аз сустии имону инсофи бархе аз пешвоёни мазҳаб, аз дурӯягии ақидавию мафкуравии ба ном равшанфикрони мо огоҳ ҳастанд ва тавассути эшон ҷанҷолҳои таассубу тазоҳӯри сиёсӣ, мазҳаби маҳаллиро ривоҷ медиҳанд, шаклу усулҳои ҷомеаи исломиро, ки ғояи сарҳадро инкор мекунанд (миллати ислом якест), тарғиб менамоянду талқин месозанд.

 

Ин ҷо сухан аз рӯхониёне, ки дар раванди худшиносии миллӣ, худогоҳии мардум, ҳар рӯзу ҳар лаҳза саҳм мегузоранд, намеравад. Онҳо бо покиву бовиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ намунаи ибратанд ва ҷаҳд менамоянд, сари роҳи исрофкорӣ, бадахлоқӣ, таассубу тазоҳурро  бигиранд, фош намоянд. Ҳар кӣ мардумро бо некӯӣ, сабр, тамкин даъват месозад, савоби азим, касони низоъангезу низоъандоз гуноҳи бузург мегиранд. Ба гуфти донишманди рус – Беляев И.: «Шубҳае нест, ки дини мусулмонон нафақат эътиқод ба Худои яккаву ягона – Аллоҳ, балки маҷмӯи қоидаву қонунҳои зиндагӣ ва панду ҳикматҳои ахлоқиву фалсафӣ ҳам мебошад».

 

Оре, зарур аст, ки шукри тифоқӣ, оромӣ, осудагии кишвар намоем, то неъматамон афзун шавад. Барои ин аз ин ганҷинаи пурбаҳои арзишманди дини мубини ислом, анъанаҳои поку мубаррои ниёгон моҳирона истифода барем, то дар шинохту пайравӣ, талқину баррасии он ба насли ҷавон хидмати хирсона накунем.  

 

ҳасанзода Садриддин, нависанда, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4610-shukri-osudagii-kishvar-namoem.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854