21:27:35 02-уми Июни 2025 сол

ОДАМФУРӮШӢ ДАРДИ БЕДАРМОН НЕСТ

Ба навиштаи расонаҳои хабарӣ, одамфурӯшӣ дар замони ҳозир ба як мушкили умда ва глобалӣ табдил шуда ва анқариб тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ин падидаи шум дар Тоҷикистон ҳам ба таври густурда доман паҳн кардааст. Ба иттилоъи созмонҳои байнулмилалӣ, дар солҳои ахир шумораи зиёди духтарон ва занону мардон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон гирифтори фитнаву найрангҳои одамҷалобон мешаванд ва дар бозори одамфурӯшӣ ба савдо мераванд.

 

ОҒОЗИ ИН ПАДИДАИ ШУМ

 

odamfurushiДар замонҳои қадим ғуломон ва ғуломфурӯшӣ вуҷуд дошт, ки дар қарни нуздаҳ дар саросари ҷаҳон ба сурати расмӣ аз байн бурда шуд. Вале дар садаи бист хариду фурӯши одамон дубора ба шакли пинҳонӣ сар зад, ки имрӯз ба манбаи асосии даромад ва базаи терроризм ва тундгароии байнулмилалӣ табдил шудаст. Дар оғоз ҷинояткорон бо истифода аз мушкилоти иқтисодии баъзе аз кишварҳо, камбуди ҷои кор ва бекорӣ, даромади пасти иқтисодӣ ва сатҳи поёни зиндагии қишрҳои гуногуни ҷомеа шабакаҳои истисмор ва фурӯши инсон, бахусус занон ва ноболиғон, ҳатто хурдсолонро барои истисмори шаҳвонӣ ва меҳнати ғуломӣ бо мақсади даромади пулӣ; ва калонсолонро барои истифода дар фаъолиятҳои террористӣ ва тундгароӣ, ғуломгардонӣ, гаравгонгирӣ ва монанди инҳо созмон медоданд. Ҳоло ин ҷинояткорон гурӯҳҳои мутташакили ҷиноӣ ва тундгароии байнулмилалиро ташкил медиҳанд. Ва дар ҳоли ҳозир ҷомеаи ҷаҳон ба гирдоби одамфурӯшӣ афтодааст, ки дар мубориза бо он то андозае ночор аст.

 

Назар ба омори Департаменти давлатии ИМА ҳамасола дар ҷаҳон шумораи қурбониёне, ки барои ҳама намудҳои ғуломӣ фурӯхта мешаванд, ба 800-900 ҳазор нафар, аммо мутобиқ ба омори СММ то 4 миллион нафар мерасад ва даромади ҷинояткоронаи ин раванд аз 7 то 9,5 миллиард ва аз рӯи маълумотҳои дигар то ба 12 миллиард доллар мерасад. Дабири Кулли Созмони Ҷаҳонии Кор ҷаноби Хуан Сомавиа мегӯяд, ки «Кори маҷбурӣ тарафи дигари ҷаҳонишуданро ба хотир меорад. Вай ҳуқуқҳои аслӣ ва шарофатмандонаи инсонро аз байн мебарад. Барои расидан ба ҷаҳонишавии одилона ва кори шарофатмандона хеле зарур аст, ки кори маҷбурӣ аз байн бурда шавад».

 

Мутобиқи иттилои СММ, дар саросари ҷаҳон; бештарин касоне, ки ба анвоъи гуногуни кори маҷбурӣ машғуланд – тақрибан 9,5 миллион дар Осиё, 1,3 миллион дар кишварҳои Амрикои Лотин ва ҳавзаи баҳри Қариб, 660. 000 одам дар кишварҳои ҷануби Сахара, 260. 000 одам дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, 360. 000 дар кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ ва 210. 000 дар кишварҳои дар ҳоли рушд ҳастанд.

 

Муштзӯрону шарафдуздон одамони бечораро бо мақсади баҳаракашӣ дар арсаҳои кишоварзӣ, сохтмон, тавлиди хишт, корҳои сангин – дар иқтисоди ғайрирасмӣ истифода мебаранд. Аммо қисми зиёди қурбониёни тиҷорати шаҳвонӣ асосан занону духтарон ҳастанд. Бори вазнин бар дӯши кӯдакони синни то 18 сола аст, ки аз 40 то 50%-и қурбониёни кори маҷбурӣ аз ҳисоби онҳост. Хеле нигаронкунанда аст, ки имрӯз қариб ҳамаи кишварҳо ба мушкилоти фурӯш ва истисмори инсон, фаъолияти террористӣ ва тундгароӣ гирифтор ҳастанд ва ин падидаҳо хосияти байнулмлалӣ ва мутташакил касб кардааст.

 

Акнун ҷинояткорони имрӯзӣ ба таври рӯзафзун имкониятҳои дарёфти маълумот, шароити техникии пешрафта доранд ва онҳо дар амри фурӯши одамон, истисмори онҳо ва созмон додани гурӯҳҳои мутташакили миллӣ ва фаромииллӣ ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Имрӯз ҳуқуқҳои қурбониёни бозори одамфурӯшӣ дар ҳама шакл ва дар ҳама ҷои дунё поймол карда мешавад. Намудҳои фаъолияти фурӯш ва истисмори инсон афзоиш ёфта, дар баробари он ҳамчунин дуздӣ, гаравгонгирӣ, таҳдиду найранг, киро кардани одамон барои истифода дар амалҳои террористӣ ва тундгароӣ ва амалҳои дигари монанд ба инҳо афзоиш меёбад. Гузашта аз ин, ба тасдиқи мутахассисони омӯзиши бозори одамфурӯшӣ ин мушкилот дар солҳои ахир ба оҳистагӣ аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ – Филиппин, Индонезӣ, Таиланд, Малайзӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯчида Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

 

ЧАРО, ЧАРО?

Чаро чунин шудааст, ки тамаддуни ҷаҳонӣ ба марзи нобудӣ расидааст? Чаро ҳукуматҳо дар мубориза бар зидди чунин одамоне ва амалҳои зидди башарӣ, ки инсонияти онҳоро маҳкум мекунад, оҷиз аст? Ба назари мо, ин пурсишҳое ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамаддуни башарӣ ҷавобҳои асоснокеро ба онҳо интизоранд. Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоли ҳозир ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби дақиқ ва мушаххас додан амри мушкил аст, вале имкони муайян кардани роҳҳои густариши ин раванд ва муборизаи муштарак ба манфиати мардуми дунё ва танг кардани доираи фаъолияти гурӯҳҳои мутташакили ҷинояткори байнулмилалӣ, ки ба иҷрои амалҳои террористӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҳамчунин фурӯш ва истисмори инсон машғуланд, мавҷуд аст.

 

kudakМутахассисон эҷоди пояи қавии ҳамоҳанг сохтани муборизаи ҷомеаи ҷаҳон ва ҳукуматҳои кишварҳоро, заминаи муҳими таъмини муборизаи зарурӣ бо ин падидаҳо медонанд. Коршиносон ба ин назаранд, ки ба оқибатҳои ин падида не, балки бояд ба сабабҳои иҷтимоии фаъолият ва барномаҳои амали террористон, тундгароёни мазҳабӣ, қочоқбарони маводди мухаддир, фурӯш ва истисмори инсон мубориза бурд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин ҷода махсусан қонунгузорон роли муҳим мебозанд, яъне онҳо қодиранд ва вазифадоранд, ки ба сурати қотеъ садди роҳи чунин навъи ҷиноёт бишаванд.

 

РОҲИ МУБОРИЗАИ ТОҶИКИСТОН

Табиист, ки Тоҷикистон ҳам чун кишварҳои дигар дар баробари мубориза бо амали террористон, тундгароёни мазҳабӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҳамчунин бо гурӯҳҳои мутташаккили фурӯш ва истисмори инсон рӯ ба рӯст ва дар амри аз байн бурдани онҳо мубориза мебарад. Ба ҳамин асос, аз тарафи парлумони Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои байнулмилалӣ ва қарорҳои миллӣ дар мавриди мубориза ба муқобили фурӯш ва истисмори инсон қабул шудааст, ки дар ҷумлаи онҳо «Созишнома ба муқобили ҷинояткории мутташакили трансмиллӣ» ва санадҳои дигари ҳамроҳ ба он:

 

«Протокол дар бораи огоҳ намудан ва пешгирӣ аз фурӯши одамон, махсусан занон ва кӯдакон ва ҷазо барои он», «Протокол ба муқобили интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон ба воситаи роҳҳои заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ», «Эъломияи ҳуқуқи башар», «Эъломияи байнулмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи намудҳои қонуншиканӣ дар баробари занон», «Эъломияи музди баробар дар ивази кор барои занону мардон», «Эъломияи ҳуқуқи кӯдак», «Эъломия дар бораи аз миён бардоштани кори маҷбурӣ», «Протокол дар иртибот ба мақоми гуреза», «Эъломия дар бораи мубориза бар зидди азобу шиканҷа ва дигар шаклҳои ғайриинсонӣ ва паст кардани шаъну шӯҳрати инсон ва шаклҳои муносибат ва ҷазодиҳӣ» ва монанди инҳо, ки ҳамагӣ фурӯш ва истисмори инсонро дар ҳама намудҳояш қотеона маҳкум мекунанд ва муборизаи ҷомеи ҷаҳонро дар муқобили ин падидаҳо тақвият мебахшанд, мебошанд.

 

Соли 2003 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба тадқиқоти масъалаи ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон ва роҳҳои пешгирии он ташкил шуд ва дар заминаи он Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони салоҳиятдори вазоратҳо ва корхонаву муассисаҳои кишвар шомил шуданд. Гузашта аз ин, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми августи соли 2003 Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷират» ва 15-уми июли соли 2004 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба муқобили фурӯши инсон»-ро қабул кард, ки асоси мӯътамаде барои мубориза ба муқобили фурӯш ва истисмори инсон дар ҷумҳурӣ мебошанд.

 

Ғайр аз ин қонунгузории ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои нормативии худ мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалии таъминкунандаи мубориза бар зидди фурӯш ва истисмори инсон тағйирот ворид кард. Дар фарқият бо Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон соли 1961, дар Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 барои фаъолиятҳои водор кардан барои берун овардани органҳои бадан (моддаи 122), фиребдиҳӣ барои истисмор (моддаи 132), ғайриқонунӣ маҳдуд кардани фаъолияти озодонаи рафту омад, озодона интихоб кардани маҳали зист, берун рафтан аз қаламрави ҷумҳурӣ ва бозгашт ба ватан (моддаи 149), фурӯши ноболиғон (моддаи 1671), гарвгонгирӣ (моддаи 181), зархарид кардани одам (моддаи 140) ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2003 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи иловагии 1301 илова шуд, ки мутобиқи он барои хариду фурӯши инсон ҷазои ҷиноӣ муқаррар карда шудааст.

 

(идома дорад)

Аҳмадшоҳи КОМИЛЗОДА, шореҳи сиёсӣ, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4626-odamfurushi-dardi-bedarmon-nest.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854