22:28:35 02-уми Июни 2025 сол

БАКОРАТ ВА ҲАҚОРАТ ВА Ё ШАРИАТ ДАР ИН БОРА ЧӢ МЕГӮЯД?

Париваши Салом бо Некрӯзи Салмон (ҳар ду номҳои мустаъор) ҳафтае қабл, бо розигии падару модар, бо ҳам издивоҷ карданд. Баъд аз гузашти ду рӯз Некрӯзи Салмон Париваши Саломро барои ҳамеша ба хонаи падараш фиристод. Даъво дорад, ки Париваш нодухтар баромадааст. Ба ҳамин хотир падару модари арӯсро тарс дода, таҳдид кардааст, ки «барои фиреб доданатон ман шуморо ба суд дода, аз судя талаб мекунам, чаҳор ҳазор доллари дар тӯй харҷ кардаамро аз шумо рӯёнда ба ман диҳад».

 

taloqДар ҳамин ҳол модари арӯс Норигули Мирзогул ба назди падари домод Саломи Фаршед омада гуфтааст, ки «ҳангоме писарат дар муҳоҷират буд, ба чанд дар рафта будед, вале касе аз эшон розӣ нашуд, ки ба шумо духтар бидиҳанд. Вақте ки чанд маротиба барои хостгории духтарам ба хонаи мо омадед, мани камбахт ба шумо бовар кардам, духтарамро розӣ кунонида, бо ду дасти адаб ба хонаи шавҳараш гусел кардам. Аммо афсӯс, ки шумо марди воқеӣ набудаед ва духтари бахтбаргаштаи маро, баъд аз ду рӯзи зиндагӣ, бадном карда ба хонаи падараш фиристодед.

 

Бар замми ин боз даъво ва талаб доред, ки гӯиё барои барпо кардани ин тӯй беш аз чор ҳазор доллари ИМА сарф кардаеду ҳамакунун пули харҷ кардаатонро гирифтан мехоҳед». Дар баъзе маврид соҳибони духтар низ дар ин шабу рӯз аз домод харҷи зиёдтар надошта бошанд, харҷи камтар ҳам надоранд…

 

Дар фарҳанги суннатии мардум дар байни мусалмонон, ба вижа дар Тоҷикистон, роиҷ шудааст, ки дар  ҳолати ба вуқӯъ пайвастани ҳодисае ҳаммонанди воқеаи дар боло зикршуда, духтари бечора дар «бало» гирифтор мешавад ва бо ҳамин орзӯҳо ва ҳавасҳои дар дил парваридааш ба бод мераванд. Ҳол он ки шояд дар ана ҳамин маврид айб дар духтар не, балки  дар писар бошад ва домод завҷаашро дуруст дарк карда натавониста бошад! Дақиқтараш бо сабабҳои мухталиф фурсат барои писар даст надода бошад, ки дар шабҳои аввал пардаи бакорати арӯсро гирифта тавонад.

 

Бо вуҷуди ин ҳама бадном кардани як инсон, ба хусус як духтари мусалмон, аз нигоҳи ойини ҷавонмардию инсонӣ ва шариъату ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ натанҳо ҷоиз нест, балки дар назди имону виҷдон ва фардои қиёмат дар ҳузури ҳазрати Парвардгор низ ҷавобгарӣ дорад. Ҳамзамон дар байни мардум ақидае вуҷуд дорад, ки дар баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла давидану паридан ва ё ҷаҳидан, духтар метавонад, ки нохудогоҳона пардаи бакораташро аз даст бидиҳад. Аммо як тан аз мутахассисони Раёсати ташкили хизматрасонии танзим ва оилаи вазорати тандурустӣ, ки аз зикри номаш дар сомона худдорӣ кард, ақидаи дар боло баёншударо рад намуд ва гуфт:

 

«Дар ҳангоми давидану паридан ва ё ҷаҳидан пардаи бакорати духтар осеб намебинад, балки пардаи бакорат танҳо дар ҳолати ҳамхоба шудан ва ё дохил шудани чизе ба монанди олоти мардона он метавонад осеб бинад». Вай афзуд: «Дар чунин ҳолатҳо барои гирифтани ҷавоби мушаххас ва дуруст муайян кардани ҳолати бокира будан ва ё набудани духтар, бояд ба судэкспертиза муроҷиат карда шавад».

 

Дар мавриди суоли дигар «Оё  баъд аз анҷом додани алоқаи ҷинсӣ мешавад, ки пардаи бакорати духтар дар ҳолати қаблии худ, беосеб боқӣ бимонад?» мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки «бале, дар баъзе маврид мардон ҳангоми ҳамхоба шудан бо духтарон аз гирифтани пардаи бакорати эшон оҷиз мемонанд ва он сабаб ва омилҳои худро дорад…».

 

Дар замони хилофати ҳазрати Умар писари Хаттоб (р) марде омада ба он Ҳазрат(р) арз кард, ки духтараш бо як сабабе бакораташро аз даст додаасту ин сирро ба ғайр аз хонаводаашон касе дигар намедонад. Ҳамакнун хостгорҳои духтараш пайдо шудаанд ва хеле ҳам ҳавасманданд, ки духтарашро арӯс кунанд, аммо онҳо ин «айб»-и духтарро намедонанд. Ин мард ба халифаи мусалмонон гуфт:

 

-Ман қабл аз арӯсӣ кардан ҳамчун як мусалмон бояд ин «айб»-и духтарамро ба хостгорҳояш бигӯям ва сирри онро фош созам?

 

Ҳазрати Умар (р) дар ҷавоб гуфт:

 

razvod-Ба Худо савганд мехӯрам, ки агар сирри пӯшонидаи Офаридгори духтаратро фош созӣ ва ба хостгорҳояш гӯӣ, ки духтарат қаблан бакораташро аз даст додааст ва барои ин даъвоят чор шоҳид оварда натавонӣ, ҷурми зиноро бар ту воҷиб медонам ва барои фош сохтани сирри як мусалмон туро шаллоқ хоҳам зад! (Тибқи шариъати исломӣ барои тӯҳмат ба зино тӯҳматкунандаро дар байни мардум 80 шаллоқ-тозиёна мезананд).  

 

Масъали дуввум ва масъалаи асосие, ки рӯи он бисёр даъво мешавад, маҳри духтар аст. Ин маҳр ҳамон ҳаққест, ки Худованд барои зан ихтисос додааст ва амр кардааст, ки мард пеш аз издивоҷ ҳаққи маҳрияи зани ҳамсаршавандаашро муайян кунад ва пеш аз никоҳ ва ё баъд аз он дар ҳангоми зиндагӣ ин ҳақ (маҳри завҷааш)-ро ба зан бидиҳад.

 

Аз нигоҳи шариъати исломӣ пардохти маҳрия барои зан лозим аст. Маҳрия мояи дилҷӯӣ ва дилгармӣ барои зан ва дар ҳолати баъд аз талоқ дороии ӯ маҳсуб мешавад. Ҳар зане, ки бо ҳамсараш хилват карда бошад ва бо ӯ ҳамбистар шуда бошад, шавҳараш ҳаққи бозпас гирифтани маҳри додаашро надорад. Ҳатто баъд аз никоҳ ва дар сурати пеш аз хилвати дурусти онҳо духтарро талоқ бидиҳанд, шариъати исломӣ аз худ кардани нисфи маҳрро барои зан ҷоиз донистааст.

 

Худованди карим мефамояд: «Агар занонеро, ки бо онҳо наздикӣ накардаед ва маҳре барояшон муқаррар надоштаед, талоқ  гӯед, гуноҳе накардаед. Вале онҳоро ба чизе баҳраманд созед: тавонгар ба қадри тавонаш ва тангдаст ба қадри тавонаш баҳраманд созанд, ба ваҷҳе матлуб (урфи мардум). Ин корест шоистаи некӯкорон!» (Бақара, ояи 236).

 

Ва низ фармудааст: «Барои занони талоқшуда баҳра(маҳрия)-ест ба ваҷҳе матлуб (урфи мардум), чунонки лозим аст бар мардони парҳезгор!» (Бақара, ояи 241). Ӯ таъоло хитоб ба Паёмабараш (с) таъкид кардааст: «Эй паёмбар, агар занонро талоқ  медиҳед, ба вақти идда (ҳолати бемории занонро ба инобат гирифта) талоқашон диҳед. Ва шумори иддаро нигаҳ доред. Ва аз Худои якто- Парвардгоратон битарсед. Ва ононро аз хонаҳояшон берун накунед. Ва аз хона берун нараванд, магар он ки ба ошкоро коре зишт кунанд. Инҳо аҳкоми Худованд аст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, ба худ ситам кардааст!» (Талоқ, ояи 1). Бо ин вуҷуд гуфтан душвор аст, ки ҳангоми ду рӯзи ҳамхоба шудан духтар ҳомиладор шудааст ё хайр ва ин паҳлӯи дигари ин мавзӯъ аст.

 

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ агар як мард  духтареро ба занӣ бигирад ва баъд аз як рӯз ё ду рӯз бо ӯ ҳамхоба шудан духтарро бо баҳонаи нодухтар будан талоқ диҳад ва бар замми он аз соҳибонаш талаб кунад, ки пули сарф кардаашро бозпас гардонида диҳанд, чӣ хел мешавад?

 

 

 - Камолуддин Абдураззоқов, ҳуқуқшиноси ҷавони тоҷик дар ин маврид чунин назар дорад: «Аввалан ин кори баҳснок аст, дар чунин ҳолат суд далел талаб мекунад, аз нигоҳи ҳуқуқӣ мард барои талаб кардан ҳақ дорад, ҳеҷ кас ҳуқуқҳои ӯро маҳдуд накардааст. Валекин савол дигар аст, тариқи ситонидани маблағ! Маро фиреб доданд гуфта, агар тарафи дигарашро бинед, шартномаи аҳди никоҳ доштанашон лозим аст».

 

Шояд дар ҷаҳон духтаре набошад, ки орзуи арӯс шуданро дар дил напарварида бошад. Ё писаре ёфт нашавад, ки боре дар зиндагӣ нияти бо зебодухтаре хонадор шуданро орзу накрда бошад. Аммо бо ин ҳама орзуҳо ва ормонҳо мешавад гуфт, ки шахси оқил ва дурандеш аз доираи урфи мардум по фаротар ниҳода, худогоҳона ва бо ризоияти комил пардаи номусашро бо ғубори ифлосиҳои дигарон ганда кунад?!

 

Агар расми мардум, қонунҳои шаҳрвандӣ, аҳкоми шариъатҳои осмонӣ, ҳама якҷо барои аз даст додани бакорати духтар ҷазо таъин карда бошанд, ба духтар мисли коло муносибатро ҷоиз дониста бошанд, ки ҳаргоҳ ҳар кас бихоҳад бо ӯ издивоҷ кунад ва дониставу нодониста ӯро бо ҳар баҳонае аз хонаи умедаш, ҷавори шавҳари солҳо орзумекардааш, ҷудо кунанд, Худои таъоло, оне ки духтарро офаридааст ба қадри ин офаридаи худ мерасад ва рӯзе мешавад, ки ба ин махлуқи худ беҳтарин подошро медиҳад!!!

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4660-bakorat-va-hakorat-va-yo-shariat-dar-in-bora-chi-meguyad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854