ОЛИҲАИ ҲУСН – АСЛИҲАИ МУДҲИШИ МАРГОВАР
Аз оғози дунё неку бад гирифтори муқовиматанду роҳе, ки онҳоро ҷониби оштию таҳаммул барад нопайдост. Он ҷое, ки некӣ тухми меҳру шафқат, азамату шарофат ва осудагию фароҳат дар марзаи ҳаёти инсон мекорад, ҳатман нерӯҳои аҳримание арзи ҳастӣ мекунанд, ки бо абри тираю нопок ва ниятҳои ғаразнок сели офат сӯи киштаҳои неъматофарин мерезанд. Зеро онҳоро дасту амал аҳриманисту тиннат шайтонӣ. Ва чун аз тамоми бадтарин хислатҳо бархурдоранд, муяссарашон мегардад, ки авомро бифиребанд, арзишҳои неку бадро омехтаи ҳам созанд, падидаҳои муқаддасро бозичаи ниятҳои иблисонаашон кунанд.
Аз умумият ҷониби мушаххасот рӯ меорем. Калимаест маъмулу муқаддас – «шаҳид». Решаи аслиаш вожаи «шаҳада»-и арабӣ мебошад ва аз ҳамин ҷост ибораи «шаҳодат додан». Шаҳид - тибқи фармудаҳои қуръонӣ, инсонест, ки дар роҳи ҳифзи оила, Ватан, номус ва имони хеш дучори марги пуразоб гашта. Ҳаройина оне, ки ҳатто дар роҳи ислом мӯҷиби марги мардуми бегуноҳу осоишта мегардад, ҳеҷ гоҳ шаҳид шинохта нахоҳад шуд ва маконаш дар охират танҳо ҷаҳаннам аст. Бо вуҷуди ин, манфиатҷӯён ва гурӯҳҳои террористию моҷароҷӯ бо мақсади пурра намудани сафҳои худ истилоҳоти «шаҳид», «муҷоҳид», «сарбози ислом» ва ғайраро ба худ нисбат доданд ва ин амал пеш аз ҳама боиси иснодоварӣ ва бадномкунии дини мубини ислом дар байни ҷаҳониён гардид. Гузашта аз ин, ин аҳриманнажодон чун диданд тадобири амниятӣ дар нуқтаву мамолики нишонгирифтаашон тақвият меёбанд, роҳҳои ҷадиду мураккабтарро пеш гирифтанд.
Аз ҷумла, чун худ ифтихору шарафи мардонагиро аз даст додаанд, бадани манфуру ваҳшатафзои терроризмро зери либоси нафису чеҳраи маъсуми занона пинҳон сохтанд. Олиҳаи ҳусну малоҳат, модари мушфиқу муниси ҳаёти хушбахтонаро ба террористи худкуш - силоҳи зиндаи таркандаю марговар табдил доданд. Ва ин марги равонро асосан дар ҷойҳое истифода мебаранд, ки издиҳоми мардуми бегуноҳ, занону кӯдакон зиёд аст. Дар хиёбону фурӯшгоҳ, истгоҳу фурудгоҳ ва ғайра.
Истифодаи зан дар ин ҷода иттифоқӣ нест. Мақсаднок асту дақиқ тарроҳишуда. Собит шудааст, ки аз нигоҳи равонӣ занҳо осонтар зери таъсири тафаккури бегона қарор мегиранд. Ғайр аз ин, аксарияти занони шарқӣ табиатан ва аз лиҳози таълиму тарбияи суннатӣ хислати оҷиз ва фармонбардорона доранд. Шариати ислом низ аз зани мусулмон дар ҳама ҳолат тақозо мекунад, ки мутеъ ва иҷрокунандаи гуфтаҳои шавҳараш бошад. Маҳз ҳамин омил дар ҷалбу омода намудани занҳо дар амалҳои террористӣ бо баҳои ҷони худ васеъ истифода бурда мешавад.
Тибқи натиҷаи омӯзиши масъала, террористон бештар духтаронеро интихоб мекунанд, ки аз оилаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дучори мушкилот мебошанд, маълумоти кофии таълимгоҳии дунявӣ надоранд. Дар бисёр ҳолатҳо нисбати онҳо таҷовузи ҷинсиро (бо роҳи зӯроварӣ дар либосӣ қувваҳои интизомӣ, низомӣ ва ё амниятӣ) раво мебинанд ва бо ин роҳ онҳоро дар муқобили ҷомеа қарор дода, тадриҷан ба ниқоргирӣ омода месозанд.
Ё ин ки ҳадафи интихобшударо ба никоҳи яке аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ дароварда, ӯро зери таъсири шаддиди идеологӣ, аз ҷумла, инкори дунёи мавҷуд ва талқини ҳаёти босаодат дар дунёи баъдӣ қарор медиҳанд. Дар мағзи ӯ афкори хаёлотии шаҳодат дар роҳи ислом ва роҳат дар ҷаннатро ҷой мекунанд. Ҳодисаҳое низ ҷой доранд, ки ин духтарон аз ҷониби қумандонони сатҳи маҳаллӣ ба қумандонон-террористони бонуфузтар тӯҳфа шудаанд.
Аввалин занони худкуш дар Фаластину Чеченистон истифода шуданд. Мутаассифона, соли 2010 соле буд, ки зани тоҷик низ ба ин амали мудҳишу нанговар даст зад. Аввали соли 2000-ум дар ноҳияи Исфара панч нафар эмиссарони Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон пайдо шуданд, ки яке аз онҳо Расул Охунов, зодаи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Ҳамзамон бо ҷалби ҷавонони таҳҷоӣ ба сафи ҲИУ, Р. Охунов ба боварии сокини ноҳия, устои гаҳворасоз Ҷамолиддин Мирамонов ворид шуд ва охирин ба он нигаҳ накарда, ки шаҳрванди ӯзбекистонӣ дар ватани худ зану фарзанд дораду синну солаш ҳам калон аст, духтараш Мухтасархон Мирамоноваро ба ӯ бахшид.
Табиист, ки духтари 15-сола дар никоҳи марди аз худаш 17 сол бузургтар танҳо аъмолеро аз худ мекунад, ки барояш амр медиҳанд. Расул Охунов пинҳонӣ кирдорҳои ҷинояткорона ва зиддидавлатиро идома медоду Мухтасархон дар аксар корҳо, аз ҷумла пинҳон намудани яроқу аслиҳаи шавҳару ёронаш дар хонаи падараш кӯмак мекард. Соли 2006 дар Оши Қирғизистон зимни амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар Расул Охунов кушта шуд. Мухтасархон бо ду фарзандаш танҳо монд, вале хулосаи мантиқие набардошт. Баръакс зери таъсири афкори динситезона ҳаётӣ якҷояро бо дигар узви ҲИУ Насим Акрамов, яке аз ташкилкунандагони амалиёти террористӣ дар шаҳри Хуҷанд, ихтиёр кард.
Мухтасархон Мирамонова то он сатҳе таҳти таъсири ғояҳои бардурӯғу ваъдаҳои ондунёӣ қарор гирифта буд, ки қарзи худовандии барои зан муайяншуда – таълиму тарбияи фарзандро канор гузошта, даст ба яроқу аслиҳа зад, балки худ силоҳи дасти террористон шуд. Ӯ дар такрори амали дигар занҳои худкуш худро мунфаҷир сохт ва ду тифли маъсумро сағиру бесарпаноҳ гузошт. Ҳадя намудани Мухтасархон ба террорист ҳодисаи ягона нест. Дар охири солҳои 90-уми асри гузашта қумандонони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ як духтари 14-соларо ба пешвои ҷиноҳи низомии ҲИУ Ҷумъаи Намангонӣ тӯҳфа намуданд.
Номбурда баъди рафтан ба Афғонистон тӯҳфаашро бо худ бурд ва баъди марги ӯ ҳамсараш бо панҷ фарзанди ноболиғ гоҳе байни толибони Афғонистону муддате дар миёни террористони ҲИУ дар минтақаи Вазиристони Шимолии Покистон то ҳол сарсону саргардонанд. Номбурда метавонад ҳар лаҳза ҳамчун олоти марговари дасти террористон истифода гардад ва фарзандони кӯчакаш номзади муайяне барои пурра намудани сафи террористон дар ояндаи наздик мебошанд. Ҳамчунон, ҳастанд духтарони дигаре, ки бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷии ҳамсоя издивоҷ намудаанду имрӯз тақдири баъзеашон номаълум аст ва ба гурӯҳҳои шубҳанок пайвастани онҳо аз эҳтимол дур нест.
Равшан аст, ки баҳри дучор нашудани фарзандони мо ба ин бадбахтӣ, пеш аз ҳама онҳо бояд бо донишу саводи кофии дунявӣ мусаллаҳ бошанд. Он гоҳ аз таъсири ақоиди бегона, асиршавӣ ба доми сиёсатбозони манфиатҷӯ, ки арзишу муқаддасоти поку наҷибро бо манофею ниятҳои нопок омехта сохтаанд, эмин хоҳанд монд. Ва он, ки ин фарзандон рӯ ба роҳи фардои равшан мебаранд ё ба умеду хиёли раҳмати фардо, саргум дар торикию ҷаҳолат мегарданд, комилан аз тарбияи волидайн вобастааст. Бахусус дар рӯзҳои мо, ки исломи поки анъанавию суннатиамон бо равияю мазҳабҳои бегона махлут гашта, сиришту аслияти худро тадриҷан гум кардан дорад.
Саидорифи Низом, рӯзноманигор
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4661-olihai-husn-asliai-mudhishi-margovar.html