09:37:12 01-уми Июни 2025 сол

РӮЪЁҲОИ БИСТСОЛА ДАР САРЗАМИНИ КУЧАКИ ХУРШЕДНИШОН

Вақте ба нақшу нигори порчаҳои суннатӣ ва либосу кӯлоҳҳои маҳаллии тоҷикон бингарӣ, ҳама ҷо хуршед дар шаклҳои мухталиф ҷилва мекунад. Пажӯҳишгарон мегӯянд ин ба замони "меҳрпарастӣ" бармегардад, ки хуршед дар маркази боварҳои динии мардуми минтақа қарор дошт.

SomoniАммо хуршеде, ки бар сӯзаниҳо, тоқиҳо ва чаканҳои дастдӯзи тоҷикӣ дар тӯли таърих нақш андохта буд, имрӯз ҳам озини атрофи муҷассамаи Рӯдакӣ шуда ва ҳамчун машъале бар пайкараи Исмоъили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Душанбе нишастааст. Аммо бо ин ҳама ҳанӯз раванди ҳувиятёбӣ ҳанӯз пас аз бист соли истиқлол дар Тоҷикистон ба поён нарасидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияе кӯҳистонӣ ва офтобӣ аст, ки байни дарёи хурӯшони Омӯ (Ҷайҳун) ва рӯди оромтари Сир (Сайҳун) дар соли 1924 ба унвони як ҷумҳурии худмухтор дар даруни ҷумҳурии Ӯзбакистон бино гузошта шуд ва дар соли 1929 худ ҷумҳурии мустақили сусиёлистии шӯравӣ шуд.

Тоҷикистон дар замони фурӯпошӣ ва ҷудоии ҷамоҳири шӯроҳо (1991), барои ёфтани ҳувияти таърихии худ чунон дучори ошуфтагӣ ва чандпорагӣ шуд, ки бурунрафт аз он танҳо бо ҷангу хуни шумори зиёде аз мардум ва фақру фалокати ҳамагонӣ муяассар шуд.

Аммо акнун нуздаҳ сол баъд аз оғози ҷанги дохилӣ ва наздик ба 14 сол пас аз имзои мувофиқатномаи сулҳ байни ҳизби ҳокими "халқи демукрот" ва нерӯҳои исломӣ (Ҳизби Наҳзати Исломӣ), ки ба поёни даргириҳо мунҷар шуд, бо Тоҷикистоне дигар рӯбарӯ ҳастем. Тоҷикистоне, ки монанди солҳои охири Шӯравӣ ба навъе оромиш ва субот даст ёфта ва зиндагӣ ва умед ба дастикам бахшҳое аз ҷомеъа роҳ ёфтааст.

Имрӯза бахусус шаҳри Душанбе (пойтахт) дар ҳоли тағйир аст. Мағозаҳо ва сохтмонҳо, утубусҳо ва мошинҳои саворӣ нав шудаанд ва марокизи тиҷорӣ ва бонкҳо дар гӯшаву канори шаҳр сар ба осмон кашидаанд. Ҳоло ин шаҳр ба умеди бисёре аз тоҷикони рустоҳои кишвар табдил шуда, ки барои ёфтани кор ба онҷо меоянд.

Аммо ёфтани кор дар Душанбе осон нест. Бисёре аз ҷавонони ин шаҳр ва дигар манотиқи кишвар барои ёфтани коре беҳтар ба Русия ва дигар кишварҳо муҳоҷират мекунанд ва ин дар ҳолест, ки Чин коргаронашро аз он кишвар ба Тоҷикистон меоварад, то қарордодҳои иқтисодии бузурги худро бо ин ҳамсояи кучаки худ амалӣ кунад; ва дар канори мушкилоти дигар ин яке аз далоил барои вуҷуди танишҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ бар ҷомеъаи Тоҷикистон аст.

Имрӯз кам нестанд тоҷиконе, ки бо вуҷуди беҳбуди нисбии шароит нисбат ба чанд сол пеш ҳамчунон хоҳони тағйир ва беҳсозии шароити сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ҳастанд, бахусус, ки сатҳи ҳуқуқҳои расмӣ дар муқобили қиматҳои болои маводди ғизоӣ ва маскан бисёр пойин аст он ҳам барои мардуме, ки ҳанӯз маскани маҷонӣ, доштани кор ва қиматҳои нозил ва собити замони Шӯравиро ба ёд доранд.

Ҳаводиси сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистони бист соли гузашта бисёр будааст; аммо гӯйӣ тағйироти пай дар пай дар майдони аслии шаҳр, ки замоне "майдони Ленин" ном дошт, намоёнгари тағйир дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Дар қалби шаҳри Душанбе, ки то авосити даҳаи шаст "Сталинобод" номида мешуд, муҷассамаи Ленин қарор дошт. Дар соли 1991 бо кӯшиши теъдоде аз рӯшанфикрон, ки дар он замон миллигаро буданд, муҷассамаи бузурги Фирдавсӣ ҷойи Ленинро гирифт, аммо муҷассамаи Ленин ба ҳаёти худ дар Тоҷикистон идома дод ва танҳо аз маркази шаҳр ба ҳошияи он интиқол ёфт. Баъд аз ҷанги дохилӣ ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтанд муҷассамаи Фирдавсиро ҳам ба порке дуртар аз маркази шаҳр мунтақил кунанд ва муҷассамае бузург аз шоҳ Исмоъили Сомонӣ, ки ҳазор сол пеш ҳукумате ба қавли онҳо тоҷикӣ дар Бухоро ташкил дода буд, ба ҷойи ӯ бинишонанд.

Агарчи имрӯз Бухоро хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон қарор дорад ва ҳатто сафар ба он барои Тоҷикон бисёр душвор аст, аммо пойтахти маънавӣ ва ғойибона (аз роҳи дур)-и тоҷикзабонон шумурда ва Исмоъили Сомонӣ ҳам падари маънавии забони тоҷикӣ маҳсуб мешавад. Дар давраи Шӯравӣ як "Ленини кучактар" ҳам дар лобалои дарахтони порки муҷовири муҷассама мезист.

Аз Ленин то Рӯдакӣ, аз Рӯдаки то...

rudaki-park-replacinДар он давра баҳсҳои доғе вуҷуд дошт, ки оё Ленин аз зиндагии мардуми тоҷик бакул ҳазф шавад ё ба унвони бахше аз таърихи кишвар идомаи ҳузур дошта бошад. Аммо билохира ин муҷассамаи Ленин ҳам ҷояшро ба Рӯдакӣ дод, ки имрӯз пушти муҷассамаи Исмоъили Сомонӣ зери тоқи намое бо нақшҳои хуршедӣ ва дар канори ҳавзе бузург ба ҷаҳони ҷадиди тоҷикон менигарад. Каме дуртар ҳам кохи ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ сохта шуда, ки нурпардозии шабона ба он дар канори муҷассамаи Исмоъили Сомонӣ ва Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ фазои тамоман русии шаҳри Душанберо тағйир дода ва як фазои ошнотари шарқӣ ба вуҷуд овардааст.

Дар наздикии ҳамин порк ҳам китобхонае бузург сохта мешавад, ки сохтмони он ҳанӯз ниматамом аст. Агарчи китобхонаи Фирдавсӣ, ки дар замони Шӯравӣ сохта шуда, каме дуртар аз ин майдон, ҳанӯз марказе бузург ва қобили эътимод барои пажӯҳишгарони дохилӣ ва хориҷӣ аст, нозирини сохтани китобхонаи ҷадиди Душанберо илҳомгирифта аз китобхонаи "Ҷунди Шопур" таъбир мекунанд, ки дар маҷмуъаи сохтмонҳои давлатии замони Сосониён қарор дошт.

Тағйир ва таҳаввули чанд соли гузашта дар Душанбе ва дар Тоҷикистон танҳо дар сохтмонҳои давлатӣ, ки чеҳраи шаҳрро аз як фазои комилан русӣ ба як шаҳри мудерн бо аносири меъмории гоҳо шарқӣ табдил кардааст, хулоса намешавад. Боварҳои мардуми Тоҷикистон ҳам дар ҳоли тағйир аст. Дар ҳоле ки рӯшанфикрони тоҷик бо кӯшишҳои худ бовар ба ҳувияти миллии тоҷикиро ташдид кардаанд, ислом ба унвони дини суннатии тоҷикон, бо кумак ё бидуни кумаки аҳзоби исломгаро дар Тоҷикистон густариш ёфта бар иддаи занони муҳаҷҷаба ва мардони ҷавон бо зоҳири исломӣ дар канори онҳое, ки зоҳири урупоӣ доранд, афзуда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, соли 2009-ро ба унвони соли имоми Аъзам (Абӯҳанифа, бунёнгузори мазҳаби суннии ҳанафӣ) эълом кард.

Афзоиши исломгароӣ боъис шуд, ки шуморе аз ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мадориси исломӣ ба кишварҳои дигар бираванд, аммо оқои Раҳмон тайи фармоне соли гузашта аз ин афрод хост, ки ба кишвар баргарданд. Оқои Раҳмон ба хонаводаҳои онҳо тавсия кард нагузоранд фарзандони онҳо ба ифротгароӣ кашида шаванд.

Гунбади фирӯзаии масҷиди ҷомеъи Душанбе ҳам имрӯз ба шаҳр ҷилваи ҷадиде дода ва масоҷиди маҳаллаҳои мухталиф фаъол ва маҳалли иҷтимоъ аст. Ин дар ҳолест, ки рестуронҳо, дискуҳо ва ҳатто клубҳои шабона ҳам дар Тоҷикистон доир аст.

Нажоди ориёӣ ва забону фарҳанги форсӣ

Дар канори ҳамаи инҳо мақомоти олӣ ва бахусус раиси ҷумҳурӣ бошиддат ва ҳиддат дар "ориёӣ будани" тоҷикон мекунанд ва аз ҳамин рӯ равобити расмии ин давлат бо кишварҳои Эрон ва Афғонистон бар асоси ин ҳамнажодӣ густариш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки равобит бо Русия, ки тайи даҳҳо ҷойи пойи бисёр қавитар дар Тоҷикистон дошт рӯ ба сардӣ аст. Ба гуфтаи нозирон шояд қарордоди мавҷуд бо Русия барои ҳифозат аз марзҳои Тоҷикистон тамдид нашавад ва ҷои Русияро нерӯҳои дигар ва ҳатто омрикоиҳо бигиранд. Аз назари иқтисодӣ ба назар мерасад Чин ва Туркия ва Эрон ҳам ҷои Русияро танг карда бошанд. Имрӯз басахтӣ метавон дар Душанбе утумубилҳои "Лада"-и русиро дид, ки то даҳ сол пеш аксарияти мошинҳои ин шаҳрро ташкил медоданд.

Агар бист сол пеш эронӣ будан ва забони форсӣ дар Тоҷикистон чизе ғариб ва ношинохта буд ва аксари мардум ба лаҳҷаи форсӣ ба унвони забоне "номаънус ва ноошно" ба русӣ посух медоданд, имрӯз бисёре аз тоҷикон ба эрониён бо лаҳҷаи форсӣ гуфтугӯ мекунанд ва эронӣ будан дар Душанбе дигар масъалае ошност. Фарҳанги ғизоии эронӣ ҳам ҳадди ақал дар канори дигар ғизоҳо зоҳир шуда ва дар канори хӯрокҳои русӣ, ӯзбакӣ, тоторӣ ва гурҷӣ, ки дар он солҳо бисёр маъмултар буд, тарафдорони худро дорад. Теъдоде аз донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба Теҳрон мераванд ва теъдоди донишҷӯёни эроние, ки дар Тоҷикистон машғули таҳсил шудаанд, афзоиш ёфта ва ҳатто издивоҷҳое байни эрониён ва тоҷикон сурат гирифтааст.

Имрӯз комилан мутафовит бо бист сол пеш Тоҷикистон баъд аз таҷрубаи талхи ҷанг ба худ омада ва роҳҳое барои созандагӣ меҷӯяд. Тоҷикон аз пиру ҷавон бо ифтихори тоҷикӣ суҳбат ва баҳс мекунанд ва ба корҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ машғуланд, агарчи ба назар мерасад, ки ҷомеъа ҳанӯз худро ниёзманди тағйири бештар бахусус дар масире демукротик мебинад.

Ин ки то имрӯз наздик ба бист сол баъд аз фурӯпошии Ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои мустақили ин ҷумҳурӣ барои табдили худ ба "кишваре куҳансол" бо "савобиқи дерпои" фарҳангӣ, адабӣ ва девонсолорӣ дар лобалои хости таърихӣ ба дунболи ҳувият буда ва роҳҳое барои он ёфтаанд, нуктае шинохташуда аст. Аммо ин ки онҳо то чи ҳад дар истифода ва бакоргирии он дар "миллатсозӣ" ва "давлатсозӣ" муваффақ будаанд, аз ҷумҳурӣ то ҷумҳурӣ мутафовит аст.

Сохтори қавмии Иттиҳоди Шӯравӣ ва кӯчҳои иҷборӣ ва ихтиёрӣ ва издивоҷҳои байниқавмӣ дар бузургтарин ва аз назари нажодӣ мутанаввеътарин кишвари ҷаҳон чунон олёжи зарифе аз нажод ва ойину мазҳаб ва фарҳанг сохта буд, ки ҷудосозии аносири аввалияи он то имрӯз кимиёгароне чирадаст металабад. Бо вуҷуди кӯшишҳои бисёри солҳои гузашта барои пешрафти ҷомеъа ҳанӯз дар Тоҷикистон аз назари қавмгароӣ ва маҳалгароӣ нобасамониҳое дида мешавад ва фақат таърих ба ин суол посух хоҳад дод, ки Тоҷикистони имрӯз дар куҷои ин раванди таърихӣ истодааст.

Алии Аттор, Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854