МАВЛОН МУХТОРОВ: ҚУРЪОН НИЗ ПУРРА ТАШХИС КАРДА МЕШАВАД
Тибқи иттилоъи Маҳмадулло Асадуллоев - сардори дафтари матбуъотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, имсол низ кормандони мақомоти ВКД дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва бештар дар ҳудуди вилояти Суғд теъдоди зиёди адабиёти мамнуъа ва варақаҳои таблиғиро ошкору мусодира намудаанд. Дар миёни адабиёти мусодирашуда китобҳои «Ал-ваъй, «Ҷиҳод», «Ҳизбуттаҳрир» ва ғайра будаанд.
Аммо дар ин самт мушкилоти дигаре пешорӯи шаҳрвандони алоҳида бархостааст, ки ниёз ба посухгӯӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор доранд. Афроди зиёде дар мавриди мушкилоташон оиди ворид намудани адабиёт бо хатти порсӣ дар нуқоти гумрукии кишвар ҳарф мезананду ба куҷо ва аз кӣ ҷустани роҳи ҳалли ниҳоии онро ҷӯё ҳастанд.
Аз ҷумла шаҳрванд Сайиди Муҳаммадӣ мегӯяд: - Борҳо бо ин мушкил дар гумрукхонаи бандари Панҷ азият шудаам. Дафъаи охир, ки омадам китобҳои зиёде роҷеъ ба адабиёт, таърих ва таҳқиқ доштам. Мутаассифона, дар ин нуқтаи гумрукӣ як фарде, ки арабидон ё форсихон бошад, пайдо нест. Тасаввур кунед, маро маҷбӯр карданд, ки барои китобчаи «Чистонҳо», «Таърихи адабиёти Афғонистон», «Девони Ҷаҳонмаликхотун» ва ғайра аз Вазорати фарҳанг санад орам. Ҳарчанд ба онҳо чистонҳоро мехондам, аз китобҳо пораҳояшонро хонда мефаҳмондам, гапашон як буд: «Ҳақи бурдани ин китобҳоро бе иҷозаи Вазорати фарҳанг (он замон Кумитаи дин дар назди фарҳанг буд) надорӣ!»
Ночор ба шаҳр омада, барои китобҳоям иҷозатнома гирифтам. Дар Вазорат ба ин ҳол албатта изҳори таассуф намуданд. Чанд рӯз баъд рафта китобҳоямро овардам. То бандари Панҷ рафту баргашт барои як нафар 50 доллар аст.
Беҳтар аст, ки Кумитаи дин намояндаҳои вижаи худро дар нуқоти гумрукии кишвар ба кор монад, то мусофирон барои ворид намудани китобҳои шеъру адабиёту таъриху амсоли инҳо сарсону саргардон нашаванд. Ба фикрам Қонун ин гуна китобҳоро алҳол манъ накардааст!
Ба суоли омӯзгор Валиҷон Кабиров дар мавриди ин, ки «Оё бо ёфтани танҳо адабиёти мамнуъа, дар сурате, ки шахс узви ҳаракату ҳизбе нест, ки ин адабиёт марбути он ҳастанд, метавон ӯро боздошту зиндонӣ кард?» - Маҳмадулло Асадуллоев гуфт: - Пайдо шудани як донаӣ аз ин гуна китобҳо аз хонаи шахс ҳанӯз исботи салафӣ ё таҳрирӣ ва амсоли инҳо будани ӯ нест, аммо заминаи аввалияи тафтишро нисбати он шахс фароҳам меоварад.
Дар ин сурат, шахс мавриди тафтиш қарор мегирад, аммо ин маънои ҳабс шудани онро надорад. Агар аз як китоб чанд дона мавҷуд бошад, онгоҳ ин маънои онро дорад, ки шахс мубаллиғу паҳнкунандаи он ба ҳисоб меравад. Барои омӯзиш хондани ин гуна адабиёт ҷурм нест, ба шарти он, ки таблиғ сурат нагирад. Дар мавриди мушкилоти гумрукӣ Асадуллоев гуфт: -Ман наметавонам дар ин маврид изҳори ақида кунам, лекин ворид намудани чунин адабиёт қонунан мамнуъ аст.
Аммо роҷеъ ба суоли ин, ки «Агар шахс мехоҳад дар мавриди таърихи пайдоиши ин гуна равияҳо, оқибатҳои зарарноки онҳо асари таҳқиқие бинависад, аз куҷо бояд онҳоро дастрас кунад?» муҳаққиқ С. Назар чунин андеша дорад:
- Дар ин ҳол ду роҳи ҳалли мушкилӣ вуҷуд дорад. Яке ин, ки дар назди Кумитаи оид ба корҳои динӣ пажӯҳишгоҳе таъсис шавад, ки тамоми адабиёти мамнуъаро дошта бошад ва муҳаққиқону донишмандон битавонанд аз он дар корҳои таълифии худ истифода кунанд. Дуввум, дар назди Кумитаи мазкур шӯъбае ташкил шавад, ки битавонад ба шахси муроҷеъ, ки нияти таҳқиқи асаре дар радди ин гуна равияҳоро дорад, санаде диҳанд, ки дар он телефони шуъба, имзои шахси масъул ва иҷозаи овардани як донаӣ аз ҳар кадоми он китобҳо зикр шуда бошад, то дар гумрук ҳангоми ворид кардан нишон додани он санад корро осон кунад. Нафари гумрук мустақиман бо телефони ҳамешаамали дар санад зикршуда номи оварандаи китобро меорад ва тасдиқ ё инкори мутахассисро ба даст меорад. Дар шӯъбаи Кумита бошад, қаблан ному насабу суроғаву чи кора будани ӯву бо чӣ ният овардани адабиёти зарурияш сабт мегардад. Ин пешниҳод аст.
Дар робита ба суоли боло Мавлон Мухторов – яке аз масъулони Кумитаи оид ба корҳои динӣ гуфт: -Ҳамагуна адабиёти таъиноти динӣ дошта, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад ва ё аз ҷумҳурӣ хориҷ мешавад, тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳатман аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштанаш даркор ва хулосаи худро дар ин замина бояд дошта бошад. Албатта, шахс метавонад бо маводҳои интернетӣ шинос шавад, аммо онҳоро паҳн накунад.
- Ҷаноби Мухторов, оё Кумитаи оид ба корҳои дин номгӯи чунин адабиёти динии мамнӯъшударо мушаххас кардааст?
- Не, Кумитаи оид ба корҳои дин то ҳанӯз номгӯи адабиёти динии мамнӯъшударо мушаххас накардааст.
- Бо дар назардошти он, ки мақомоти Гумрук бе хулосаи ташхиси диншиносӣ аз шумо иҷозати ворид кардани адабиёти диниро ба мардум намедиҳанд, лутфан мегуфтед, ки тақдири ҳамон адабиёти мамнуъшудае, ки аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин мусодира мешаванд, чӣ мешавад? Оё онҳо сӯзонида мешаванд, ё бо роҳҳои дигар нобуд карда мешаванд ва ё ин ки барои рӯзи мабодо дар махзан ё китобхонае нигаҳдорӣ мешаванд?
- Ин вобаста аз он ки аз куҷо пешниҳод карда мешаванд, агар ин гуна адабиёт аз ҷониби сохторҳои қудратӣ мусодира шуда бошаду онҳо адабиёти мазкурро барои ташхис ба мо пешниҳод карда бошанд, дар ин сурат баъд аз ташхис, мо онҳоро бо хулосаи ташхиси диншиносӣ, ба мақомоти мазкур бармегардонем. Агар чунин адабиётро масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин дар якҷоягӣ бо комиссия дар рафти тафтиш ва санҷиш аз кӯча мусодира намоянд, мо онҳоро мусодира мекунем ва ният дорем, ки дар оянда як китобхона ташкил намоем ва тамоми он адабиёт дар он китобхона нигаҳдорӣ хоҳад шуд.
- То ҷое, ки мо иттилоъ дорем дар Кумитаи оид ба корҳои дин, ҳатто Қуръони каримро низ ташхис мекунанд, мегуфтед, ки Шумо Қуръони маҷидро ҷумла ба ҷумла ва аз нигоҳи эъроб (гузоштани зеру забари ва умуман аломатгузорӣ дар Қуръон) пурра ташхис мекунед ё хайр?
- Қуръони карим аз нигоҳи мазмун ва аслияти он пурра ташхис карда мешавад, зеру забар чандон муҳим нест, лекин оятҳо бояд, ки пурра бошанд. Чӣ хеле, ки дар асли Қуръон омадагӣ бояд, ки онҳо пурра бошанд. Баъзе Қуръонҳои чопи Покистон ҳастанд, ки хоно нестанд, сифати хуб ҳам надоранд ва баъзан баъзе чизҳо низ фаромӯш шудааст. Ба ҳамин хотир мо бо ин хел сифат онҳоро иҷозат намедиҳам.
- Дар боло ишора кардед, ки шумо ба зеру забар чандон аҳамият намедиҳед, яъне масалан мо дар Қуръони карим ҷойҳои баҳсноке дорем, ки бо иваз кардани зеру забар маънӣ тағйир меёбад ва калима ва ё вожаи мавриди назар баҳспазир мешавад, пас бигӯед, ки мо дар ояи 5 сураи Моида, мо вожаеро бо забар яъне «Арҷулакум» хонда, дар вақти вузӯ кардан мо пойҳоямонро мешӯем ва бародарони шиъии мо айнан ҳамин вожаро бо зер, яъне «Арҷуликум» мехонанд ва онҳо дар вақти вузӯ кардан бар хилофи мо пойҳояшонро ба монанди сар масҳ мекунанд, пас мегуфтед, дар ана ҳамин хел маврид шумо чӣ кор мекунед?
- Не, албатта агар ин хел мазмунҳои ҷиддӣ ва баҳсӣ дошта бошанд, ҳатман ба инобат гирифта мешаванд, баъзан мешавад, ки ҳамон зеру забар қасдан не, балки ба таври механикӣ фаромӯш шудааст, дар ин ҳолат мо ин чизҳоро сарфи назар мекунем(!).
Ҳамзамон дар ин маврид ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муроҷиат карда, суолҳои дар боло зикр шударо низ ба онҳо ироа кардем. Аз ин Кумита ба мо гуфтанд, ки ҳама он чизе, ки Кумитаи оид ба корҳои дин дар ин маврид мегӯяд, он ҳукми қонунӣ дорад ва аз тафсилоти бештар худдорӣ карданд.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Шарҳҳо
Захар 07.04.2011 20:32
Кандота зан саломат боши лекин боб карди Акаи (хабар-нигор) Кумитаи оид ба корҳои дин-ро Мавлон Мухторов -ро маълум шуд бесаводиашон (бывшый ком….о ) Ки инхоро дар кумита рах додаст . – барои чи Ки олимон ва пешвоёни бузурге дорем аз онхо интихоб нашудаанд дар ин вазифахо бошанд ( не барои вазифа бесаводо-хам мешавад, ха ха ха ( боз шарм намедорад шармандаги аз ин дигар намешавад ! хайфи ту Маҳмадулло Асадуллоев)
Саволи : Акаи (хабар-нигор: Дар боло ишора кардед, ки шумо ба зеру забар чандон аҳамият намедиҳед, яъне масалан мо дар Қуръони карим ҷойҳои баҳсноке дорем, ки бо иваз кардани зеру забар маънӣ тағйир меёбад ва калима ва ё вожаи мавриди назар баҳспазир мешавад, пас бигӯед, ки
Чавоби: Мавлон Мухторов: - Не, албатта агар ин хел мазмунҳои ҷиддӣ ва баҳсӣ дошта бошанд,
Саволи : Акаи (хабар-нигор: Дар боло ишора кардед, ки шумо ба зеру забар чандон аҳамият намедиҳед, яъне масалан мо дар Қуръони карим ҷойҳои баҳсноке дорем, ки бо иваз кардани зеру забар маънӣ тағйир меёбад ва калима ва ё вожаи мавриди назар баҳспазир мешавад, пас бигӯед, ки
Чавоби: Маҳмадулло Асадуллоев : - Не, албатта агар ин хел мазмунҳои ҷиддӣ ва баҳсӣ дошта бошанд, ҳатман ба инобат гирифта мешаванд, баъзан мешавад, ки ҳамон зеру забар қасдан не, балки ба таври механикӣ фаромӯш шудааст, дар ин ҳолат мо ин чизҳоро сарфи назар мекунем(!).
RSS Обуна