04:24:11 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ: «ВАТАНАМ ТОҶИКИСТОН»

Хонандагони синфи шаши мактабҳои қирғиззабони Тоҷикистон аввалин баҳои ҷамъбастиро барои чоряки саввум аз фанни барояшон ҷадид «Таърихи Тоҷикистон» гирифтанд.  Ин фан ҳамагӣ се моҳ аст, ки дар мактабҳои қирғиззабони Тоҷикистон таълим дода мешавад. То соли нави мелодии 2011 дар  мактабҳои қирғиззабони Тоҷикистон  ба ҷои ин дарс фанни «Таърихи Қирғизистон» таълим дода мешуд.

maktab rashtДар сӯҳбат бо мо директори Маркази таҳия, нашр ва муомилаи китоҳои дарсии илмиву методии Вазорати маориф Маҳмуд Шоев гуфт, ки  тарҷумаи  китобҳои дарсии «Таърихи Тоҷикистон» ба забонҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманиро вазорати  маорифи Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аллакай китобҳои «Таърихи Тоҷикистон» барои синфҳои шаш ва ҳафти мактабҳои қирғизӣ  тарҷума шуда ба дасти хонандагони ноҳияҳои Ҷиргатол ва Мурғоби Тоҷикистон расидаанд. Тарҷумаи китобҳои таълимии «Таърихи Тоҷикистон» барои синфҳои мухталифи мактабҳои ӯзбекзабон ва туркманзабон низ  дар арафаи анҷомёбист.

Тарҷумонҳои ин китобҳои таълимӣ  аксаран муаллимони соҳибтаҷрибаи донандаи забонҳои ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон мебошанд. Ин китобҳоро Бунёди Байналмилалии Мусоидат ба кӯмакҳои Башардӯстона ( Международный Фонд Гуманитарного Содействия) харидорӣ карда ба хонандагони мактабҳо ройгон тавзеҳ менамоянд.

Акнун вазорати маорифи кишвар тасмим гирифтааст, ки китобҳои дарсии забони модарӣ ва адабиётро низ барои мактабҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва шароиту муҳити Тоҷикистон  таҳия намуда ба ҷараёни таълим ворид созад.

Далер Сафаров, «Рӯзгор» аз минтақаи Рашт



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi