06:33:08 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ҶАМЪБАСТИ НАТОИҶИ НАЗАРСАНҶИИ НАВБАТИИ СОМОНАИ «РӮЗГОР»

Сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» 24-уми декабри соли 2010 Лоиҳаи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба нашр расонда дар мавзӯи «Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 1-уми январи соли ҷорӣ то 12-уми апрел назарпурсӣ доир кард, ки тӯли ин муддат 268 нафар муштарии сомона доир ба шаш  намуд ҷавоби эҳтимолӣ оиди ин мавзӯъ ҷонибдор ва  ё мухолиф будани худро бо ин натиҷаҳо изҳор доштаанд:

/images/stories/2011/04/12_nazarsanji_456566.jpgТарафдори посухи «ҷомеа ба он эҳтиёҷ надорад» аз ҳама бештар 74 нафар будаанд, ки ин 27.6%-ро аз шумораи умумии назардодагон ташкил медиҳад.

Посухи «ба афзоиши ришвахорӣ мусоидат мекунад»-ро 56 нафар тарафдорӣ кардаанд, ки ин 20.9%-и иштирокчиён дар ин назрсанҷиро ташкил медиҳад.

Чилу шаш нафар ё худ 17.2% аз ибрози назаркардагон посухи «дар будан ва набуданаш зарар ва ё фоидаро намебинам»-ро интихоб кардаанд.

/images/stories/2011/04/12_nazarsanji_456577.jpgЧилу як нафар ё худ 15.3%-и ширкаткунандаи ин назарсанҷи назар додаанд, ки Қонун «саривақтӣ ва талаби замон аст».                    

Сиву як нафар ё ин ки 11.6% -и посухдодагон мӯътақиданд, ки Қонун «сатҳи тарбияи насли наврасро болотар мебардорад».

Бист нафар ё ин ки 7.5% овоздодагон бар ин назаранд, ки ин Қонун «масъулияти мактабу маорифро дар тарбия коҳиш медиҳад».

Дар тӯли қариб панҷ моҳи баъди ба нашр расидани Лоиҳаи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар сомонаи мо доир ба ин мавзӯъ хабару мақола ва фикру андешаҳои гуногунмазмуни зиёде дарҷ гардидаанд, ки дар сурати майл доштани муштарӣ ин маводҳо барояш аз гӯшаи «Ҷустуҷӯ»-и сомона қобили дарёфтанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi