10:12:56 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

АЗ РӮЗГОРИ ТАБИБОНИ ҲОЗИҚ: НАВРӮЗ ИКРОМОВ

Наврӯз Икромов соли 1963 ба дунё омада, мактаби миёнаи зодгоҳашро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонидааст. Ӯ аз хурдӣ дар дил орзӯи табиб шуданро дошт. Шабу рӯз фикри  чӣ тавр табиб шуданро мекард.

navruz-ikromov212121.jpgХуд ба худ мегуфт, ки «чӣ бояд кард, ки ман ҳам ба мисли табибони машҳури даврон табиб шавам кунам». Чунин орзуҳои ширини ҷавонӣ ӯро дар баҳри пуртуғёну беканори касби табибӣ мекашонид. Наврӯз Раҷабович бо иродаи қавияш назди худ мақсад гузошт, ки ҳатман табиб хоҳад шуд: «Агар ман табиб шавам ба ҳамаи беморон, иншоаллоҳ, шифо хоҳам бахшид», – мегуфт худ ба худ ӯ.

Соли 1979 бо ҳамин мақсад баъди хатми мактаби миёна ба Институти давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Синои пойтахт дохил шуда, пайваста мекӯшид, ки аз устодонаш илми тибро пурра аз худ намояд. Ӯ медонист, ки беморро дар навбати аввал бо сухан, дуввум бо дорӯ ва дар ниҳояти кор бо воситаи ҷарроҳӣ бояд табобат кард.

Чунки муомилаву муоширати хуб дар байни табиб ва бемор барои табобат кардан нақши асосӣ мебозад. Наврӯз Икромов ба донишу малакаи омӯхтаи худ пурра боварӣ дошт. Ҳамин буд, ки соли 1989 ӯ баъди хатми Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба кор омада, ба касби дӯстдоштааш – табибӣ машғул мешавад.

Аз соли 1989 то инҷониб ӯ дар шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов кору фаъолият карда истодааст. Зиёда аз 22 сол аст, ки ӯ ба беморони сироятӣ сару кор гирифта, онҳоро пайваста табобат мекунад. Ҳар рӯз Наврӯз Икромов бо беморони бемориҳои гуногуни сироятидошта рӯ ба рӯ шуда, бар зидди маризиҳои онҳо мубориза мебарад.

Аввал ӯ ҳамаи касалиҳои оризаҳои сироятшударо дида, ташхис намуда, бемориҳояшонро аниқ карда, баъдан ба табобати ҷиддиашон машғул мешавад. Ҳолатҳои низ буданд, ки ӯ бо марг даст ба гиребон гашта, беморро аз чанголи он наҷот додааст. Бо маҳорати баланди кордонӣ ӯ дар байни коллективи Беморхона соҳиби обрӯ гаштааст. Ҳамин кордонии ӯст, ки садҳо беморон аз дасти ӯ шифо ёфтаву ҳамеша эҳтиромаш менамоянд.

Н. Икромов дар баробари табиб буданаш, барои фарзандонаш ҳам падари мушфиқу меҳрубон  низ мебошад. Ӯ низ чун дигар падарон фарзандҳои азизашро бо ҳазор меҳри падарӣ тарбия карда, ба воя расонидааст. Духтаронаш Маҳинаву Шаҳодат  дар курсҳои 2-юм ва 4-уми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Духтари сеюмаш – Гулшода низ ният дорад, ки давомдиҳандаи касби падар бошад.

Сардори шӯъбаи сироятии Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон – Акрам Шералиев дар қатори табибоне чун Анвар Бӯриев, Искандаршоҳ Зоиров номи Наврӯз Икромовро низ бо эҳтиром ба забон оварда, аз кордониву табиби ҳозиқ будани ӯ ифтихор менамояд.

Ин ҳама суханҳо далели он аст, ки Наврӯз Икромов дар ҳаёт бо усули табобат кардану муомилаи нек доштанаш бо беморон ҳамчун инсони комил рисолати табибии худро иҷро кардааст. Мардуми ин диёр бо номи чунин шахсиятҳои содиқу меҳрубон меболанду номи некашонро дар дил ҷовидонӣ ҷой медиҳанд.

Раҷабалӣ Худоёров, Қӯрғонтеппа, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi