ШЕЪРДӮСТ: ЧАРО ИҶОЗАИ ТАЪСИСИ МАДОРИСИ ЭРОНИРО НАМЕДИҲЕД?
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, аз вуҷуди мавонеъи мухталиф дар роҳи таъсиси мадориси эронӣ дар ин кишвар ибрози таассуф кардааст. Вай аз мақомоти Тоҷикистон хостааст рӯшан кунанд, ки чаро бо вуҷуди "ишқу алоқаи зиёди мардуми тоҷик ба Эрон" таъсиси мадориси эронӣ дар ин "кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг" номумкин будааст.
Ба гуфтаи оқои Шеърдӯст, то кунун 10 муассисаи давлатӣ ва хусусии Эрон барои таъсиси мактабҳо ва шӯъбаҳои донишгоҳҳои эронӣ дар Тоҷикистон ибрози омодагӣ кардаанд, аммо "бисёр ҷойи таассуф аст, ки то расидан ба ин ҳадаф роҳи сахту душворе дар пеш аст."
Сойти инглисии Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, ИРНО, аз қавли оқои Шеърдӯст овардааст: "Чаро дар сарзамине, ки мардумаш Эрон ва миллати Эронро дӯст доранд ва ҳар фардаш, чи фарҳехта ва чи касоне, ки дар марокизи илмию омӯзишӣ фаъолият надоранд, ҳамагӣ, муҳаббат ба Эронро навъе ормон ва ифтихори худ медонанд, тавсеъаи мадорис ва мактабҳои эронӣ номумкин будааст?"
Сафири Эрон ин суханонро рӯзи ҷумъаи 10 июн зимни суханронӣ дар ҳамоише дар ҳузури намояндагони сафорат ва ройзании фарҳангии Эрон, сафири Афғонистон ва кормандони муассисоти дигари эронӣ дар Тоҷикистон иброз доштааст. Вай афзудааст: "Ин орзӯи ҳар тоҷик аст, ки фарзандонаш дар як мактаб ё мадрасаи эронӣ таҳсил кунанд. Аз ин рӯ, ҳеч гуна санад ё мусаввабаи давлатӣ набояд аз расидан ба ин орзӯ монеъ шавад."
Сафири Эрон ибрози умедворӣ карда, ки бархе масоил, ки дар соли гузашта пеш омада буд ва онҳоро "мову шумо дар ҳафтаҳову моҳҳои гузашта мушоҳида кардем", дар соли таҳсили оянда рафъ шаванд. Суханронии оқои Шеърдӯст дар маросими анҷоми маъмурияти шаш омӯзгори мадрасаи эронии ба номи Имом Ҷаъфари Содиқ дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Ин шаш нафар аз ҷумлаи 22 устоди мадрасаи эронӣ ҳастанд, ки пас аз анҷоми маъмурияти дусолаи худ ба Эрон бармегарданд.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар мадрасаи Имом Ҷаъфари Содиқ дар шаҳри Душанбе, ки бузургтарин мадрасаи эронӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, ҳудуди 350 кӯдак ва навҷавони эронӣ ва афғон таҳсил мекунанд. Қаблан беш аз 90 кӯдаки тоҷик низ дар ин мадраса таҳсил мекарданд, вале дар моҳи декабри соли гузашта вазорати маъорифи Тоҷикистон таҳсили кӯдакони тоҷик дар ин мадрасаро мамнӯъ кард.
Мақомоти омӯзишу парвариши Тоҷикистон он замон гуфта буданд, ки ин мадраса ба унвони як мактаби вобаста ба сафорати Эрон ва барои фарзандони диплумотҳои эронӣ таъсис шуда ва тибқи ойинномааш, аз ҳаққи тадрис барои шогирдони ғайриэронӣ дар Душанбе бархӯрдор нест. Аммо манобеъи мустақил ин иқдомро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд, ки мақомоти омӯзишу парвариши Тоҷикистон аз таҳсили кӯдакони тоҷик дар мадрасаи эронӣ бим доранд.
Дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз сафари беш аз 70 омӯзгори тоҷик ба Эрон, ки қарор буд дар давраҳои омӯзиши забони форсӣ дар Эрон ширкат кунанд, монеъ шуданд. Вазорати маъорифи Тоҷикистон, ки зоҳиран худ низ аз мубтакирони ин тарҳ буд, то кунун дар бораи сабабҳои мамонеъати давлат аз сафари омӯзгорони тоҷик ба Эрон тавзеҳ надодааст.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи сафорати Эрон дар Душанбе, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки чанде аз донишгоҳҳои Эрон ҳам алоқаманди таъсиси шӯъбаҳои худ дар Тоҷикистон ҳастанд, вале чандин сол аст, ки мақомоти тоҷик ба онҳо иҷозаи фаъолият намедиҳанд.
Ин манбаъ гуфт: "Донишгоҳҳои мо мехоҳанд дар риштаҳои муҳандисию фаннӣ ва пизишкӣ дар Тоҷикистон шӯъбаҳои худро боз кунанд, ки инҳо аз тахассусҳои мавриди ниёзи тоҷикон аст. Аммо намедонам мақомоти тоҷик чи ғаразе доранд, ки иҷоза намедиҳанд. Онҳо ҳамеша посухашон ин аст, ки "ин мавзӯъро пайгирӣ мекунем", вале то кунун тасмими мушаххасе нагирифтаанд."
Ба гуфтаи ин манбаъ, Донишгоҳи Озод, донишгоҳҳои Паёми Нур ва Турисму Ҳутелдорӣ аз муҳиммтарин донишгоҳҳои Эрон ҳастанд, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон шӯъбаҳои худро боз кунанд.
Аммо вай афзуд: "Намедонам, инҳо аз Эрон бим доранд ё аз Русия. Дар ин ҷо 7-8 мадрасаи туркӣ бидуни мамонеъат фаъолият мекунанд, чанд донишгоҳи Русия низ шӯъбаҳои худро баосонӣ боз кардаанд, вале солҳост, ки ба таъсиси мадорис ва шӯъбаҳои донишгоҳҳои эронӣ иҷоза намедиҳанд."
Ҳамакнун маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон ба изҳороти тозаи сафири Эрон чи вокунише хоҳанд кард, вале қаблан Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯйи вазорати маъорифи Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки ин вазорат аз салоҳияти судури муҷаввиз барои донишгоҳҳои эронӣ бархӯрдор нест.
Ба гуфтаи вай, танҳо ҳукумат метавонад ин масъаларо ҳаллу фасл кунад. Вале манобеъи ҳукумат ва дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд. Дар ин миён, Зафари Суфӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки солҳои зиёде дар Эрон буда ва аз вазъияти омӯзишу парвариши он кишвар огоҳ аст, сабаби худдории мақомоти тоҷик аз додани иҷоза барои таъсиси мадорис ва шӯъбаҳои донишгоҳҳои Эронро "тарси мақомоти тоҷик аз рақобати озод" медонад.
Оқои Суфӣ гуфт: "Иллати аслӣ ин аст, ки агар ягон донишгоҳи қавӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кунад, дар муқоиса бо он сатҳи донишгоҳҳои мо бармало хоҳад шуд. Мансабдорони мо инро қабул надоранд, чун метарсанд, ки рақобати озод заъфашонро ошкор хоҳад кард."
Ин рӯзноманигори тоҷик мӯътақид аст, ки сатҳи омӯзишу парвариш дар мадорис ва донишгоҳҳои Тоҷикистон бисёр пойин аст ва мақомот ҳам то кунун ба дарки воқеъии истиқлоли фарҳангӣ нарасидаанд.
Вай афзуд: "Агар дарки воқеъӣ буд, онҳо медонистанд, ки аз назари фарҳангӣ наздиктарин мардум ба мо форсизабонон ҳастанд. Аз сӯйи дигар, пешрафтҳои илмие, ки Эрон сарфи назар аз низоми сиёсияш ва ё таҳримҳои байналмилалӣ дорад, бисёр қобили таваҷҷӯҳанд ва месазад, ки онҳоро ба Тоҷикистон интиқол дод. Мардуми мо ба далели ҳамзабонӣ ин донишҳоро базудӣ қабул хоҳанд кард."
Ҳарчанд Эрон аз сармоягузорони аслӣ дар бархе аз тарҳҳои энержӣ ва роҳу таробарии Тоҷикистон дар солҳои ахир буда, вале ба гуфтаи соҳибназарон, мушкилоти марбут ба таъсиси мадорис ва шӯъбаҳои донишгоҳҳои эронӣ дар Тоҷикистон баёнгари ихтилофоти пинҳон миёни ин ду кишвар аст.
Зимнан, ин танҳо мавриди ихтилоф миёни Тоҷикистону Эрон, ки мақомоти баландпояаш дар минбарҳои баланд ҳамвора ба ҳамзабонию ҳамфарҳангӣ ва муштаракоти дигари худ таъкид мекунанд, набудааст.
Мақомоти тоҷику эронӣ ба сари таъсиси телевизиюни муштараки форсизабон ҳам, ки дар мавриди он раҳбарони се кишвари Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар дидори худ дар Душанбе дар тобистони соли 2006 тасмим гирифта буданд, ихтилофи назар доранд.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
Бадин марзу бум аз дасти катаган як тан зинда мабод.
Точикистон ба чуз Эрон гамхори асил надорад ва нахохад ёфт.
Дигарон ахдофи гаразнок доранд ва дар пайи истисмор ва нобудии миллати Точиканд. Густариши хамкори ва муносибот бо ин кишвари бародар, хамзабон ва мусалмону хамфарханг барои худшиноси ва бедориву баргаштан ба асли хеш ба мо кумак ва мусоидат хохад кард. Эрон омода хаст дар хама чанбахо миллати моро дастгири намояд.
Дустии бародарони Эрону Афгону Точик поянда бод.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо мо хар чи кард, он ошно кард.
Hukumati TJK baroi tasisi yak donishgohi rusi borho sari xudro dar nazdi hukumatdoroni rus ba zamin rasonida ast Rusho 70 sol bo hukumati istibdodii xud baroi mo chi kor kardand ki imruz bo donishgohhoyash on kunand. Vale mutassifona bo sababhoi gharaznok baroi eronihi in amr to ba hol muyassar naghsta ast.
RSS Обуна