РАВЗАНАИ УМЕД
Аз шунидани хабари Лоиҳаи Қонуни авф мавзӯи сӯҳбати мардум муҳокимаи ин хушхабар шудааст. Шодии падару модарон, зану фарзандон ва хешу ақрабои маҳбусоне, ки тибқи қонуни авф ба озодӣ мебароянд ё мӯҳлати ҷазояшон сабук мегардад, ҳадду канор надорад.
Ин табиист. Аз озодӣ маҳрум будан, фироқ аз наздикону пайвандон рӯҳафтодагию пушаймонист. Ҳама мехоҳанд донанд, ки кай ин қонун тасдиқи худро меёбад ва онҳо ба дидори пайвандонашон мерасанд. Дар соли 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудани ба қавле «авфи тиллоӣ» кайҳо вирди забонҳо шудаву мардум аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон амри зеринро ба умед интизор буданд.
Ба таъзияи шиносҳоямон ба як деҳаи ноҳияи Бохтар рафта будем. Мусибати мотам, гиряву афсус аз ҷудо шудан бо модари меҳрубон барои ҳар як кас аламовару гарон аст. Занони дар азохона ҷамъшуда барои тасаллои дили соҳибхона ба ӯ меҳрубонӣ мекарданду ба такдири худованд тан доданро маслиҳаташ медоданд. Ӯ беист гирд-гирди тобути модар чарх мезад ва бо алам мегирист:
Очаҷони писардори беписарам. Чашмони дар роҳи акаам интизоратон, дили аз ғами зиндаҷудоӣ афгоратонро гӯям? Ормонҳоятонро дар дилатон бурдед, очаҷон!
Занҳои дигар ҳам аз ин ҳоли зори духтар ба риққат омада, мегиристанд. Ин дард барои бисёрии онҳо шинос буд.
-Бечора холаи Ҳабиба. 14 сол интизори писари ягона шуд. Умед дошт, ки писараш тобутбардори вай мешавад ва як каф хоки видоъро ба рӯи қабраш мепошад, - пичиррос мезад зани ҳамсоя.
-Охир, вай чи хел меояд? «Аз бачаҳои Маҳмуд» буд - мефаҳмонад дигарӣ.
Кас ба андеша меравад, ки чаро гурӯҳи ҷавонони Тоҷикистон тарки Ватан кардаанду аз фироқи гами ҷудоӣ аз онҳо модарону хоҳарон, наздикон дар азобанду онҳо ҳам дар гарибӣ ҳастанд ва ҳатто ба мотами пайвандонашон омада наметавонанд.
Ин вазъияти ноилоҷӣ бисёр пуртаъсир ва пургиреҳ аз чист? Хисороту қурбонии ҳазорҳо ҳаммилатонамон дар ҷанги бародаркушии бемаънӣ бас набуд, ки боз аз пайи игвои гурӯҳи ифротиён садҳо ҷавонон, зану фарзандонашон дар кишварҳои бегона сарсону хоранд. Аниқ аст, ки дар давлати бегона онҳо дастнигаранд.
-«Соли панҷум аст, ки духтарамро надидаам» – гуфтани зани калонсоле риштаи хаёламро канд.
-«Шунидаам, ки боз кӯдакдор шудааст. Мусофирӣ кор осон нест. На кору на хонаи аниқ. Домод моҳҳо ба хона намеомадааст. Пушаймон шудам, ки духтарамро ба ӯ додам. Гадо мешуду дар наздикиамон мебуд. Дида наметавонӣ, рафта наметавонӣ, занг зада наметавонй. Аз ин бадтар нест».
Дар чеҳраи пурожанги зан ашкҳо мерехтанд. Нафаҳмидам, ки ин гиря ба хотири майит буд ё зиндаҷудоӣ аз фарзанди дилбандаш.
-«Машаққати роҳи Узбекистонро намегӯед», - шарҳ медод зани дигар, ки бо ин зан ҳамдард буд. Кормандони сарҳад ва гумрук чунон муносибати бад доранд, ки дигарбора орзӯи рафтан намекунӣ. Виза карда наметавонӣ. Онҳоро кӣ дар он ҷо ҳуқуқ медиҳад, ки моро даъват кунанд. Худашон тарсидаю ваҳмида зиндагӣ мекунанд. Ба рафтани мо ҳам ба шубҳа менигаранд. Акаву додарони бегуноҳи мо аз касофатии як-ду ҷинояткор дар азобанд.
Авҷи гиряву нолаи зане баланд шуд ва ҳар кас ғаму дарди худро гуфта, гиря мекард. Дилхоҳ инсон аз ин вазъияти ғамангез озурдахотир мешуд.
-Ҳадя диҳед. Ба «Одамони Маҳмуд» ҳам Президентамон авф медодаст, хабаре буд, ки лаҳзае ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Яке нобоварона, дигаре аз шодӣ моту маҳбут шуда буд, гӯё ки сабаби гиряи аксарияти занонро дониста бошад. Дар чашмони онҳо чароғаки умеде медурахшид, чеҳраҳо кушода шуданд.
Илоҳо гуфтаатон рост бошад, дуо мекард кампире. Подшоҳамон одил аст, ҳамеша тинҷии давлатро мехоҳад. Ин занҳое, ки шоҳидони фоҷиаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буданд, бархе шавҳару фарзанд, бародару додарон ва хешу таборашонро гум кардаанд, қадри осоишу тинҷиро хуб медонанд.
Маҳз даъвати Сарвари давлат ба тоҷикистониёне, ки бар асари даргириҳо ба кишварҳои ҳамҷавор гуреза шуда буданд, ба онҳо умед бахшида буд. Бозгашти зиёда аз як миллион фирориён ба Ватани азиз аз талошу ҷасорат барои сулҳу ваҳдати миллӣ доштани Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Имрӯз ҳам ин даъвати «Ба Ватан баргардед!» такрор садо медиҳад.
Тоҷикистони азиз 20 солагии Истиқлолияти худро дар фазои сулҳу оромй, бунёдкорӣ ҷашн мегирад. Он ҳамватаноне, ки барои ободии Ватани худ саҳм гирифтанианд, зодгоҳашон интизор аст. Бахшидани гуноҳ, гузашт кардан фазилати неки инсонист. Ҳимматбаландии Сардори давлатро бо байти шоир ифода кардан мумкин аст:
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Ин иқдоми нек боиси хурсандии ҳар хонадони тоҷикистонӣ ва арзи миннатдорию сипос ва шукргузорӣ аз сиёсати Президенти Тоҷикистон хоҳад буд.
Нигора, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа
Шарҳҳо
RSS Обуна