БАҲСИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ ТОҶИКИСТОН. АЗ ШИКАНҶА ТО ОЗОДИҲОИ МАЗҲАБӢ
Ин лаҳзаҳо дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон идома дорад. Ҳайати даҳнафарии Тоҷикистонро Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи кишвар раҳбарӣ мекунад.
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, Зариф Ализода, Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати Тоҷикистон низ шомили ин ҳайатанд. Дар оғоз вазири адлия Бахтиёр Худоёров дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар амри ислоҳи низоми додгоҳӣ ва мубориза бо ришвату коррупсия суханронӣ кард.
Вай дар робита бо талошҳои ҳукумат дар амри ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштшудаҳо гуфт: “Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки аз рӯи Кодекси ҷиноии кишвар муҷозотро барои шиканҷаи боздоштшудаҳо дар назар мегирад. Ин модда мутобиқ ба конвенсияи аввали зидди шиканҷа аст. Кодекси ҷиноиву мурофиавӣ мегӯяд, баёноте, ки дар заминаи шиканҷаи боздоштшуда дар ҷараёни бозпурсии муқаддамотӣ ба даст меояд, ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад."
ТОҶИКИСТОН ВА ШИКАНҶАВУ БАДРАФТОРӢ
Ба дунболи ӯ, Шерхон Салимзода низ дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон суханронӣ намуд. Вай гуфт, "аз рӯзе, ки кишвари мустақили Тоҷикистон ташкил шуд, мақомот ба риояи ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд ва барои риояи ин озодиҳо талош мекунанд." Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, “ҳоло қонунгузориҳои кишвар шиканҷаро маҳкум мекунанд ва ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор бигирад.”
Шерхон Салимзода гуфт, дар тӯли соли 2010 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 70 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шудааст, ки аз ин теъдод 16 мавриди он исботи худро ёфтааст. Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, нисбат ба ин 16 мавриди шиканҷа ва бадрафтории сокинон парвандаҳои ҷиноӣ боз ва 12 парванда ба додгоҳ ирсол шуд, ки гуноҳкорон ҷазо гирифтанд.
"Вале на ҳамаи мавридҳои шиканҷа бо ҳадафи эътирофи содиршавии ҷиноят сабт шудаанд. Ғайр аз ин, беш аз 1 ҳазору 600 корманди сохторҳои умури дохила аз рӯи ингуна шикоятҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 77 нафари онҳо аз кор ронда шуданд”,-афзуд ӯ.
"РАҚИБОНИ СИЁСӢ ТАЪҚИБ НАМЕШАВАНД"
Дар суханронии худ додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин ба масъалаи пайгарди қонунии мухолифони ҳукумати кишвар муроҷиат кард ва гуфт:
“Дар Тоҷикистон рақибони сиёсӣ таъқиб намешаванд. Дар воқеъ, барои содиркунии ҷиноятҳои мухталиф намояндагони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои мухолифин ва ҳамчунин аъзои ҳизби ҳоким ба ҷавобгарии ҷиноӣ ё дигар навъҳои ҷиноят кашида мешаванд. Вале бо пахши чунин изҳорот онҳо мехоҳанд аз тамғаи рақибони сиёсӣ истифода карда аз ҷавобгарии ҷиноӣ фирор кунанд. Вале дар баробари қонун, мувофиқи конситутсияи мо, ҳама баробар ҳастанд”.
ОЗОДИҲОИ МАЗҲАБӢ ТО КУҶО ТАЪМИН АСТ?
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар суханронии худ ба қонун дар бораи масъулияти падару модар ишора кард. Оқои Холиқов гуфт, тарҳи ин қонун мавриди баҳсу баррасии сокинон қарор дошт ва дар баррасии он беш аз 2 миллион нафар иштирок карданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин дар робита ба ин тарҳ беш аз 12 ҳазор пешниҳодҳо ворид шудаанд, ки кумиссюн 11 ҳазор аз ин пешниҳодҳоро қабул кардааст. Ӯ афзуд, “Тибқи ин қонун волидон бояд аз болои фарзандони ноболиғи худ назорат кунанд. Ҳамчунин, ҳузури онҳоро дар кори иттиҳодияҳои динӣ, ба ҷуз онҳое, ки расман дар муассисаҳои динӣ таълим мегиранд, назорат намоянд.”
Абдураҳим Холиқов гуфт, давлати Тоҷикистон мухолифи омӯзиши динии наврасон нест, балки давлат мехоҳад онҳо бо роҳи қонунӣ ва таҳти назорати мақомот ба таҳсили динӣ машғул бошанд.
ВОКУНИШҲО БА ГУЗОРИШИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН
Ба дунболи суханронии ҳайати Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узв дар баҳси гузориши ироашуда назару пешниҳодоти худро баён карданд. Аксари баромадкунандагон аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки ба таъзиб ва фишор дар боздоштгоҳҳои ин кишвар хотима диҳад. Мавзӯъи фишору таъзиби зиндониён тавассути нерӯҳои интизомӣ дар суханронии бештари намояндагони кишварҳо садо дод ва аз Тоҷикистон даъват шуд, то дар низомии маҳбасҳои кишвар тағйироти бунёдӣ ворид намояд.
Мавзӯи дигар, ки Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифт, ин хушунат алайҳи занон ва кӯдакон буд. Бо қадрдонӣ аз иқдоми Тоҷикистон дар мавриди болобурди сини издивоҷ, аз ин кишвар хоста шуд, то дар амри ҳимоят аз занон ва кӯдакон низ қадамҳои ҷиддӣ бардорад.
Масъалаи дигаре, ки мавриди баҳси ҳозирин қарор гирифт, мавзӯи маҳдудиятҳои динӣ дар ин кишвар буд. Аз ҷумла зикр шуд, ки Тоҷикистон дар амри сабти номи муассисаҳои динӣ маҳдудиятҳоеро ҷорӣ намуда таълими мазҳабӣ дар кишвар ба душвориҳо рӯбарӯ шудааст. Ҳамчунон ба масъалаи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ ишора шуд, ки хонумҳо бинобар маҳдудиятҳои вазъшуда шомили мактабҳо ва донишгоҳҳо шуда наметавонанд.
«Озодӣ»