МАРГИ БОЗ ЯК ЗИНДОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДУБОРА ТАҲҚИҚ МЕШАВАД
Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи марги боз як зиндонии дигар дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанберо аз сар гирифтааст. Бар асоси санадҳои таҳияшуда тавассути табибони ин зиндон, Дилшод Муродови 32-сола дар моҳи августи соли 2009 дар асари сактаи қалбӣ ҷони худро аз даст дод, аммо ташхиси пас аз набши қабр нишон додааст, ки мағзи сари Дилшод Муродов пора шуда будааст.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, вакили мудофеъи модари Дилшод Муродов, ба далели мушкил будани анҷоми таҳқиқот дар муассисоти баста таҳқиқи ин парванда як бор дар соли 2009 ва бори дувум дар моҳи феврали соли ҷорӣ қатъ шуда буд. Оқои Шарипов дар парвандаи марбут ба марги Исмоил Бачаҷонов, зиндонии дигаре низ, ки 16 сентябр дар додгоҳ баррасӣ шуда ва шиканҷаи зиндонбонҳо алайҳи ӯ собит шуд, ба унвони вакили хонаводаи Бачаҷонов хидмат мекард.
Ин бори нахуст буд, ки дар Тоҷикистон се зиндонбон дар қатли як зиндонӣ муҷрим шинохта шуданд. Вале ба гуфтаи оқои Шарипов, чун дар қонуни ҷазои Тоҷикистон моддаи ҷудогонае дар бораи шиканҷа вуҷуд надорад, ду тан аз ин афрод дар “суиистифода аз мансаб ва расондани зарари ҷисмонӣ” муҷрим шинохта шуда ва танҳо барои 8 сол равонаи зиндон шуда буданд. Фарди севум ба се сол зиндон маҳкум, вале бар асоси қонуни афв озод шуд.
Ҳамакнун Абдураҳмон Шарипов аз манофеъи Лӯъбат Бурҳонова, модари Дилшод Муродов, ҳимоят мекунад, ки низ дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе ба қатл расидааст. Вай гуфт ошкор кардани шиканҷа дар зиндон хеле мушкил аст: “Зиндонҳо муассисаҳои баста ҳастанд. Касе ба он ҷо ворид шуда наметавонад ва ягон шоҳиди бегона он ҷо нест. Шоҳидон дар инҷо фақат кормандони зиндон ё зиндониён шуда метавонанд. Касе алайҳи ҳамкор шаҳодат намедиҳад ва зиндониён низ метарсанд, ки шаҳодат бидиҳанд.”
Ба ин савол, ки пас чи гуна омилони марги Исмоил Бачаҷонов ошкор шуда ва зиндонбонҳо муҷозот шуданд, оқои Шарипов гуфт, ки таҳқиқи ин парванда "таҳти назорати худи додситони кул" анҷом ёфта ва "ба ин хотир" ошкор шудааст. Таҳқиқи қазияи марги Дилшод Муродов дар ҳоле аз сар гирифта мешавад, ки мавзӯъи шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон тайи як моҳи ахир дар нишасту маҳфилҳои мухталифи ҳуқуқи башар баррасӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Дилшод Абдулмадудов, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, низ ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дархост кардааст, ки қазияи “мафқудуласар” шудани бародараш Дурахшон Абдулмадудовро пас аз озод шудан аз зиндон дубора таҳқиқ кунад. қои Абдулмадудов муддаъӣ аст, ки бародари ӯро, ки дар зиндони ноҳияи Ёвон адои ҷазо мекард дар соли 2007 ба қатл расондаанд ва "барои рӯпӯш кардани ин ҷиноят" дар бораи озод шудан ва мафқудуласар шудани ӯ санаде таҳия шудааст.
Оқои Абдулмадудов мӯътақид аст, ки дар ин қазия мақомҳои аршади умури зиндонҳо даст доранд ва ба ин хотир таҳқиқи ин парванда то ҳол ба ҷое нарасидааст. Вай афзуд: “Тибқи санаде, ки ба мо пешниҳод карданд, гӯё бародарам тибқи қонуни афви соли 2007 озод шуда, ба Душанбе омада ва ҳамон рӯз ғайб задааст. Ман бо ҳамон ронанда, ки гӯё дар бораи овардани бародарам ба Душанбе баёнот додааст, сӯҳбат кардам, вай гуфт, ки ин баёнотро таҳти фишор имзо кардааст.”
Дилшод Абдулмадудов мегӯяд, ки таҳқиқ ва исботи ин ҳодиса кори мушкилест ва танҳо умеди ӯ ба кумаки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон аст, ки "метавонад ба ин ҳодиса равшанӣ андозад." Вай афзуд, ки ҳатто дар рӯзҳои шанбе, ки рӯзҳои вижаи қабули шаҳрвандон аст, ӯро маъмурони додситонӣ намегузоранд бо оқои Салимзода дидор кунад.
Оқои Абдулмадудов мегӯяд: “Ман дар як нашрия хондам, ки оқои Салимзода худаш эътироф кардааст, ки 13 мавриди шиканҷа дар зиндонҳо ошкор шудааст, ман мехоҳам гӯям, ки 13 не, балки 14 мавриди шиканҷа шудааст ва дар мавриди 14-ум бародари маро куштаанд.”
Дар ҳамин ҳол, манобеъи Вазорати адлияи Тоҷикистон аз сӯҳбати телефунӣ бо мо дар бораи ин қазияҳо худдорӣ карданд. Раҷабалӣ Тираков, масъули бахши назорат бар риъояти қонун дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Додситонии кулли Тоҷикистон низ гуфт, ки салоҳияти сӯҳбат кардан дар ин бора бо моро надорад.
Аз сар гирифта шудани қазияи марги боз як зиндонӣ, Дилшод Муродов, дар ҳолест ки ахиран давлати Тоҷикистон гузориши комили худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар ба Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо муъаррифӣ кард. Омрико ва чанд кишвари дигари урупоӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба давлати Тоҷикистон тавсия доданд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва озор дар муассисоти бастаи худ иқдом кунад.
Бо ин ки гузоришҳои солонаи созмонҳои мухталифи байналмилалӣ аз вуҷуди фаровони мавориди шиканҷа дар муассисоти бастаи Тоҷикистон дарак медиҳанд, қонуни ҷазои ин кишвар то ҳанӯз ҳеҷ банди марбут ба шиканҷа надорад. Аммо гуфта мешавад давлати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи системи зиндонҳо иродаи сиёсӣ нишон медиҳад. Қарор аст то поёни соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон санадеро имзо кунад, ки тибқи он, кормандони Салиби Сурхи Байналмилалӣ иҷоза хоҳанд дошт аз боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои кишвар дидан кунанд.
Ойниҳол Бобоназарова мутахассиси умури қонунгузорӣ мегӯяд, ки таъсиси кумиссюни вижа барои ворид кардани иловаҳо ба қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ворид кардани банди вижаи марбут ба шиканҷа "яке аз нишонаҳои дигари хоҳиши давлат барои беҳбуди вазъ дар ин замина аст." Вай гуфт, афзоиши гузоришҳо дар робита ба шиканҷа дар расонаҳо ва таҳқиқ шудани бархе аз парвандаҳо дар заминаи шиканҷа дар Тоҷикистон аз нишонаҳои дигари "ба таври ҷиддитар матраҳ шудани ин масъала дар ҷомеъа" будааст.
Ин дар ҳолест, ки созмони Афви Байналмилал як моҳ қабл бо интишори гузорише зимни ибрози нигаронӣ аз афзоиши мавориди шиканҷаи боздоштшудагон дар Тоҷикистон иддаъо кард, ки маъмурони амниятии ин кишар ба яке аз афроди мазнун дар боздоштгоҳ таҷовуз кардаанд. Ин созмон ҳамчунин ба давлати Тоҷикистон тазаккур додааст, ки тибқи моддаи 15 Қарордоди байналмилалии алайҳи шиканҷа, ки Тоҷикистон онро имзо карда, ҳар гуна эътирофоте, ки бо истифода аз шиканҷа, таҳдид ва ё фишор ба даст омада бошад, бояд тавассути додгоҳ ботил эълом шавад.
Афви Байналмилалӣ меафзояд, ки ин муқаррарот маъмулан иҷро намешавад ва мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон тақрибан таҳқиқ намешавад. Коршиносон мегӯянд, ки талошҳои давлат барои ҳамкорӣ бо ҷомеъаи маданӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи беҳбуди вазъи зиндонҳо ва зиндониён дар пайи фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст. Онҳо мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон ночор аст ба тавсияҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ки дар навбати худ ба Тоҷикистон кумакҳои молӣ ироа мекунад, гӯш фаро дорад.
Би-Би-Си