19:14:02 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ФОҶИАИ ШАБИ СОЛИ НАВ. БОБОИ БАРФИРО ЧӢ ГУНА КУШТАНД?

Бо гузашти чаҳор рӯз аз кушта шудани Парвиз Давлатбеков, ҷузъиёти ин фоҷеаи шаби соли нав, ки дар торномаҳои хориҷиву дохилӣ бо сарлавҳаи “Куштори Бобои Барфӣ” машҳур гардид ҳамроҳ бо ному насаби гумонбаршудаҳои куштор ошкор шудааст.

Парвиз Давлатбеков Парвиз Давлатбеков, ки либоси Бобои барфӣ дар тан дошт, шаби соли нав дар шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамлаи гурӯҳе қарор гирифт ва кушта шуд. Ҳарчанд расонаҳо навиштанд, ки ӯро бо нидои “Ту кофир!” корд задаанд, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ангезаи динӣ доштани кушторро рад намуд. Се нафар ба ҳайси гумонбаршудагони ин қатл боздошт шуда, ҷустуҷӯи ҳамроҳони онҳо идома дорад.

ҲОДИСА ЧӢ ГУНА РӮЙ ДОДААСТ?

Вақте ки Парвиз ва ҳамроҳонаш аз таксӣ берун шуда, ба даромадгоҳи бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Сино наздик мешуданд, он ҷо гурӯҳи ҷавононро дидан, ки бо садои баланд байни ҳам даъво мекарданд. Омадани Парвиз, ки либоси Боби барфиро пӯшида буд, диққати ин ҷавононро ба худ кашид. Онҳо каме хомӯштар шуданд ва якбора Парвизу шариконашро иҳота карда, ба латукӯби онҳо шурӯъ намуданд.

Ин манзараро Наврӯз, яке аз ҳамроҳони Парвиз ба мо нақл кард ва афзуд: “Гурехтан аз дасти ин тӯдаи хашмгин тақрибан имкон надошт, чунки ҳуҷум аз чаҳор тараф мерасид. Даромадгоҳи бино торик буд ва чеҳраи ҷавононро шинохта намешуд. Вақте худамонро раҳо кардем, Парвизро дидем, ки аз танаш хун мешорид ва қоматаш хам зада буд. Агар даромадгоҳ равшан мебуд, шояд то ин ҳол намерасид,”- мегӯяд Наврӯз.

Ҳамроҳони Парвиз диданд, ки хун ба қадди пойи ӯ мешорид ва ду зарбаи корд ба пои вай расидааст. Онҳо бошитоб захмҳои пойро бастанд, аммо ду захми дигар дар шикам ва миёни Парвизро надиданд.

Наврӯз нақл мекунад, ки бо вуҷуди ин захмҳо Парвиз талош мекард, “худаш ба тарафи мошин равад ва савор шавад. Ҷавонон “оча” ва “хоҳар” гуфта дашном медоданд. Мо кӯшиш мекардем, ки моҷароро халос кунем. Парвиз аслан аз замони донишҷӯияш дар ин бино мезист ва одами вазин ва боодоб буд.»

ПАРВИЗ БА ТАБРИКИ ДӮСТОНАШ ОМАДА БУД

Парвиз он шаб бо нияти табрики хонаводае ба ин кӯча омада буд, ки панҷ соли донишҷӯияш дар он гузаштааст. Баҳор Гадомаҳмадов, узви ин хонавода, ки панҷ сол бо Парвиз зистааст, он шаб дӯсташро дар даромадгоҳи  бино ҳамроҳӣ мекард. Вай мегӯяд, ҷавонҳои ҳуҷумкунанда дар ҳоле пароканда шуданд, ки хунро диданд. Онҳо кордро паротофтанд ва ба ҳар тараф гурехтанд. Мо кордро гирифта, ба пулис супоридем.”

Ҳам Наврӯз ва ҳам Баҳор мегӯянд, ягон нидои мазҳабӣ нашунидаанд ва ҷавонон мисле ки нӯшидагӣ буданду дар нисбати ҳамдигар ҳарфҳои қабеҳ мегуфтанд ва Парвизро низ бо зикри “оча” ва “хоҳар” ҳақорат мекарданд.

Шӯҳрат, яке аз пайвандони Парвиз, ки он шаб дар хона мунтазири Бобои барфӣ ва табрикоти Парвиз буданд, мегӯяд,  “баръакси интизориҳо ба мо занг зада, аз захмӣ шудани «Бобои барфӣ» хабар доданд" ва мо ба Қарияи Боло рафтем ва ҷанозаи Парвизро ба хона овардем.

«Шиштагӣ будем, холаам гуфт, ки Парвизшон ҳоло мерасанд. Аммо яке занг заданд, ки Парвизро корд задаанд, ҳамамамон дигар ба берун давидем, ба беморхона рафтем, ки ҷисми сардаша баровардем.»

ПОЛИС ВА ҶОЙИ ВОҚЕА

Даромадгоҳи бинои истиқоматие, ки Парвиз он ҷо, захмӣ шуд, рӯ ба хиёбони марказии Сино, дар паҳлуи бинои Додситони кул ва 200 метр дуртар аз бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ҷойгир аст.  Роҳе, ки шабу рӯз аз он ҷо теъдоди бузурги мошинҳо ва мардум мегузарад. Он шаб ҳам, сокинони зиёд барои тамошои «оташбозӣ”-и идона дар ин маҳал ҷамъ шуда буданд. Аммо, касе огоҳ нашуд, ки сад қадам дуртар аз ин ҷо куштори як шаҳрванди бегуноҳ ҷараён дорад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳодиса дар назди бинои 134 воқеъ дар кӯчаи Синои, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар соати 10-и шаби 31-уми декабр танҳо Парвиз Давлатбеков, ки дар либоси Бобои барфӣ буд захмӣ гашт.

Дар робита ба он се нафар боздошт шудаанд, ки инҳо - Шараф Давлатов, донишҷӯи бахши ғойибонаи шӯъбаи иқтисод ва молияии Донишгоҳои Миллии Тоҷикистон, Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев, ҳарду бекор, соли тавалуддашон 1987 мебошанд. Аммо шумораи ҳамлакунандагон ба Парвиз Давлатбеков ва ҳамроҳони ӯ бештар буда, ҷустуҷӯи афроди боқимонда идома дорад. Вазорат гуфтааст, ба зудӣ навори бозпурсии боздоштшудаҳоро намоиш хоҳад дод.

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi