10:06:04 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ФУРӮШИ АСЛИҲА ДАР ТОҶИКИСТОН. ФОИДАИ ИҚТИСОДӢ Ё НИЗОЪ?

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, як сокини шаҳри Душанберо ба иттиҳоми фурӯши силоҳ боздошт кардаанд. Ин боздоштшуда, ки аз ӯ ба далели ифшо нашудани сирри идомаи амалиёт ном бурда намешавад, як сокини 27-солаи пойтахти Тоҷикистон будааст. Бино ба иттилои манобеи Вазорати коҳои дохилӣ, зимни амалиёти аз қабл барномарезишуда, кормандони милиса, ки ба ҳайси харидори силоҳ худро муаррифӣ карда буданд, тавонистаанд ин фурӯшандаи силоҳро боздошт кунанд.

ОружияАз боздоштшуда 4 автомати "Калашников", 2 пулемёти ПКТ, 1 грантамёт ё рокетандоз, 6 норинҷакандози зери милл, як садохафакун ё "глушители Калашников" ва миқдори зиёди тир мусодира шудааст. Мақомот мегӯянд, дорандаи ин силоҳҳо қасд доштааст бар ивази 2,5 ҳазор доллар ин силоҳҳоро ба фурӯш бирасонад. Аммо кормандони Вазорати умури дохилӣ фурӯшандаро боздошт ва силоҳҳоро мусодира намудаанд.

​Ин дар ҳолест, ки дар се рӯзи пеш низ мақомот аз кашфи як махфигоҳи азими силоҳ, васоили мухобира ва маводи мунфаҷира ё тарканда дар шарқи Тоҷикистон хабар дода буданд. Дар ҳоле аз кашфи махфигоҳи силоҳ ва ошкор шудани силоҳфурӯшӣ хабар нашр мешавад, ки аз моҳи майи соли гузашта ба ин сӯ дар Тоҷикистон амалиёти мусаллаҳонае анҷом нашудааст.

Охирин боқимондаҳои гурӯҳи мусаллаҳи Мулло Абдулло ва худи ӯ дар шарқи Тоҷикистон дар моҳи апрели соли гузашта нобуд шуданд. Аммо ҷуръати як нафар барои силоҳфурӯшӣ ва он ҳам дар ҳаҷме, ки солҳо собиқа надоштааст, далели чист?

Дар ҳоле ки ҳам мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва ҳам хориҷӣ аз манфиатдор будани гурӯҳҳое барои ноором кардани авзои Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ин силоҳфурӯшӣ то куҷо метавонад ба ин сарусадо ва нигарониҳо робита дошта бошад? Абдулло Ҳабибов, муовини собиқи вазири дифоъ мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд ин бозмондаи ҳамон силоҳҳои замони ҷанги дохилист, ки дар махфигоҳҳо боқӣ монда ва акнун ба дасти ашхосе расидааст, ки мехоҳанд онро бифурӯшанд.

​​Ӯ эҳтимоли инро, ки чунин иқдом метавонад кори гурӯҳҳое бошад, ки мехоҳанд дар ҳар сурат силоҳ ба дасти мардум бирасад, рад мекунад. Ҷаноби Ҳабибов гуфт, "ин гуна махфигоҳҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар ин тарафҳо ҳам вуҷуд дорад. Акнун хостааст, ки ҳамонро фурӯшад. Вақте дар мавриди хатари ворид шудани кадом гурӯҳҳое мегӯем, он гурӯҳҳо агар ворид  шуданӣ бошанд, бо силоҳҳои худашон ворид мешаванд. Бинобар ин, вобаста кардани ин боздошт ба он гурӯҳҳо ҳеҷ робита надоранд. Ин нишонаи кори хуби гурӯҳҳои фаврӣ аст."

Дар ҳамин ҳол, Амнияти Абдулназар, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо эҳтимоли қавӣ ин силоҳҳҳои пинҳоннамудаи замони ҷанги дохилӣ аст, ки фармондеҳони Фронти халқӣ ва ё ҷониби дигар ба далели бад шудани шароити иқтисодияшон мехоҳанд акнун онро ба савдо бирасонанд ва ҳадаф аз ин савдогарии силоҳ метавонад фақат фоидаи иқтисодӣ бошад.

​​Вале чизе, ки ҷои нигаронӣ дорад, харидор доштани силоҳ дар дохили Тоҷикистон аст. Зеро ин зуҳурот бозгӯкунандаи он аст, ки афрод ва ё гурӯҳҳое дар воқеъ омодаанд, ки силоҳ ба даст биоранд. Ӯ афзуд, "зиндагии қумандонҳои собиқ мушкил шуд ва силоҳҳои зиёди пинҳонкардаи худро шояд ба фурӯш баровардаанд. Ё шояд ин хел ҳам бошад, ки ба хотири аз навъ як низои дигар андохтан дар Тоҷикистон. Харидорони силоҳ ё гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳастанд ва ё гурӯҳҳое, ки мехоҳанд боз як низои дигар дар Тоҷикистон ба вуҷуд биоранд."

Ба ҳар ҳол идомаи тафтишот ва ҳадди ақал ошкор шудани шахсияти силоҳфурӯш имкон медиҳад, ки ҳадаф аз ин силоҳфурӯширо бештар тавзеҳ дод. Ҳоло ВКД мегӯяд, дар соли 2011 ҷамъан 824 мил силоҳ, аз ҷумла 205 худкори "Калашников", 154 туфангча ва 71 оркетандоз мусодира кардааст. Аз ибтидои даргириҳо то кунун ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон 33 ҳазор мил силоҳ ҷамъоварӣ шудааст.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi