13:14:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАҲМОНОВ: "МЕХОҲЕМ ДАР МАОРИФ ФАСОД НАБОШАД, АММО..."

Чаҳор корманди дастгоҳи Вазорати маориф ба далели даст доштан дар фасоди молӣ аз кор ронда шудаанд. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, даст доштани устодони донишгоҳҳо дар фасоди молиро мояи таассуф номид.

Абдучаббор РахмоновӮ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир устодони донишгоҳҳои кишвар то дуним ҳазор сомонӣ маош мегиранд, ки барои зиндагии онҳо кофист ва ҷое барои гирифтани "пора" намемонад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи вазири маориф, ҳар устоде, ки китоб навишта ва онро ба нашр мерасонад, ҳудуди се ҳазор сомонии дигар аз ҳисоби ин вазорат дарёфт хоҳад кард.

"Гуноҳ дар сари ҳар ду тараф аст. Мо ҳам тарафдори онем, ки фасод набошад. Дар коллегияи Вазорати маориф мавзӯи баҳси мо "фасод дар соҳаи моариф" буд. Айб аст, ки муаллимро бо фасод муттаҳам мекунанд. Маоши муаллими мактабҳои миёна камтар аст. Аммо маоши муаллими мактаби олӣ, шукри Худо, то 2,5 ҳазор сомонӣ аст. Агар муаллими  заҳматкаш бошад, се китоб менависад ва дар як сол 10-15 ҳазор сомонӣ мегирад",-гуфт ӯ.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, ҳамчунин гуфт, чаҳор тан аз кормандони дастгоҳи ин вазоратро ба далели даст доштан дар фасоди молӣ аз кор ихроҷ кардаанд. Ба қавли ӯ, ахиран даст доштани ду устоди литсейи президентӣ дар фасод ҳам таъйид ва ин омӯзгорон аз кор ронда шудаанд. Вазири маориф гуфт, бархе аз волидайн ба маъмурияти литсейи президентӣ дар бораи маблағ гирифтани ду устоди ин мактаб хабар додаанд, ки тасдиқи худро ёфтааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов ба ин тартиб вуҷуди фасод дар низоми маорифи кишварро эътироф карда, аз хабарнигорон ҳам даъват намуд, ки дар амри ошкор ва аз миён бурдани ин "беморӣ" ба онҳо кӯмак бикунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, мардум дар соли 2011 беш аз 300 нома ба вазорат фиристода, аммо дар бораи мавридҳои хоси фасоди молӣ таъкид накардаанд.

Вай дар ин нишасти хабарии худ ба масъалаи камбуди муаллимон дар мактабҳои кишвар ҳам ишора карда ва аз ҷумла гуфт, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бештар аз 900 нафар дарс мегӯянд, ки пешаашон омӯзгорӣ нест.

Ӯ афзуд, ба хотири таъмини мактабҳо бо омӯзгорон, вазорат маҷбур аст, хамткунандаҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро низ ба ҳамин мактабҳо ҷалб кунад. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонов, ҳоло мактабҳои кишвар танҳо ба 34 муаллим мӯҳтоҷ будаанд.

Вазири маориф дар ин сӯҳбати худ гуфт, дар пайи иҷрои қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи кӯдакон ҳудуди 2 ҳазор хонанда ба мактаб баргардонида шуданд. Бо ин ҳол, ба гуфтаи ӯ, теъдоди наврасони аз мактаб дурмонда расман 805 нафар аст, ки 510 нафари онҳо духтарон ҳастанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi