22:22:52 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОЁ ФУРӮДГОҲИ КӮЛОБ МУРДАБЕЗОР АСТ?

 

Рӯзи 11 январ нишасти матбуотӣ бо масъулини фурудгоҳи Кӯлоб баргузор гардид. Директори генералии фурудгоҳ Алӣ Комилов бо масъулини дигар ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд. Алӣ Комилов қайд кард, ки тӯли соли сипаришуда фурӯдгоҳ аз ҳисоби хизматрасонӣ ба тайёраҳои Федератсияи Русия ва дигар фаъолиятҳои муфид 17 миллиону 817 ҳазор сомонӣ даромади соф гирифтааст.

Аэропорти КулобДар ҳамин маврид директор мегӯяд аз ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» шикоят дорад, чунки дар баъзе ҳолатҳо тайёра дар осмон оҳанги нишастан мекунад, ки барқро бемаврид хомӯш мекунанд. Ин амалиёти барқчиён хатарбор аст. Инчунин директор илова кард, ки то ҳанӯз хатти барқи тоза надоранд. Сабабашро дар бемасъулиятии барқчиёни шаҳр мебинад. Ин дар ҳоле, директории Шабакаҳои барқи Кӯлоб Ҷумахон Шарипов мегӯяд вазифаи муассисаи Шабакаҳои барқи шаҳр кашондани хатти барқи тоза нест, балки ҳамагӣ пайваст кардан ба манбаъи барқ аст.

Ҷаноби Комилов мегӯяд фурудгоҳ барои насби трансформатори нав маблағ надорад. Пас суоле посух мехоҳад, ки 17 миллион даромади софи фурӯдгоҳ ба киссаи кӣ медарояд?

Як моҳ қабл тибқи иттилои расида аз корманди хадамоти дафни шаҳри Маскав Лиана Вадимовна: «Фурудгоҳи Кӯлоб ҷасадҳои шаҳрвандони тоҷикро аз Маскав қабул намекунад.» Гуфтаи ӯро даҳҳо ҷасади расидаи шаҳрвандони минтақа тавассути фурудгоҳи Маскав тасдиқ мекунад. Ва аммо ҷаноби Комилов мегӯяд онҳо барои қабули ҷасадҳо ягон монеа эҷод накардаанд. Далели дигари пешовардаи директор кам будани теъдоди парвозҳо ба Руссия аст. Ин дар ҳоле, ки худи ӯ мегӯяд ҳар ҳафта ба Руссия 14 сайрхат доранд.

Араби Дустмурод як муҳоҷири кории сокини шаҳр, ки як моҳ қабл ба зодгоҳ баргашт, мегӯяд шахсан ӯ бо амри тақдир камаш 40 ҷасади муҳоҷирони дар Руссия фавтидаи тоҷикро ба фурудгоҳ оварда ба ватан равон кардааст. Ӯ ҳам шаҳодат медиҳад, ки сарнишинҳои тайёраҳои Маскав-Кӯлоб аз қабули ҷасадҳо барои интиқол ба Кӯлоб худдорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд фурудгоҳи Кӯлоб ҳамвора таъкид мекунад ҷасадҳоро ба Кӯлоб наоред. Сабабашро шарҳ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Давлатмурод Саидов аз ноҳияи Ҳамадонӣ занг зада гуфт ҷасади як хешовандашро аз Руссия ҳамагӣ 4 рӯз қабл тавассути фурудгоҳи Душанбе оварданд, ки барояшон мушкилот ва харҷи зиёд доштааст.

Дар ҳамин нишаст қайд шуд, ки нархи  чипта то ба Маскав бамаротиб боло рафтааст, чунки аз ин ба баъд бо наздикшавии фасли гармо теъдоди хоҳишмандони сафаркунанда ба Руссия бамаротиб меафзояд. Алҳол нархи чипта баробар ба 254 евро шудааст. Дар ҳоле, ки 1 моҳи қабл ҳамагӣ 214 доллар буд.

Аҳмади Иброҳим, Кӯлоб, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi