00:19:52 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР ВОСЕЪ 14 БОЗОРИ ФУРӮШИ КОЛО ВА МАВОДИ ҒИЗОӢ БАСТА ШУДАНД

Дар ноҳияи Восеъ бо фармони раиси ноҳия ҳамаи 14 бозори фурӯши коло ва маводи ғизоӣ баста шудаанд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзони ноҳия ғолибан дар ҳамин бозорҳо савдо мешуд. Ноҳияи Восеъ мисли 6 ноҳияи дигари дар водӣ мавқеъдоштаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ноҳияи аграрӣ буда, хоҷагии қишлоқ афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

БозорСоли 2011 дар ноҳия ба миқдори беш аз 495 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбати як соли қабл 37 млн сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра дар ноҳия 58461 тонна ғалла, 10147 тонна картошка, 19 323 тонна пахта, 8005 тонна меваҷот истеҳсол шудааст, гуфт дар нишасти матбуотии 12 январ баргузорнамудааш раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ Султон Валиев.

Инчунин дар ҳисоботи солонаи раис гуфта мешавад айни ҳол дар секторҳои ҷамъияти ва аҳолӣ 42 626 сар чорвои калони шохдор аз ҷумла 22 591 сар модагов, 89 388 сар бузу гусфанд, 64 310 сар парранда, 1883 сар асп парвариш меёбад.

Дар ҳамин нишаст инчунин гуфта шуд, ки соли сипаришуда дар ноҳия 2659 тонна гӯшт, 28818 тонна шир, 238 тонна пашм ва 49 тонна нахи абрешим ва ҳудуди 20 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст.

Бо ин ҳама истеҳсолот, дар ноҳия 14 бозори фурӯши коло ва маводи ғизоӣ мавҷуд аст, ки шароити хариду фурӯши ин маҳсулотро таъмин мекарданд. Даромади қисмати аъзами аҳолии ноҳия аз ҳисоби машғулият дар онҳо буд, аммо тирамоҳи соли гузашта тайи як фармони барқосо раиси ноҳия ҳамаи ин бозорҳоро баста, мардумро мувоҷеҳи мушкилот гардонида буд.

Ин бозорҳо то ба имрӯз фаолият намекунанд. Кормандони пулис рӯзҳои бозор мардумро ба бозорҳо ворид шудан намемонанд. Сабаби баста шудани ин бозорҳоро хабарнигорон дар ҳамин нишасти матбуотӣ аз раиси ноҳия пурсиданд. Султон Валиев иброз дошт, ки бозорҳо ҷиҳати дар ҳоли ғайрисанитарӣ қарор доштанашон баста шудаанд.

Бояд гуфт, ҳамасола раиси ноҳия дар фасли тирамоҳ, ки авҷи табодули молу коло ва тиҷорат аст бозорҳоро бо иллати ғайрисанитарӣ будан мебандад, аммо баъди чанд моҳ бо вуҷуди он, ки ягон иллати гуфтаи раис бартараф намешавад дигарбора ба фаъолияти онҳо иҷоза медиҳад. Ҳам дар ин нишаст дар бораи аҷиб будани ин ҳолат ва ё зери коса нимкоса будан низ сухан рафт.

Аҳмади Иброҳим, Кӯлоб барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi