15:05:44 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШУМОРАҲОИ "ТИЛЛОӢ"-РО БАРМЕЧИНАНД

Аз ин ба баъд гаштугузори мошинҳо бо шумораҳои «7777», «8888» ва дигар рақамҳои ғайримаъмулӣ дар роҳҳои Тоҷикистон мамнуъ мешавад.

77 77 - 88 88Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ шумораҳои «тиллоӣ»-ро ба шумораҳои маъмулӣ иваз хоҳад намуд. Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааанд, ки ин иқдом ба манзури масъулияти ҳамагонии соҳибони худравҳо дар таъмини бехатарии роҳҳо рӯи даст гирифта шудааст.

Коршиносон ин иқдомро ба фаъолияти Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъйини умури дохилии Тоҷикистон марбут медонанд, ки дар ростои мубориза бо коррупсия рӯи даст гирифтааст. Оқои Раҳимов ба дунболи интихоби шуданаш ба ин маснад, писараш Дилшод, лейтенант ва маъмури фаврии милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва бародараш Раҳмонқул Раҳимов, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғдро аз мақомҳояшон барканор намуд. Ин иқдоми Рамазон Раҳимов намуна дар роҳи мубориза алайҳи "непотизм" ва ё хешутаборбозӣ унвон мешавад, ки як навъи густардаи фасод дар Тоҷикистон аст.

Ин тасмими мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд сол қабл мақомот музояда ё ауксиони рақамҳои ба истилоҳ “хушбахт” ё  ёдмони мошинҳои сабукравро доир намуда, садҳо рақами “номдор”-ро ба фурӯш гузошта буданд.

Гуфта мешавад, то замони аз роҳи музояда ба фурӯш гузошта шудани рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, рақамҳои ёдмону якхела асосан аз роҳи ришвату додани изофапулӣ ва ҳам бакорандозии робитаҳои хешутаборию шиносӣ ба даст меомадаанд. Ҳамоно рақамҳои «хуб», фаразан «0101» бар ивази аз 500 то 1000 доллари амрикоӣ фурӯхта мешуд.

Дар Тоҷикистон рақамҳои якхела ё ёдмон, ба мисли «7777» ё «8888» аз «маҳбубият»-и хос бархӯрдоранд ва ба даст овардани чунин рақамҳо осон нест ва дар сурати иртиботи қавӣ надоштан бо мансабдорони калон, ҳатто ғайримумкин аст. Аммо чунин ҳам қабул шудааст, ки онҳое, ки рақами мошинашон «00» (ду сифр) дорад, низ аз афроди дорову соҳибмавқеъ дониста мешаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi