06:19:16 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОНУИ ТОҶИК ДАР УЗБАКИСТОН БЕНИШОН ШУД

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба таври муваққатӣ дар Узбакистон мезист, пас аз бозпурсии пулис нопадид гаштааст. Шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон, Кимиё Худоёрова, ки бо шиносномаи муваққатӣ дар Ӯзбакистон мезист, як моҳ ба ин сӯ ғайб задааст. Наздиконаш мегӯянд, то ба имрӯз аз сарнавишти ӯ хабар надоранд.

/images/stories/2012/04/12_kimiyo-khudoyorova-1212.jpgБахтиёр Пӯлодов, писархолаи Кимиё Худоёрова ба Радиои Озодӣ гуфт, охирин бор бо Кимиё рӯзи 6-уми март  тамоси телефонӣ доштаанд: «Маротибаи охирон духтари холаамон мегӯянд, ки ман хонаамро фурӯхтаму, насиб кунад, чор-панҷ рӯз баъд ба Душанбе расида меоям. Дигар тамоси телефонӣ қатъ шуд. Ба ҳамсояҳояшон занг задем, гуфтанд, ки намедонем. Пас як дугонаашон гуфтанд, ки рӯзи 7 март се-чор нафар милиса омада, худро аз шӯъбаи шиносномадиҳӣ муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки паспортатро нишон деҳ. Ин кас ҳам паспорташонро нишон медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ки пеш даро ва мебаранд. То ба ҳол хабаре нест».

Ҷаноби Пӯлодов афзуд, Кимиё Худоёрова дар пайи ноамниҳои Тоҷикистон бо ду фарзандаш ба Ӯзбакистон фирор карда, дар кӯчаи Ёшлики шаҳри Узуни вилояти Сурхондарё ба сар мебурд. Фарзандонаш ба Тоҷикистон баргаштанд ва ҳоло дар Русия мардикорӣ мекунанд, аммо вай дар Узун монд, ҳарчанд ҳамеша орзуи бозгашт ба Тоҷикистонро дошт.

Пас аз қатъ шудани робитаи телефонӣ бо Кимиё Худоёрова ҳайате аз наздикон, ба шумули волидайнаш, ки дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба ҷустуҷӯи ӯ мераванд. Аммо аз сӯи пулиси шаҳри Узуни вилояти Сурхондарё бо иттиҳоми ҷанҷол бо раиси маҳаллаи кӯчаи Ёшлик боздошт шудаанд. Ба қавли наздикон, пулис онҳоро 300 000 сӯми ӯзбакӣ ҷарима карда, 250 доллари ҷайбашонро гирифтааст.

Пас аз дахолати консулии сафорати Ӯзбакистон дар Душанбе пулис волидайн ва хоҳару янгаи Кимиё Худоёроваро ба марз оварда, ба ҷониби Тоҷикистон мефиристад. Ба ҳамин минвол, онҳо дар пайдо кардани хешованди худ муваффақ намешаванд. Ҳамчунин, ба қавли Бахтиёр Пӯлодов, як шаҳрванди Ӯзбакистон, Раъно ном дугонаи Кимиё Худоёрова, ки низ ӯро ҷустӯҷӯ мекард, акнун ғайб задааст.

Зафар Раҳимҷонов, консули Ӯзбакистон дар Душанбе гуфт, аз ин қазия хабар дорад ва тибқи маъмул, мақомоти Тошканд дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбакистон бояд дар ҳалли қазия ҳамкорӣ кунанд: «Азбаски хешовандони ӯ дар ин ҷо ба сар мебаранд ва имкони гузаштан ба Ӯзбакистонро надоранд, бояд ба Вазорати корҳои хориҷии худ муроҷиат кунанд. Вазорат сафораташ дар Тошкандро вазифадор мекунад. Он ҷо барои ҳалли масъала ба онҳо кӯмак хоҳанд кард. Агар шаҳрванди мо ба чунин ҳолат афтад, мо бо ҳамин роҳ кӯмак мекунем. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон бояд Вазорати корҳои хориҷиашон кӯмак кунад.»

Давлат Назриев, сарвари раёсати таҳлил ва иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз наздикони Кимиё Ҷӯраева дар санаҳои 6 ва 12 апрел ду мактуб ба вазорат ворид шудааст: «Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон воқеан ба вазорати мо ворид шудаанд. Дар пайи ин қазия ҳастем. Раёсати консулии мо онҳоро омода карда, ба сафоратамон дар Ӯзбакистон мефиристад.»

Ғайб задани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбакистон аз ҳаводиси бесобиқа ба шумор меояд ва ҳам дар ҳолест, ки ду кишвар марҳалаи сардтарини равобити хешро аз сар мегузаронанд. Аммо хешовандони Кимиё Худоёрова ҳадс мезананд, ки қазияи наздикашон ҷанбаи молӣ низ дошта метавонад, зеро ӯ аз фурӯши хонааш дар шаҳри Узун 8 000 доллар дар даст дошт ва ба қавли эшон, дороиву ҷавоҳироти ӯ низ ғайб задаанд.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi