11:24:17 29-уми Июни 2026 сол

Алберт Эйнштейн: Ақле, ки коинотро шинохт

Чеҳраҳои мондагор

Дар таърихи илм касонеро, ки дарки инсонро аз олам якбора тағйир додаанд, метавон дар як даст шумурд. Яке аз бузургтарин онҳо Алберт Эйнштейн физики назариявӣ, офаридгори назарияи нисбият ва яке аз нобиғатарин ақлҳои таърихи башарият мебошад. Вай на танҳо физикаи асри 20-ро аз нав навишт, балки бо чеҳраи хос, хоксорӣ ва андешаҳои фалсафии худ рамзи ақли озод ва ҷустуҷӯйи ҳақиқат гардид. 

Аз кӯдакии сустхон то шаҳодатномаи нобиға

albert enshteyn 6985464545Алберт Эйнштейн 14 марти соли 1879 дар шаҳри Улм (Олмон) дар оилаи яҳудии миёнаҳол ба дунё омад. Дар кӯдакӣ ба нутқи душворӣ дошт ва сустхон буд, ҳатто баъзе муаллимон ӯро «ақлан паси ҳамсолон» меҳисобиданд. Аммо ба ашё ва механизмҳо шавқи амиқ дошт, дар 5-солагӣ бо компас ба ҳайрат омад ва фикр мекард, ки чӣ қуввае тири онро ба шимол нишон медиҳад. Ин кунҷковии кӯдакона баъдан сарчашмаи бузургтарин кашфи илмӣ гардид.

Дар синни 12-солагӣ ба геометрияи Эвклид ва математикаи олӣ шавқ пайдо кард. Соли 1896 ба Донишгоҳи технологии Свитсария дар Зюрих дохил шуд ва соли 1900 онро хатм кард. Пас аз хатм, дар нахустин ҷустуҷӯй барои кори академӣ ноком шуд. Баъд ба идораи патентҳои шаҳри Берн (Свитсария) ба кор даромад, ки дар он ҷо вазъи молиаш ноустувор буд, аммо ин вақт барои андешаи илмӣ барояш муфид гардид.

Соли муъҷиза – 1905

Дар соли 1905, ки дар таърих «соли муъҷиза» ном гирифт, Эйнштейн, дар ҳоле ки корманди оддии идораи патент буд, чор мақолаи инқилобии илмӣ нашр кард. Ҳар кадоми онҳо метавонист физикаро ба роҳи нав равона кунад:

- Эффекти фотоэлектрикӣ, исбот кард, ки рӯшноӣ ҳамчун зарраҳо (фотон) рафтор мекунад.

- Ҳаракати броуновӣ, тасдиқи вуҷуди атомҳо.

- Назарияи махсуси нисбият, вақт ва масофа нисбӣ мебошанд ва вобаста ба суръати ҷисм тағйир меёбанд.

- Муодилаи E=mc² – энергия ва масса баробар ҳастанд ва метавонанд ба ҳамдигар табдил ёбанд.

Ин чор мақола дар тӯли як сол, дар вақте, ки ӯ бо вазъи молии ногувор ва мушкилоти оилавӣ даст ба гиребон буд, ба табъ расид. Эйнштейн баъдтар мегуфт: "Ман кори патентро дошта будам, то битавонам ба физика фикр кунам. Ин беҳтарин мактаб буд."

Назарияи умумии нисбият ва шӯҳрати ҷаҳонӣ

Пас аз 10 сол фикру андеша, соли 1915 Эйнштейн назарияи умумии нисбият-ро ба итмом расонд. Дар ин назария вай нишон дод, ки ҷозиба на як қувва, балки хамиши фазо-вақт аст. Дар соли 1919, тавассути гирифтани акс дар мавриди офтобгирӣ дар соҳили Африқо, назарияи ӯ тасдиқ шуд ва дар тамоми ҷаҳон хабар паҳн гардид.

Аз он вақт Эйнштейн ба симоли бузургтарин нобиғаи илмӣ табдил ёфт. Соли 1921 ба ӯ Ҷоизаи Нобел дар физика дода шуд, на барои назарияи нисбият (ки баъзеҳо онро баҳснок медонистанд), балки барои эффекти фотоэлектрикӣ.

Эйнштейн – ҷустуҷӯгари сулҳ ва инсонгаро

Эйнштейн на танҳо физик, балки фаъоли иҷтимоӣ ва фалсаф буд. Вай бо ҷанги ҷаҳонии аввал (1914-1918) мухолифат кард ва баъд аз дар сари қудрат омадани фашизм дар Олмон (1933), ки яҳудиёнро зери фишор мегирифт, ба ИМА кӯчид. Солҳои 1930–1940, бо дарки хатари эҳтимолии эҷоди бомбаи атомӣ аз тарафи Олмон, номае ба президенти ИМА Франклин Рузвельт навишт ва барои таҳияи атомӣ ҳушдор дод.

Аммо пас аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, вақте бомбаи атомӣ ба Ҷопон партофта шуд, Эйнштейн афсӯс хӯрд ва гуфт: "Агар ман медонистам, ки Олмон атомро нахоҳад сохт, ҳеҷ гоҳ ин номаро наменавиштам." Ӯ то поёни умр барои сулҳ ва барҳамдиҳии силоҳи атомӣ табдиқ кард.

Хоксорӣ ва хандонрӯӣ

Сарфи назар аз шӯҳрати ҷаҳонӣ, Эйнштейн ҳаргиз аҳамияти худро аз ҳад боло намегирифт. Ӯ мегуфт: "Ман ҳеҷ истеъдоди махсусе надорам. Ман танҳо беандоза кунҷков ҳастам." Ӯ бо мазаҳ ва табассум дар бораи илм, забон, сиёсат ва зиндагӣ сухан мегуфт. Яке аз машҳуртарин суханони ӯ дар бораи тахайюл аст: "Тахайюл аз дониш муҳимтар аст. Зеро дониш маҳдуд аст, аммо тахайюл тамоми ҷаҳонро фаро мегирад."

Эътироф дар ҷаҳони муосир

- Соли 1999 маҷаллаи Time Эйнштейнро «Шахси аср» номид.

- Номи ӯ дар физика, математика ва фалсафа ҳамчун рамзи нобиғаи беҳамто боқӣ мемонад.

- Дар саросари ҷаҳон даҳҳо муассисаи илмӣ ва китобхона ба номи ӯ гузошта шудааст.

- Аксҳои ӯ бо забони берунзада дар тамоми ҷаҳон маъруф гардидааст.

Чаро «Чеҳраи мондагор»?

Алберт Эйнштейн ба инсоният нишон дод, ки оламро метавон бо диди комилан нав дид. Вай тавассути тахайюл, садоқат ва ташнагии ҳақиқат, дарки мову коинотро барои ҳамеша тағйир дод. Ӯ исбот кард, ки ақли башар дар ҳар замон метавонад аз маҳдудиятҳои худ боло барда, ба сирри олам наздиктар гардад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ