02:24:44 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХУДКУШИИ МАЪМУРИ ИНТИҚОЛИ ПУЛИ БОНКИ “ЭСХАТА”

Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ бозрасии қазияи худкушии маъмури интиқоли пули (инкассатор) бонки “Эсхата” –ро оғоз кардааст. Сармаст Қучқаров, маъмури интиқоли пули ин бонк рӯзи ҷумъаи 13-уми апрел дар дохили сохтмони дафтари ин бонк дар хиёбони Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе бо истифода аз силоҳи хидматӣ худкушӣ кардааст.

/images/stories/2012/04/17_eskhata-1712.jpgМасъулони ин бонк дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ин хабарро таъйид карданд ва гуфтанд, ки ҳоло бозрасии ин қазия идома дорад ва ба ин далел аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ карданд. Саид Ҷамолов, бозраси додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ бо далели мушобеҳ аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки дар атрофи ин қазия сару садоҳои зиёде паҳн шудаанд. Бархе аз афроди огоҳ мегӯянд, ки Сармаст Қучқаров аз бемории сангине ранҷ мебурд ва ба ин далел худкушӣ кардааст. Бархе дигар аз ин афрод дар бораи рух додани даргирие миёни кормандони ин бонк изҳори назар карда ва мегӯянд, ки дар пайи ин қазия оқои Қучқаров бо истифода аз таппонча кушта шудааст.

Вале масъулони бонки “Эсхата” чунин эҳтимолотро радд карда ва гуфтанд, ки ин ҳодиса танҳо худкушӣ будааст. Аз сӯйи дигар, таҷрубаи фаъолияти бонкӣ ҳокист, ки ба симати маъмури интиқоли пул ё ба истилоҳи русӣ инкассатор афроде истихдом мешаванд, ки вазъи равонии онҳо солим аст.

Зеро, ин афрод силоҳи хидматӣ доранд ва қабл аз дарёфти ҳуқуқи гирифтани силоҳ мавриди чанд санҷиши пизишкон қарор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир дар атрофи бонки “Эсхата” пайваста қазияҳои додгоҳӣ ва ё сирқати маблағ рух медиҳанд.

Чанд соли қабл бархе аз раҳбарияти бонки “Эсхата”, ки дафтари марказии ин ниҳоди молӣ дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ба иттиҳоми сирқати маболиғ ва сӯйистифода аз мақоми хидматӣ равонаи зиндон шуданд.

Соли гузашта як масъули ин бонк дар шаҳри Чкаловск нопадид шуд ва сипас маъмурони интизомӣ аз сирқати маблағи бузурге дар ин бонк гузориш доданд. Ҳоло ин масъули нопадидшудаи бонк мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, ахиран гурӯҳе аз муштариёни бонки “Эсхата” вориди муҳокимаи додгоҳӣ бо раҳбарони ин муассисаи молӣ шудаанд. Онҳо иддаъо доранд, ки масъулони “Эсхата” ғайриқонунӣ бозпасдиҳии дубораи маболиғи вомҳои гирифтаро тақозо кардаанд.

Бо ин вуҷуд, бонки “Эсхата” аз муваффақтарин бонкҳои хусусии Тоҷикистон дониста мешавад ва ҳамкории созмонҳои молии байналмиллалӣ бо ин бонк далели ин амр арзёбӣ мешавад.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi