21:17:25 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУТАВАҚҚИФ ШУДАНИ СОМОНАИ DUSHANBE.TJ

Сомонаи шаҳрдории Душанбе (dushanbe.tj) аз кор афтода ва ҳангоми боз кардани он иттилоъоте дар бораи ширкати мухобиротии Тоҷикистон, мавсум ба “Истэра”, пайдо мешавад.

Зарина Бадикова, як масъули ширкати мухобиротии “Истэра”, ки хидматрасонии сойти шаҳрдории Душанберо ба ӯҳда дорад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки сомонаи шаҳрдории Душанбе ба дархости соҳибони он мутаваққиф карда шудааст. Бархе манобеъ аз эҳтимоли рахна шудани ин сомонаи хабар доданд, вале масъулони шаҳрдории Душанбе ин хабарро такзиб карда ва мегӯянд, ки он ба далели анҷоми корҳои навсозӣ ба таври муваққат аз фаъолият бозмондааст.

Ин сомона омор ва иттилоъоти муҳимме дар бораи шаҳри Душанбе, умури шаҳрдорӣ ва амокини гардишгарии ин шаҳр ироа медод. Хабаргузории Авеста навиштааст, ки ахиран дар сомонаи шаҳрдории Душанбе иттилоъоте дар бораи сомонае ба унвони "zloi.bz" зоҳир шуда буд, ки ба рахна шудани ин сомона ишора мекунад.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, сомонаи шаҳрдорӣ ҳамчунин ҳадафи ҳамалоти вируси "троян" қарор гирифта буд. Ҳамакнун ба назар мерасад, ки ширкати "Истэра", ки фароҳамгари хадамоти интернет барои шаҳрдорист, дар ин сомона иттилоъоти худро ҷойгузини сомонаи рахнагар кардааст.

Зимнан, тайи се ҳафтаи ахир сомонаи расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ фаъол нест. Сулаймон Рашидов, як масъули ин вазоратхона далели ин амрро ба қатъ шудани шабакаи интернет дар вазорати хориҷа марбут хонд.

Оқои Рашидов гуфт, ки ба иллати пойин будани сатҳи хидматрасонӣ дар шабакаи интернет вазорати хориҷа ҳамкорӣ бо ширкати мухобиротии “Вавилон”-ро мутаваққиф карда ва ҳамакнун дар ҷустуҷӯйи фароҳамгари дигари хадамоти интернетӣ будааст.

Дар гузашта аз мавориди рахна шудани вебсойтҳои ниҳодҳои давлатӣ дар бархе аз кишварҳо зиёд гузориш шуда, вале чунин иттифоқе дар Тоҷикистон наюфтодааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, агар рахна шудани сомонаи шаҳрдории Душанбе таъйид шавад, ин аз аввалин мавориди рахна шудани як сомонаи давлатӣ дар Тоҷикистон маҳсуб хоҳад шуд.

Дар гузашта Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ ва хабаргузории "Авеста" дар гузашта аз рахна шудани вебсойтҳои худ хабар дода буданд. Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 чанде аз вебсойтҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, аз ҷумла сомонаи нашрияи "Чароғи рӯз", Фергана.ру, Сентразия.ру, Арияна.се ва ғайра масдуд шуда буданд.

Сомонаи нашрияи "Чароғи рӯз", ки ба Додоҷони Атовулло, хабарнигори мухолифи давлати Тоҷикистон таъаллуқ дорад, то имрӯз масдуд аст. Худи оқои Атовулло солҳои зиёдест, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон, умдатан дар Русия ва Олмон, ба сар мебарад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi