13:53:46 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АБДУЛҚОДИРЗОДА: ДАР МАҲБАСҲО ШИКАНҶА ҶОЙ НАДОРАД

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, хабарҳоро дар бораи шиканҷа дар зиндонҳо «беасос ва иғвогарӣ»-и расонаҳо хонд. Абдулқодирзода, рӯзи 21-уми декабр, зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ки муддати се рӯз аз ҳамаи маҳбасҳои пойтахт дидан карда, бо шароиту аҳволи маҳбусон аз наздик шинос шудааст.

/images/stories/2012/12/21_mufti-211212.jpgРаиси Шӯрои уламо, ки дар ҳузури садҳо намозгузор амри маъруф мекард, таъкид намуд, «он хабарҳое аз тарафи расонаҳо дар бораи шиканҷа ва зӯроварӣ дар маҳбасҳо пахш мешаванд, нодуруст ва иғвогарии худи расонаҳост, ки бо ин мехоҳанд ҷомеаро ноором кунанд.»

Дар ҳамин ҳол Одинашо Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо тасдиқ кард, ки воқеан, тибқи нақшаи пешакӣ раиси Шурои уламо ва намояндаҳои Кумитаи дини Тоҷикистон  ҳафтаи равон аз ҳамаи зиндонҳои пойтахт дидан карданд. Онҳо бо маҳбусҳо суолу ҷавоб карда, бо шароити зисти онҳо дар маҳбас аз наздик ошно шуданд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2012 дар таърихи Тоҷикистон, ҳамчун соли ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои шиканҷа буд ва ҳам соле, ки калимаи "шиканҷа" борҳо дар минбарҳои Созмони Милал, нишастҳои ҳукумати кишвар ва хабару таҳлили расонаҳои ахбори ом садо дод.

Дар ин як сол масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон ду дафъа дар нишастҳои Созмони Милал ва як дафъа дар Анҷумани муассисаи ҳуқуқи башари САҲА (ОБСЕ) баррасӣ шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон имсол аз додрасҳо хост, ба шикояти маҳбусон дар мавриди шиканҷа аксуламал нишон диҳанд.

Моҳе пеш додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода ҳам эътироф кард, ки дар Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд дорад, вале ба қавли ӯ мақомот тамоми роҳҳои қонунии мубориза бо ин падидаро истифода мебаранд.

Созмони Милал қазияи марги Усмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов, Аловуддин Давлатов, (Алии Бедакӣ), Дилшодбек Муродов, Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиевро ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи хешовандонашон, ё бар асари лату кӯби бераҳмонаи маъмурони милиса ё дар натиҷаи зарбу шатта аз тарафи зиндонбонҳо ба ҳалокат расиданд.

Созмони Милал мегӯяд, агарчӣ мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки зиндониён метавонанд, дар сурати вуҷуди шиканҷа расман ва дар номаи баста шикояти худро ба мақомот бирасонанд, аммо зиндониёни тоҷик бисёр вақт коғазу қалам ҳам надоранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi