02:15:26 03-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН ДАР ГУЗОРИШИ ҶАДИДИ СММ

Ҳудуди 12,5 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон эҳтимолан то сини 40-солагӣ умр нахоҳанд дид. Нишондоди бадтар дар ин замина дар миёни кишварҳои минтақа ба Покистон ва Афғонистон марбут аст, ки гуфта мешавад, ҳудуди 50 дарсади сокинони Афғонистон эҳтимолан то ин синн ба сар набаранд.

 

Ҳарчанд СММ мизони савод дар миёни сокинони Тоҷикистон хеле баланд арзёбӣ кардааст, вале шохисҳои дигар ҳокӣ мешаванд, ки то ҳол ин ин амр ба боло рафтани сатҳи зиндагӣ дар ин кишвар мусоъидати андаке доштааст. Ин матлаб дар гузориши тозаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар бораи рушди инсонӣ дар соли 2009 мунташир шудааст. Гуфта мешавад, ки дар миёни кишварҳои шӯравии пешин Тоҷикистон аз лиҳози рушди инсонӣ ҷойгоҳи 127-ум, яъне охиринро касб кардааст.

 

Зимнан, соле қабл низ Тоҷикистон дар ҳамин мавқкъ қарор дошт. Дар ин гузориш сатҳи зиндагӣ, давомнокии умри инсон, сатҳи омӯзиш ва беҳдошт, тавлидоти нохолиси миллӣ ва даромади мардум, озодиҳо ва риояти ҳуқуқи башар дар куллияи кишварҳои ҷаҳон баррасӣ ва муъаян шудааст. Дар соли ҷорӣ чунин пажӯҳиш дар 182 кишвари ҷаҳон анҷом шудааст.

 

Мавқеъи аввал дар ин феҳрастро Норвежӣ ва ҷойгоҳи охиринро Ниҷер ва Афғонистон ба худ ихтисос додаанд. Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое шомил аст, ки мизони мутаввасити рушди инсониро дарихтиёр доранд. Тибқи ин гузориш, мушкили аслӣ дар Тоҷикистон фақр боқӣ мемонад. Дар ин замина аз 135 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар мавқеъи 74 қарор дорад.

 

Дастрасӣ ба оби тоза дар Тоҷикистон маҳдуд будааст. Гуфта мешавад, ки то ҳол 33 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон наметавонанд аз оби тоза истифода кунанд. Дар гузориши тозаи СММ ҳамчунин мавзӯъи муҳоҷират ба баррасӣ гирфита шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳоло 260 милюн нафар дар хориҷ аз кишварҳои худ ба сар мебаранд. Дар мавриди Тоҷикистон омадааст, ки бештаре аз сокинони он ба Русия муҳоҷират мекунанд ва солиёна аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба таври мутавассит ба ҳар як сокини ин кишвар 251 дулор ворид мешавад.

 

Дар мавриди саводнокӣ дар ин гузориш Тоҷикистон ҷойгоҳи 9-ум, болотар аз Русия ва Қазоқистонро ба худ ихтисос додааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ яке аз баландтарин маҳсуб меашвад. Вале ба эътиқоди коршиносон, ин амр мероси замони шӯравии собиқ буда, ҳамзамон ба беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум дар ин кишвар мусоъидати андак кардааст.

 

Тоҷикистон дар феҳрасти рушди инсонии СММ аз соли 1990 бад ин сӯ ворид шуда ва ба гуфтаи коршиносони ин созмон дар даҳ соли аввал шохисҳои ин кишвар мунтазам бадтар шудани вазъро нишон медод. Аммо дар чанд соли ахир коршиносони СММ болоравии сатҳи зиндагии мардум дар Тоҷикистонро мушоҳида карданд, вале дар соли ҷорӣ ин раванд мутаввақиф шудааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854