03:27:53 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

«ТУНДГАРОИИ ДУНЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ ДИНӢ БЕШТАР АСТ»

Дар Тоҷикистон тундгароии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ сарфи назар шуда, бештари таваҷҷӯҳ ба тундгароии мазҳабӣ равона шудааст.

/images/stories/2013/01/04_tundgaroi-040113.jpgИн натиҷаи як пажуҳиши Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) аст, ки рӯзи 3-юми январ дар торнамои расмии ин созмон нашр шудааст. Тибқи ин пажӯҳиш, тундгароии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ба таври лозима инъикос намегарданд.

Созмони НАНСМИТ ё Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Ташкилоти байналмилалии ҷанг ва сулҳ, IWPR, инъикоси масоили тундгароии ҷавонони Тоҷикистонро дар матбуот ва васоити электронии ахбор таҳқиқ карда, эълон намудааст, ки ВАО-и ватанӣ дар ин масъала ақиб мондаанд.

Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, ба ин масъала дар Тоҷикистон бештар расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла "Озодӣ", BBC ва Садои Олмон таваҷҷуҳ мекунанд ва расонаҳои дохилӣ, аксаран матолиби онҳоро бознашр мекунанд.

Муаллифони гузориш, мегӯянд, яке аз заъфҳои баррасии масъалаи тундгароии ҷавонон дар расонаҳои Тоҷикистон ин аст, ки радикализм танҳо ба омилҳои исломӣ рабт дода мешавад ва намудҳои дигари тундгароӣ аслан рушан намегарданд.

Абдумалик Қодиров, раиси намояндагии IWPR дар Тоҷикистон, мегӯяд, дар конфронсе, ки онҳо моҳи декабр, бар асоси ин гузориши таҳқиқотӣ баргузор кардаанд, аксари намояндагони созмону гуруҳҳои мухталифи ҷавонон бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон танҳо тундгароии исломӣ вуҷуд дорад. Ҳол он ки ба қавли ҷаноби Қодиров, радикализми дунявӣ дар Тоҷикистон бештар аз тундгароии мазҳабӣ ҷой дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi