02:35:56 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҷаҳонгардонро чӣ гуна бояд шефтаи Тоҷикистон кард?

Бесарусомониҳо фаъолияти кишварҳои арабро дар бахши туризм ва ҷаҳонгардӣ коста гардонидааст. Аз ин ҳолот истифода бурда, иддае кишварҳо омодагии худро барои пазироии сайёҳон ба харҷ медиҳанд.

sayohon-tajikistan11254Пас барои кишваре чун Тоҷикистон чӣ коре амалӣ сохт, то туризми худро густариш диҳад ва ё чӣ бояд кард, ки таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон бештар шавад? Бо ин савол «Рӯзгор» ба коршиносони гуногун муроҷиат намуд, ки посухашон ба таври мухтасар дар зер меояд.

Қурбон Собир, ҳунарманд

-Шумо як бор аз Тоҷикистон бароед ва баъд ворид шавед. Он гоҳ пай хоҳед бурд, ки дарвозаи кишвар дар чӣ гирифторист. Ростӣ доштани чунин кормандон дар фурудгоҳ шармандагист. Ҳамагӣ як ҳавопаймо меояду воҳимаи рӯзи қиёмат. Агар ду ё зиёда ҳавопаймо биёяд чӣ мекарда бошанд? Ин ҳолро дида, ки ба кишвари мо меояд?

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ

-Фаъолияти сайёҳӣ ё туризм коре аст, ки ба сиёсату фаъолияти роҳбарони ҳамон давлат вобастагӣ дорад. Бубинед, ки як нооромӣ дар кишвари Миср ба рушди туризм то чӣ андоза латма ворид кард. Аз ин рӯ давлатдорони кишвари моро лозим аст, ки барои тақвият бахшидан ба рушди туризм саҳми беандозаи худро гузоранд.

Ва барои ҷалби сайёҳон фақат кӯҳҳои босафову обу манзараҳои дилфиреб кифоя намекунад. Барои ин бояд дар минтақаҳо меҳмонхонаҳо бунёд кард, то сайёҳон ба роҳат истифода карда тавонанд. Аслан меҳмонхонаҳоро набояд дар шаҳри Душанбе сохт, балки дар ҳудуди минтақаҳои бо обу манзар бунёд намуд, ки ин роҳи хуби ҷалби туризм мебошад... 

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос

- Дар ҳақиқат ҳодисаи дар давлати араб рух дода сайёҳонро дар ин давлатҳо кам кардааст ва онҳо самти истироҳатии худро ба дигар давлатҳо кардаанд. Барои он ки Тоҷикистон акалан 1% ё ақалан 2% ин туристҳоро ҷалб кунад, алҳол ягон имконият надорад. Ҳарчанд Тоҷикистон манзара ва табиати дилфиребе дорад, ки сайёҳонро ҷалб намояд.  

Якум, ин шароит-»сервис» барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳрҳои калони мо мисли Душанбе, Хуҷанд умуман мавҷуд нест. Ҳарчанд як-ду меҳмонхонаҳои хуб ҳам дорем. 

Дуюм, барои сайёҳоне, ки аз он давлатҳо бо мо раводид доранд, шароити дарёфти осонтари визаи вуруд ба роҳ монда нашудааст. Ва ба он давлатҳое, ки консулгарии Тоҷикистон дар фурудгоҳ амал менамояд, боз ҳамон фасод ҷой дорад. Ва ин  барои бори дуюм  ба Тоҷикистон омадани турист халал мерасонад.

Сеюм, дар он амокине, ки туристҳо бояд рафта сайру гашт ва тамошо кунанд, ягон меҳмонхонаи хубу роҳҳои хубу тахту ҳамвор надорем. Ин аст, ки онҳо аксаран дар пойтахт мустақар мешаванд ва мераванду бегоҳ боз ба шаҳри пурмағал ногузиранд баргарданд.

Чорум, мардуми мо то ҳол бо ҷаҳонгардон муомила ва рафтори хуб карда наметавонанд ва умуман Тоҷикистон барои қабул кардани туристҳо шароити хуб надорад.

Азорабек Азорабеков, директори ҶДММ «Дишидак»

-Албатта, кишвари мо дорои табиати нотакрор аст, ки таваҷҷӯҳи зиёди сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Вале як доштани чунин табиат мояи хушбахтӣ намешавад. Бояд хизматрасониро ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналхалқӣ ба роҳ монд. Дар ҳоле агар дар минтақаҳхои кӯҳӣ ягон меҳмонхонаи хурди дорои шароитҳои оддитарин яъне, оби гарм, ҳоҷатхонаи тозаву озода набошад, табъи сайёҳ хира мешавад. Даъфаи дигар намеояд ё ба ягон дӯсту шиносаш ҳам омадан ба ин ҷоро тавсия намедиҳад.

Агар хоҳем кишвари сайёҳону ҷаҳонгардон бошем, аз худи фурудгоҳ то ағбаи баландтарини Мурғоб бояд барои будубоши сайёҳон шароити даркорӣ фароҳам орем. Пасон ҳукумат бояд маблағ дареғ надошта, барои баланд бардоштани имиҷи давлат тариқи таблиғот дар расонаҳои бонуфузи хориҷӣ нақш гузорад ва ба ин васила ҷалби ҷаҳонгардон ба диёри кӯҳсори мо беш аз пеш афзун мешавад.

Лола Олимова, коршиноси умури байналмилалӣ

-Бо он инфрастуктурае, ки ҳоло дар Тоҷикистон дорем, дар бораи густариши туризм гуфтан мушкил аст. Аввалан ба нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳо нигаред. Мо дӯстони зиёде дорем, ки Тоҷикистонро дӯст медоранд ва мехостанд ба инҷо сафар кунанд, аммо вақте ки арзиши гарони роҳкироро мебинанд, аз фикрашон мегарданд.  Як дӯсти ман, ки дар Молдова зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки бо нархи як тарафи роҳи ҳавопаймоии Кишинев - Душанбе вай се бор ба Телавив ва Исроил «туда-обратно» сафар мекунад.

Дуюм, ҳар қадар, ки ҳукумат ба роҳсозӣ таваҷҷӯҳ мекунад, ҳамоно мо роҳҳои хуб надорем ва сифати роҳҳои бунёдмешуда аз касе пӯшида нест. Туристони ҳозира хеле “эрка” шудаанд аз ҷиҳати комфорт. Онҳо мехоҳанд ба баландкӯҳҳои Тоҷикистон бо комфорт расанд ва дар онҷо ҳам бо ҳузуру ҳаловат истироҳат кунанд. Ва ҳамаи инро бо нархи ниҳоят арзон дастрас кадран мехоҳанд. Яъне, Тоҷикистон дар соҳаи туризм бо мамлакатҳои араб рақобатпазир бояд бошад. Ин кай мешавад? Худо медонад. Чун ки мо на танхҳо меҳмонхонаҳои бароҳат надорем дар минтақаҳо, балки хизматгузории дурустро ба роҳ монда наметавонем.

Хилватшоҳи Маҳмуд, роҳбари Гурӯҳи расонаҳои “Озодагон”

-Тоҷикистон бо табиати биҳиштосо миёни дигар кишварҳои минтақа ҷойгоҳи хоси худро дорад. Манотиқи куҳистони Бадахшону Зарафшон бошад, аз қадим ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб карда буданд ва маҳз аз ин ду ҷой туристон бештар дидан мекунанд. Дар ҷануби кишвар ва маркази он низ мавзеъҳои тамошобоб зиёданд, аммо туризми муосир бештар ба бозёфтҳои антиқа (кадима) ва манзараҳои кӯҳистон таваҷҷӯҳ дорад.

Маврид ба тазаккур аст, ки бо тамоми имкон ва зарфият ҳам, агар масъулини бахши туризми Тоҷикистон кӯшиш кунанд, на бештар аз 5 дарсад аз сайёҳоне, ки масалан Мисрро медиданд, ҷалб карда наметавонад. Туристон ба Миср маҳз барои тамошои аҳромҳои фиръавн ва оббозӣ дар баҳр мерафтанд, дар Тоҷикистон на ин асту на он. Яъне, қиёси табиати Осиёи Марказӣ бо давлатҳои арабӣ нодуруст аст. Ҳарчанд табиату ҳавои мо аз он кишварҳо ба маротиб хубтару зеботар ҳам бошад, чашми ҷаҳонгардон ҳануз ҳам ба «экзотика»-и арабӣ аст.

Шавкат Шарифов, коршинос

Аввалан, барои ҷалб намудани туристон ба кишваре чун Тоҷикистон рекламаи хуб лозим аст. Хусусан, доштани студияҳои телевизионии моҳвораӣ ба ин хело мусоидат мекунад. Аммо имконияти Тоҷикистон дар ин ҷода маҳдуд аст. Боз ҳам телевизионҳои Тоҷикистон бештар сиёсатзада буда, ба масъалаҳои маънавӣ ва иктисодиёт хело аҳамияти кам медиҳад.

Ин баёнгари он аст, ки барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон сиёстзадаву дилгиркунанда буда, баъзе аз таҳлилҳо ва назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки онҳо ба таври дилхоҳ ҳатто дар дохил низ тамошобин надорад. Як омили дигар ин аст, ки аксар мавзеъҳои туристии Тоҷикистон ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Тозагӣ, муомилаҳои кормандон ва ходимони истирохатгоҳ ва осоишгоҳҳо, мавзеъҳои табобатӣ тамоман аз маданияти меҳмондорӣ фарсахҳо дур аст.

Боз махсус ширкатҳо ва оҷонсиҳои турист-рекламавӣ лозиманд, ки аз табиати зебову дилнишин ва мавзеъҳои табобативу осоишгоҳҳои хуби Тоҷикистон махсус филмҳои рекламавӣ сабт намуда, бо забонҳои гуногун ба ҷаҳониён ба намоиш гузоранд. Одобу маданияти фарқкунанда аз дигарон ва услубҳои нави меҳмондории хоси шарқиёна бояд дар донишкадаҳои махсус омӯзонида шаванд.

Аммо аз тарафи дигар туризм ва сайёҳат агар ба маънавиёти мардуми кишвар таъсироти манфӣ мерасонида бошад, аз ин тарҳи иқтисодӣ бояд даст кашид, зеро баъдтар даҳҳо баробар масраф лозим мешавад, ки ин мардумро ба одобу ахлоқу маданияту маърифат ва муқаддасоти худашон баргардонед.

Умед Давлатзод, иқтисодшинос

-Аввалан, барои қабули ҷаҳонгардон инфрасохтори сатҳи байналмилалӣ лозим аст. Яъне, терминали ҳавоиву постгоҳҳои замонавӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳатто бо мутахассисони варзидаи ифтихори миллидоштаи донандаи ҳадди ақал як забони хориҷӣ. Дуввум, фарҳанги меҳмондории худро бояд тағйир диҳем. Яъне, агар ӯ меҳмони шахсии мост, пас меҳмонии ӯ як рӯз аст, пасон бояд пардохт намояд. Ва ин иртибот дорад ба ҳамаи зинаҳо.

Саввум, мо аксаран мегӯем, ки имрӯз аллакай дар фалон донишгоҳу донишкада ихтисосҳои туризму меҳмондорӣ кушодаему аллакай ҳатто мутахассис низ дорем, аммо боре арзёбии сатҳи тахассуси онҳоро нагузаронидаем. Баъдан, пеш дафтари арзу шикоятҳо дар ҳамаи корхонаҳои сохҳаи хизматрасонйӣ буд, ки ҳангоми тафтиш аз он истифода мешуд. Минбаъд, соҳаи косибиро бояд ривоҷ дод, ки туристон савғотиҳои хоси Тоҷикистонро бо худ бибаранд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi