18:07:56 15-уми Августи 2025 сол

Мулоқоти роҳбарони мақомоти энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

14-уми августи соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд вохӯрии кории вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов баргузор гардид.

4 muloqoti tj uz 2365541254Дар мулоқот, ҳамчунин ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб, иборат аз роҳбарон ва мутахассисони баландпояи ширкатҳои энергетикӣ, муассисаҳои марбута ва сохторҳои масъули соҳа, иштирок намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронӣ ҳайати меҳмонони кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатӣ, ки бо ташаббус ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ гардидаанд, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла энергетика, бо суръат рушд карда, устувор ва пурсамар вусъат меёбанд.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, баррасии масъалаи техникии ҷойдошта дар доираи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ», инчунин имконияти таҳвили гази табииро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бародарона ва стратегӣ ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар изҳор доштанд.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854