18:35:42 19-уми Августи 2025 сол

Ба истиқболи 34 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Дар давоми 34 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи роҳандозии сиёсати босамари иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дастовардҳои назаррас ба даст омад. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии соҳа таҳким ва рушд ёфта, барои пешрафти соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.

1 niyoz qurbonov 3265412455Дар ин давра 3 қонун, 1 стратегия, 2 консепсия ва 30 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба танзими равандҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия, қабул ва татбиқ шудаву амалӣ гардида истодаанд, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми кишвар нақши хеле муҳим доранд.  

Аз ҷумла, қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» (аз 1 августи соли 2003, №44), «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» (аз 29 январи соли 2021, №1761), «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» (аз 24 феврали соли 2017, №1394), «Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №183), Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2022, №263), «Нақшаи миллии татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, №391),   «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 июни соли 2011, №277), «Дар бораи тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2017, №568), «Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии шаҳрвандони бекор» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №373), «Дар бораи Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгўи корҳои ҷамъиятӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №93), «Дар бораи номгўи корҳои ҷамъиятӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №121), «Дар бораи тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004, №170), «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №93» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №106), «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №62), «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №62» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №136), «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №62» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №439), «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №181), «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №181» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №675) ва 9 Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2007, 2008-2009, 2010-2011, 2012-2013, 2014-2015, 2016-2017, 2018-2019, 2020-2022 ва 2023-2027, ки айни ҳол мавриди татбиқ қарор дорад.

Ғайр аз ин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №419 “Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва аз 31 июли соли 2025, №430 “Барномаи омодасози мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2029” қабул гардиданд, ки тадриҷан амалӣ карда мешаванд.

Бо дарназардошти пайдо шудани шаклҳои нави муносибатҳои меҳнатӣ (“шуғли фосилавӣ”, “худмашғулӣ”) феълан аз ҷониби вазорат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шуғли аҳолӣ” дар таҳрири нав омода шудааст. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5 505,6 ҳазор нафар то ба 10 682,9 ҳазор нафар ё 1,9 баробар афзуд.

Дар ҳамин давра шумораи захираҳои меҳнатии кишвар аз 2 526,0 ҳазор нафар то ба 6 152,1 ҳазор нафар ё 2,4 маротиба зиёд гардид. Мутаносибан ба ин, қувваи кории кишвар (аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъол) 36,6 фоиз ё 721,7 ҳазор нафар афзоиш ёфт. Шумораи аҳолии дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул бошад, дар даврони истиқлолият аз 1 971,3 ҳазор нафар то ба 2 661,7 ҳазор нафар ё 35,0 фоиз зиёд шуд. Дар ҳамин замина ҳаҷми Маҳсулоти Умумии Дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз 13,4 миллион сомонӣ дар соли 1991 то ба 153,4 миллиард сомонӣ дар соли 2024 афзоиш ёфта, тақсимоти он ба ҳар сар аҳолӣ дар ин давра аз 2,5 сомонӣ то ба 14,7 ҳазор сомонӣ баробар шуд.

Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи солҳои навадум то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд ва ҳадафи кишвар то ба 10,0 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ то соли 2030 мебошад. Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба ин дастовардҳо саҳми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ тавассути таҳия ва татбиқ намудани Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1 млн. 182 ҳазору 580 нафар шаҳрвандони бекор дар соҳаҳои иқтисодиёт бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шуданд. Дар ин давра, ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 3 млн. 300 ҳазору 092 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 2 млн. 992 ҳазору 843 нафар ба ҳайси корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба 1 млн. 557 ҳазору 613 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.

Аз шумораи умумии бекорони расман ба қайд гирифташуда (1 млн. 557 ҳазору 613 нафар) бо мусоидати бевоситаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 1 млн. 182 ҳазору 580 нафар бекорон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки дар таносуб ба шумораи умумии бекорони расман ба қайд гирифташуда 75,9 фоизро ташкил медиҳад. Дастоварди муҳим дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди низоми таҳсилоти касбии калонсолон дар Тоҷикистон мебошад.

Маҳз дар ҳамин давра, заминаи меъёрию ҳуқуқии низоми таҳсилоти касбии калонсолон дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, дар айни замон муассисаҳои таҳсилоти касбии калонсолон бо филиалҳо ва намояндагиҳои худ, теъдоди 75 ададро ташкил медиҳанд ва дар саросари кишвар хизматрасониро дар самти таълими касбӣ амалӣ менамоянд. Аз давраи ташкил шудани низоми таҳсилоти касбии калонсолон дар Тоҷикистон, маҳз дар муассисаҳои таълими касбии ин низом 485,9 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўёну муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври ройгон аз тайёрии касбӣ гузаштаанд.

Дар баробари ин, дар доираи амалисозии Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 317,6 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуда, барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба 71,0 ҳазор нафар қарзҳои имтиёзноки бефоиз дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки омили муҳиму мусоидаткунанда барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, ин таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт мебошад.

Дар давоми 34 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар 3 млн. 716 ҳазору 985 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин замина суръати баланди афзоиши Маҷмўм Маҳсулоти Дохилӣ таъмин карда шуд. Ҳамин тавр, маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муназзами фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил карда шуд, ки ин низом алҳол дорои заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва нерўи кадрӣ буда, барои босамар таъмин намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама имкониятҳо бархўрдор мебошад.

Дар даврони тақдирсози мамлакат масъалаҳои мусоидати ройгон дар интихобу дарёфти кори мувофиқ, гирифтани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ, хизмати миёнаравии ройгон, тамоюлҳои касбӣ, тарбия ва бозомўзии касбӣ, такмили ихтисос, пардохти кумаки молиявӣ барои давраи бекорӣ, таъмини дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурду миёна, ки ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд меорад, аз силсилаи фаъолиятҳое мебошанд, ки тавассути ҷаҳду талошҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат ба амал бароварда мешаванд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар пешорўи сохтанҳо, навкориҳо ва тозаандешиҳо қарор дорад ва вобаста ба тағйир ёфтани шакл ва мазмуни зиндагии сокинони кишвар дар қонунгузорӣ, меъёрбандӣ ва санадгузориҳо низ тағйирот ба миён меоянд. Ҳамвора ба пешбурди фаъолиятҳои амалӣ, дар давоми ин солҳо мутахассисони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа низ бо имкониятҳои дастдошта ва истифодаи захираҳои зеҳниашон ширкат варзидаанд.

Ҳамзамон, соли 2003 бо назардошти тағйиротҳои кулли баамаломада дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва моҳиятан ба талаботи замони муосир ҷавобгў намудан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар таҳрири нав омода ва аз тарафи Парлумони кишвар қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Баъдан дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни мазкур 5 маротиба тағийру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар ин давом аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии такмили сохтор ва пешрафти самтҳои фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ зиёда аз 25 қарорҳои фарогирандаи паҳлуҳои гуногуни соҳа ба тасвиб расидаанд.  

Илова бар ин, ҷиҳати рушду такомули минбаъдаи соҳа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сохторҳои таркибии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, 9 (нуҳ) Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки дурнамои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамоянд, таҳия, қабул ва амалӣ шудаву идома доранд.

Барномаҳои мазкур ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон, барномаҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳими иҷтимоӣ дошта, дар таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ саҳми муносиб доранд. Ин барномаҳо аз маҷмўи тадбирҳое иборат мебошанд, ки пеш аз ҳама ба паст намудани шиддати вазъ дар бозори меҳнати дохили кишвар ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудаанд.

Мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат тайи ин солҳо фаъолияти худро дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ҳуҷҷатҳои Стратегӣ ва барномавии соҳа ва дастуру ҳидоятҳо аз паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо, аз қабили татбиқи сиёсати фаъол бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати арзанда, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, дастгирии табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ба натиҷаҳои муайян муваффақ гардид. Аз ҷумла, дар даврони 34 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 1 млн. 557 ҳазору 613 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 317 ҳазору 758 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 485 ҳазору 887 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 382 ҳазору 521 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор кумакпулӣ барои давраи бекорӣ пардохт гардид. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 3 млн. 716 ҳазору 985 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 13486 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва барномаҳои миёнамуҳлати мусоидат ба шуғли аҳолӣ сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз 83,0 фоизи солҳои 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 ё худ 3,9 маротиба коҳиш дода шуд ва ҳукумати кишвар тасмим дорад, ки то соли 2030 ин нишондиҳандаро то ба 10,0 фоиз расонад.

Ниёз Қурбонов, Сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

www.mehnat.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ