«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Шурои ҳамоҳангсози рушд муаррифӣ гардид
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest - 2025» ва «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муаррифӣ карда шуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода дар баромади худ ҳадаф ва аҳамияти асосии форумро баён намуда, зикр кард, ки чорабинии мазкур минбари фарогир барои муаррифии имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон, густариши ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest 2025» рӯзҳои 14-16—уми октябри соли ҷорӣ таҳти унвони «Сармоягузории сабз: имконияти имрӯз барои устувории фардо» баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии Форум ин муаррифии имкониятҳои сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сармоягузории бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳое, ки барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ва минтақа ҳавасманданд мебошанд, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии кишвар, густариши ҳамкориҳо байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ватанию хориҷӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.
Форум ҳамчунин платформаи муносибро барои ҷонибҳои гуногун, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, ширкатҳову ташкилотҳои тиҷоратӣ, сармоягузорону соҳибкорон, ҷиҳати мубодилаи афкор, донишу таҷриба, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ муҳайё менамояд.
Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласа «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муаррифӣ карда шуд.
Стратегия сиёсати давлатии сармоягузориро дар Тоҷикистон барои давраи дарозмуҳлат муайян намуда, вазифаҳои мушаххасро барои беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ дар бар мегирад.
Бо дарназардошти иқтидори бузурги Тоҷикистон дар истеҳсоли неруи барқи таҷдидшаванда, имкониятҳои васеи бахшҳои гуногуни иқтисод барои сармоягузории «сабз» ва сиёсати пайгиронаи Ҳукумати кишвар оид ба табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари «сабз», инчунин дар асоси тамоюлҳои ҷаҳонии сармоягузорӣ, Стратегия Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои зарфият ва имкониятҳои назарраси сармоягузории «сабз» муаррифӣ менамояд.
Дар ҷараёни муҳокима ҷонибҳо андешаҳои худро оид ба раванди омодагӣ ба Форум ва механизмҳои татбиқи Стратегия баён намуда, бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои шарикӣ, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддат таъкид карданд.
investcom.tj