ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ МОЛИЁТИ ИЗОФӢ ХОҲАНД ПАРДОХТ
Баъд аз мавриди иҷро қарор гирифтани муқаррароти ин қонун ширкатҳои ироакунандаи хадамоти телефoни ҳамроҳ бояд молиёти изофии се дарсадӣ пардохт кунанд. Таҳияи ин қонун ба манзури ғанӣ сохтани будҷети Тоҷикистон сурат гирфитааст, ки ба камбуди маблағ рӯбарӯ аст.
Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон қонуне баҳсбарангездар бораи роҳандозии молиёти изофӣ барои истифода аз телефoнҳои ҳамроҳ ё мобилиро тасвиб кард. Баъд аз ба иҷро даромадани ин қонун ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефуни ҳамроҳ бояд се дарсад молиёти изофӣ ба давлат пардохт кунанд. Таҳияи ин қонун ба манзури ғанӣ сохтани буҷети Тоҷикистон сурат гирфитааст, ки ба гуфтаи манобеъи огоҳ, башиддат бо камбуди ҳазина рӯбарӯст.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 24 ноябр зимни муъаррифи тарҳи ин қонун дар ҳузури вакилони Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки дар сурати иҷрои ин муқаррарот, ҳамасола ба буҷети кишвар ҳудуди сӣ милюн сомонии изофӣ ворид хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, ҳоло суди солиёнаи ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефуни ҳамроҳ дар Тоҷикистон ҳудуди як милёрду 800 милюн сомонӣ ё муъодили 400 милюн дулори омрикоиро ташкил медиҳад.
Дар гузашта зимни баррасии ин пешниҳоди Вазорати молияи Тоҷикистон, бисёре аз масъулони ширкатҳои мобилӣ изҳор доштанд, ки дар ниҳоят, пардохти молиёти изофӣ бар дӯши муштариён вогузор хоҳад шуд. Рӯзи чаҳоршанбеи 24 ноябр зимни муҳокимаи тарҳи ин қонун дар Маҷлиси Намояндагон Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикитсон дар порлумон, гуфт, ки дар пайи роҳандозии молиёти изофӣ қимати истифода аз телефoнҳои ҳамроҳ боло хоҳад рафт.
Вале ба эътиқоди вазири молияи Тоҷикистон, ширкатҳои мобилӣ молиёти изофиро аз ҳисоби суди бадастовардаи худ бояд пардохт кунанд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, низ зимни ибрози нигаронӣ аз эҳтимоли болоравии ҳаққи истифода аз телефунҳои ҳамроҳ, хабар дод, ки баъд аз ба иҷро даромадани ин муқаррарот вакилони порлумон якҷо бо масъулони Идораи зиддиинҳисори Тоҷикистон кумисиюни муштаракеро барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати хадамоти телефунҳои ҳамроҳ таъсис хоҳанд дод.
Зимнан, роҳандозии молиёти изофӣ барои истифода аз телефунҳои ҳамроҳ дар кившарҳои шӯравии пешин бесобиқа арзёбӣ мешавад. Дар кишварҳои пешрафта молиёти изофӣ маъмулан барои ҷавоҳирот, маводди сӯхтӣ, машрубот ва худравҳо эъмол мешавад. Вале Сафаралӣ Наҷмиддинов ахиран гуфт, ки мизони молиёт барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соири кишварҳо ба таври қобили мулоҳизае пойин аст ва ба ин далел онҳо тавони пардохти молиёти изофиро хоҳанд дошт.
Аммо, масъулони ширкатҳои мобилӣ ин иддаъоро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки махориҷи таъмини хадамоти телефoнҳои ҳамроҳ зиёд аст ва пайваста ба сармоягузорӣ ниёз дорад. Ба эътиқоди онҳо, роҳандозии молиёти изофӣ аз рушди ин бахши иқтисод монеъ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки коршиносон хадамоти телефoнҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистонро танҳо бахши иқтисоди ин кившар медонанд, ки дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои дигари собиқи шӯравӣ рушди бештаре доштааст.
Ба унвони мисол, гуфта мешавад, ки ширкатҳои тоҷикистонии фароҳамгари хадамоти телефoни ҳамроҳ ҳанӯз дар соли 2005 сервиси гуфтугуйи видеюии 3G-ро роҳандозӣ кардаанд. Вале ин сервис дар Русия порсол мавриди истифода қарор гирифтааст. Тайи солҳои ахир фаъолияти ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон пайваста мавриди таваҷҷӯҳи мақомот қарор гирифтааст. Президент Раҳмон дар гузашта дастур дода буд, ки истифода аз ин навъи мухобирот, бавижа барои кӯдакон ва наврасон, маҳдуд шавад.
Ба ин далел, мақомоти зирабт тасмим гирфта буданд, ки шогирдони мадорис ва донишҷӯёнро бо телефуни ҳамроҳ ба муассисоти омӯзишӣ роҳ надиҳанд. Дар баҳори соли ҷорӣ оқои Раҳмон ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мардуми Тоҷикистон барои истифода аз телефунҳои ҳамроҳ маболиғи зиёде сарф мекунанд, ки ин маблағ, дар ниҳоят, ба хориҷ аз кишвар интиқол меёбад. Дар пайи чунин изҳори назари раиси ҷумҳур талошҳое барои маҳдуд сохтани таблиғоти ширкатҳои мобилӣ анҷом шудааст. Аммо дар пайи интиқодоти шадиди гурӯҳҳои ҷомеъаи маданӣ ин муқаррарот лағв шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3654-2010-11-24-11-15-30.html
Шарҳҳо
RSS Обуна