Мулоқоти Йозеф Блаттер бо роҳбарони футболи тоҷик
25-уми январи соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти Йозеф Блаттер, Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бо Хуршед Мирзоев муовини аввали Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон ва Ислом Маҳмадшоев, дабири ФФТ баргузор гардид.
Ин мулоқот дар чаҳорчӯбаи мусобиқаи футбол барои Ҷоми кишварҳои ҳамсуд, ки дар он 12 даста аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, азҷумла дастаи яккачини ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон, қувваозмоӣ менамоянд, баргузор шуд. Дар ин мулоқот раҳбарони федератсияи футболи мамлакат аз кумаку дастгириҳое, ки дар ин чанд соли ахир ФИФА барои рушду тараққиёти футболи тоҷик кардааст, ба президенти ФИФА ибрози миннатдорӣ карданд.
Гуфта шуд, ки раҳбарияти ФФТ аз сиёсати пешгирифтаи президенти ФИФА дар марҳилаи кунунӣҷонибдорӣ мекунад. Йозеф Блаттер дар суҳбат аз вазъи футболи кишвар, натоиҷи мусобиқоти мавсими гузаштаи футболи Тоҷикистон, мушкилоти он суол кард ва посухи қаноатбахш гирифт. Ибтикори раҳбарияти ФФТ оиди соли 2014 соли оммавӣ эълон шудани футбол дар Тоҷикистонро президенти ФИФА қобили қабул донист.
"Рӯзгор"