14:32:54 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Паҳлавони тоҷик - барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии самбо

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар давраи Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев медали биринҷӣ ба даст овард.

sambo-jhhhhИн мусобиқа, ки аввалин давраи Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, рӯзҳои 25-ум ва 26-уми январ дар шаҳри Алматии Қазоқистон дар ду намуд - самбои варзишӣ ва самбои размӣ бо ширкати беш аз 350 гуштигир (мардону занон) аз 17 кишвари ҷаҳон - Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Руминия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина баргузор шуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 14 гуштигир дар намуди самбои варзишӣ байни мардон таҳти раҳбарии мураббӣ Фарҳод Раҳматуллоев намояндагӣ карданд. Аз байни онҳо танҳо як нафар - Акмалиддин Каримов ба ватан бо медал баргашт.

Бояд гуфт, ки ин мусобиқа барои бори шашум баргузор шуд. Ғолибони мусобиқаи имсола дар вазни худ бо медалҳои тилло ва 1000 доллар, барандагони ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра ва 500 доллар, барандагони ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ ва 250 доллар мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 11 медали тилло (5 медали тилло дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ, 4 медали тилло миёни мардон ва 2 медали тилло дар самбои размӣ байни мардон) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 6 медали тилло ҷойи дувум ва дастаи Беларус бо касби 2 медали тилло ҷойи севумро гирифтанд.

Сергей Кирюхини русиягӣ бо ҷоизаи мухсус "Барои ирода баҳри ғалаба" ва 3 ҳазор доллар, ки Федератсияи самбои Қазоқистон таъсис додааст, мукофотонида шуд. Инчунин Андрей Казюсеноки беларус бо ҷоизаи "Кашфиёти мусобиқот" ва Ормон Оспанови қазоқ бо ҷоизаи "Барои техникаи беҳтарин" сарфароз гаштанд. Ерболат Бойботиров аз Қазоқистон беҳтарин варзишгари мусобиқот эътироф гардид ва бо мошини сабукрави тамғаи "Hyundai Accent" қадрдонӣ шуд.

Нарзуллоҳ Латифов



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi