19:03:17 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баъди як рӯз Бозиҳои зимистонаи олимпӣ оғоз меёбанд

Баъди як рӯз дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия муҳимтарин рухдоди варзишии соли 2014, Бозиҳои  бисту дуввуми зимистонаи олимпӣ шуруъ мешаванд. Нахустин бозиҳои зимистонаи олимпӣ расо навад сол муқаддам моҳҳои январ-феврали соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса баргузор гардида буданд. Дар он ҳамагӣ 293 варзишгар аз 16 кишвари ҷаҳон байни ҳам дар чор намуди варзиш барои 16 бастаи (комплект) нишонҳои олимпӣ қувваозмоӣ карда буданд.

sochi 2014-01Кумитаи байналмилалии Олимпӣ ба ин Бозиҳо варзишгарони Олмонро ба хотири он ки давлаташонро гунаҳкори оғози Ҷанги якуми ҷаҳон медонистанд, даъват накарданд. Бозиҳои зимистонаи қабл аз Сочӣ дар шаҳри Ванкувери Канада баргузор гардида буданд, ки дар он 2766 варзишгар аз 82 кишвари олам дар 7 намуди варзиши зимистона барои 86 бастаи медалҳои олимпӣ мубориза бурданд. Расми кушоди Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи 7-уми феврали 2014 дар варзишгоҳи "Фишт", ки онро махсус барои бозиҳои олимпӣ бунёд кардаанд, дар ҳузури 40 ҳазор тамошобин баргузор мегардад.

Дар қатори 2800 варзишгаре, ки қарор аз аст 105 кишвари олам барои ширкат дар Бозиҳои биёянд, ду варзишгари тоҷикистонӣ низ хоҳанд буд. Инҳо лижаронҳои куҳӣ Андрей Дригин ва Алишер Қудратов мебошанд. Андрей Дригин ягона варзишгаре дар Тоҷикистон аст, ки инак дар чорумин Бозиҳои зимистонаи Олимпӣ ширкат хоҳад кард. Ӯ ҳанӯз соли 2002 дар Бозиҳои 20-уми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Лейк Плесиди ИМА бо бузургтарин лижаронҳои куҳии олам қувва озмуда буд. Баъдан соли 2006 дар Олимпиадаи Турин (Италия) ва соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувер (Канада) Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.

Алишер Қудратов нисбатан ҷавон бошад ҳам, вале дар бозиҳои Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯ ширкат намуда таҷрибаи муайяне андухтааст. Ин таҷриба ҳангоми ширкат дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ, ки соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида буд ва ба кор омад ва дар байни 24 варзишгари қораи Осиё ҷои 11-умро касб карда буд.

Мавриди зикр аст бигӯем, ки махсус барои гузаронидани Бозиҳои олимпӣ дар зарфи камтар аз 4 соли ахир 11 варзишгоҳи ҳозиразамон сохта шудааст. Ин варзишгоҳҳо дар ду минтақаи Сочи бунёд гардидаанд: як қисми онҳо дар лаби Баҳри Сиёҳ, қисмати дигарашон дар мавзеи куҳие, ки аз шаҳр  50 километр масофа дорад. Вале ин масофаро мусофирон тариқи роҳи поездҳои барқии ҳозиразамон, ки ба ҳамин муносибат сохта шудаанд, дар зарфи 30 дақиқа тай хоҳанд кард. Тибқи маълумоти расмӣ барои ҳаматарафа омода шудан ба гузаронидани чунин як ҷашни бошукӯҳи варзишии аҳамияти фавқулодда бузурги сиёсиву варзишии байналмилалӣ дошта 214 миллиард рули русӣ масраф шудааст, ки 100 миллиарди онро Федератсияи Русия аз будҷаи давлат пардохтааст. Маблағи боқимондаро маблағгузорони хориҷиву дохилӣ пардохт кардаанд.

Дар бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи варзишгарон аз рӯи 7 намуди варзиш қувваозмоӣ хоҳанд кард. Инҳо биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронӣ, чанатозӣ ва хоккей мебошанд. Бояд гуфт, ки дар ин 7 намуди варзиши зимистона 98 баста (комлект) медалҳо (тилло, нуқра, биринҷӣ) ба онҳое, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол мекунад, дода мешавад. Гап дар ин ҷост, ки дар ҳар як намуди варзиши зимистона чанд навъи қувваозмоӣ вуҷуд дорад. Масалан дар як худи намуди лижаронӣ 49 навъи қувваозмоӣ вуҷуд дорад: лижаронии куҳӣ (лижаронии куҳӣ дар навбати худ ба 10 навъ ҷудо мешавад), лижаронии дуҳарба (3), паридан бо лижаҳо аз трамплин (4), пойгаҳ дар лижаронӣ (12), фристайл (10), сноуборд (10). Ҳамин тариқ дар намуди биатлон барои 11, дар намуди бобслей барои 5, дар намуди кёрлинг барои 2, дар намуди конкитозӣ барои 25, дар намуди чанатазоӣ барои 4, дар хоккей барои 2 бастаи  медалҳо қувваозмоиҳо баргузор хоҳанд шуд. Барои ғолибони ҳар як навъи қувваозмоӣ медал дода мешавад.

Мо барои ҳамдиёрони худ Андрей Дригин ва Алишер Қудратов дар ин Бозиҳо комёбиҳоро орзумандем.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi