18:07:38 11-уми Июни 2026 сол

Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934

Чемпионати дуюм соли 1934 аз 27 май то 10 июн дар кишвари Итолиё доир гардид.

world cup 1934 tunrИн аввалин бор буд, ки барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дастаҳо бояд марҳалаи интихобиро тай мекарданд. Дар ниҳоят, 16 даста ба финалҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Қаҳрамони давраи гузашта, дастаи Уругвай, бо норозигӣ аз ҳамкорӣ накардани дастаҳои аврупоӣ дар чемпионати 1930, ин мусобиқаро байкот кард.

Дар финал, ки дар шаҳри Рум баргузор шуд, дастаи мизбони Итолиё бар Чехословакия бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст овард ва аввалин қаҳрамони аврупоии ҷаҳон гардид. Голи ҳалкунанда дар вақти иловагӣ аз ҷониби Анҷело Скьявио зада шуд.

Ҷоми ҷаҳон барои аввалин бор ба Аврупо омад, аммо таҳти сояи сиёсати вақт гузашт, зеро ҳукумати фашистии Бенито Муссолини ин чорабиниро барои баланд бардоштани нуфузи сиёсии худ истифода бурд.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ