00:16:28 07-уми Июли 2026 сол

Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад

15 ва 16 августи соли равон бахшида 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – «гӯштингирӣ» баргузор мегардад.

gushtingiri 6556565510Тавре мо хабар медиҳад, дар чемпионат варзишгарони беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок хоҳанд намуд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари амрикоӣ тақдим карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ аз 28 то 31 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок карда буданд.

Меҳрони ҚУРБОН, шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ