17:34:36 04-уми Июни 2025 сол

ТАЪЛИМИ ХАТТИ ФОРСӢ: МУЛЛОҲО АЗ МУАЛЛИМОН ПЕШДАСТАНД

Абдуҳалими 12-сола аз беҳтарин шогирдони Мижгона Қодирова, омӯзгори фанни алифбои ниёкон дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе аст. Вай бо хатти форсӣ равон хонда ва навишта метавонад. Ҳарчанд дар мактаб низ дарси “алифбои ниёкон” омӯхта мешавад, Абдуҳалим хатти форсӣ ё арабиро дар назди мулло омӯхтааст. Ба ин савол, ки ҳадафаш аз омӯзиши хатти форсӣ ё арабӣ чист, Абдуҳалим гуфт, ки мехоҳад “савоб бигирад.”

 

Вай гуфт: “Ман арабиро барои савоб гирифтан мехонам. Намоз мехонам, намоз нахонам, бобом маро ҷанг мекунад.” Абдуҳалим мегӯяд якчанд ҳамсинфи дигар ҳам дорад, ки хатти форсиро хуб медонанд ва “онҳо ҳам дар мактаб не, дар пеши мулло арабиро ёд гирифтаанд.”

 

Мижгона Қодирова зарфи панҷ сол дар мактаби ҳамагонӣ ба кӯдакони синфҳои чаҳор то ҳафт хатти форсӣ меомӯзонад. Вай бо ибрози таассуф мегӯяд, ки тибқи барномаи таълимии мактабҳои ҳамагонӣ кӯдакон наметавонанд бахубӣ хатти форсиро аз худ кунанд.

 

“Дар мактаб кӯдакон аз синфи чаҳор то ҳафт ҳафтае як соъат фанни “алифбои ниёкон” доранд, ки хеле андак аст. Аз ин ҳафта то ҳафтаи дигар кӯдакон ҳарферо, ки гузаштем, фаромӯш мекунанд. Танҳо кӯдаконе, ки дар назди муллоҳо “сабақ” мегиранд, форсии равон доранд.”

 

Ин дар ҳолест, ки Наврӯз Хокироев, як масъули умури таҳсилоти миёна дар Вазорати маъориф мегӯяд ҳадафи аслии ворид кардани фанни “алифбои ниёкон” ба барномаҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дастрасии ҷавонон ба осори таърихӣ, фарҳангӣ ва адабии гузаштагон аст.

 

Ба ин тартиб, муллоҳо, ки ҳадафи онҳо аз омӯзондани хатти арабӣ ба кӯдакон хонда тавонистан ва аз бар кардани мутуни мазҳабӣ аз сӯйи шогирдонашон аст, дар фаъолияти худ нисбат ба масъулони умури омӯзишу парвариш муваффақтар ба назар мерасанд. Ин дар ҳолест, ки Толиб Шарипов, раиси маркази фанноварии иттилоъотӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мӯътақид аст, ки донистани хатти форсӣ танҳо роҳи рушди зеҳнҳо дар ин кишвар аст.

 

Вай гуфт: “Қаблан мо аз тариқи забони русӣ ба илму адаб дастрасӣ доштем. Ҳоло мо на ба хатти кириллӣ китоб дорем, на дигар кӯдакони мо русӣ медонанд. Агар мехоҳем илму фанноварии мо рушд кунад ва мутахассисони замонавӣ дошта бошем, ягона роҳи мо ин аст, ки хатти форсӣ омӯзем ва ба китобҳои эронӣ дастрасӣ пайдо кунем.”

 

Оқои Шарипов бо ишора ба ин ки дар Тоҷикистон “дониш барои пайдо кардани ҷойи кор муҳим нест” гуфт: “Муассир набудани дарсҳои хатти форсӣ дар мактабҳои мо на ба ин хотир аст, ки соъоти дарсӣ кам дорем, мушкили аслӣ ин аст, ки дар мактабҳои мо ҳамаи фанҳо дар сатҳи пойин тадрис мешаванд ва аслан дониш дар миёни мардум низ дигар арзиш надорад.”

 

Дар ин миён, гурӯҳе аз равшанфикрони тоҷик алорағми мухолифати давлат бо пешниҳоди бозгашт ба хатти форсӣ ё арабӣ дар Тоҷикистон, бар зарурати ин амр исрор меварзанд. Зимнан, Қонун дар бораи забони тоҷикӣ, ки дар замони бозсозии Горбачёв тасвиб шуд, гузор ба хатти форсӣ дар Тоҷикистон дар зарфи даҳ солро дар назар дошт. Ин банди қонун пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1996 лағв шуд.

 

Бо ин ҳол, тарафдорони хатти форсӣ дар Тоҷикистон барои касби маҳбубияти бештари хатти форсӣ дар ин кишвар ба Эрон чашми умед доранд. Эрон ҳам то ба ҳол дар интиқоли осори адабӣ ва илмӣ ба хатти форсӣ ба Тоҷикистон фаъол буда ва дар бозгардон ва интишори осори бархе аз шоъиру нависандагон ва донишмандони тоҷик ба хатти форсӣ низ саҳми назаргире доштааст.

 

Ба гуфтаи масъулони Ройзании фарҳангии Эрон, ин кишвар аз соли 1993 ба баъд дар ҳамкорӣ бо Вазорати маъорифи Тоҷикистон китобҳои дарсии омӯзиши хатти форсиро барои мактабҳои ин кишвар таъмин мекунад.

 

Дар авоили соли ҷорӣ сафорати Эрон эълом карда буд, ки ба шеваи мактабҳои туркӣ, ки дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд, мактабе эронӣ дар шаҳри Душнабе таъсис хоҳад дод. Вале гуфта мешавад анҷоми ин тарҳ ба далели ихтилоф дар барномаҳои таълимии ду кишвар, ки яке секулор ва дигар мазҳабӣ ҳастанд, ба дарозо хоҳад кашид.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2289-2010-05-13-04-16-56.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854