02:19:42 29-уми Июни 2025 сол

МУШТЗАНИ ТОҶИК АЗ УНВОНҲОИ ҚАҲРАМОНИЯШ ДИФОЪ МЕКУНАД

Шоми 22 июл дар шаҳри Юрмалаи Латвия Шералӣ Мамадалиев, муштзани тоҷиктабори Русия, аз унвонҳои қаҳрамонии худ дар Урупо ва Осиё миёни муштазанони ҳирфаӣ дифоъ мекунад. Алексей Евченко, муштзани рус ва рақиби оқои Мамадалиев, қасд дорад унвонҳои қаҳрамони Урупо (WBO Europe) ва Осиё (PABA - Анҷумани Муштзании Осиё)-ро аз вай бирабояд. Ба гуфтаи масъулони Федеросиюни муштзанҳои Тоҷикистон, Шералӣ Мамадалиев танҳо муштзани тоҷик аст, ки тавонистааст ба чунин сатҳи қаҳрамонӣ миёни муштзанҳои ҷаҳон бирасад. Оқои Мамадалиев 10 феврали соли ҷорӣ дар Финланд дар мусобиқоти федеросиюнҳои муштзанӣ ё боксёрии Осиё ва Урупо дар вазни то 66,7 килуграм Фредерик Серре, рақиби фаронсавии худро, мағлуб кард ва унвонҳои қаҳрамонии Урупо ва Осиё дар муштзании ҳирфаиро ба даст овард.

 

Рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ Шералӣ Мамадалиев дар Сан-Питерзбург барои дифоъ аз унвонҳои қаҳрамонии худ бо муштзани испониёӣ Ҳерве де Лука вориди рақобат шуд. Ин мусобиқаи якбаяки муштзанон бояд дар 12 навбат (раунд) идома меёфт, вале оқои Мамадалиев рақиби худро дар 18-умин сонияи бозӣ бо зарбаи сахте беҳуш (накаут) кард ва аз майдони рақобат берун сохт.

 

Ҳамакнун, ин муштзани тоҷик барои бори дувум аз унвонҳои қаҳрамонии худ дар Урупо ва Осиё дар баробари муштзани рус Алексей Евченко дар шаҳри Юрмалаи Латвия дифоъ мекунад. Шералӣ Мамадалиев дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ дар Русия гуфтааст, ки "ба пирӯзӣ дар ин бозӣ мутмаин ҳастам ва унвонҳои қаҳрамонии худро ба касе намедиҳам."

 

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ба шаҳри Юрмала теъдоди зиёде аз мухлисони оқои Мамадалиев аз Сан-Питерзбург ворид шудаанд ва хиёбонҳои ин шаҳр дар канори хиёбонҳои шаҳри Рига, пойтахти Латвия, пур аз овезаҳо бо аксҳои ин муштзани тоҷик аст. Аббос Неъматуллоев, раиси Федеросиюни муштзанҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳарчанд оқои Мамадалиев дар ин мусобиқа аз Русия намояндагӣ мекунад, вале вай ҳамчунон шаҳрванди Тоҷикистон аст.

 

Шералӣ Мамадалиев зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва мутаваллиди соли 1971 мебошад. Чанд сол вай узви тими мунтахаби муштзанҳои Тоҷикистон низ будааст. Вале ба гуфтаи оқои Неъматуллоев, баъд аз чанд мавриди мағлубият давлати Тоҷикистон аз сармоягузорӣ дар барномаҳои варзишӣ ва тамриноти ин муштзан худдорӣ кардааст. Дар ниҳоят, оқои Мамадалиев ба шаҳри Сан-Питерзбурги Русия кӯч бастааст.

 

Ғаниҷон Мамадҷонов, як мураббии исфарагӣ, ки аз муддатҳо қабл дар шаҳри Сан-Питерзбург ба сар мебарад, ҳоло тамрин ва тарбияти оқои Мамадалиевро ба ӯҳда дорад. Оқои Мамадҷонов мегӯяд, ки ҳоло ин муштзани тоҷик яке аз чеҳраҳои саршинос дар Сан-Питерзбург аст ва ҳар бозии вай даҳҳо ҳазор нафар мухлисонро ба истодиюмҳо ҷалб мекунад.

 

Раиси Федеросиюни муштзанҳои тоҷик хабар дод, ки қабл аз бозии рӯзи панҷшанбе Валентина Матвиенко, устондори Сан-Питерзбург бо Шералӣ Мамадалиев дидор дошта ва ваъда кардааст, ки агар ин даъфа низ вай битавонад аз унвонҳои қаҳрамонии худ дифоъ кунад, давлати Русия ба вай манзилеро дар ин шаҳр ҳадя хоҳад кард.

 

Аббос Неъматуллоев афзуд, ки Шералӣ Мамадалиев танҳо муштзани тоҷикест, ки тавонистааст дар арсаи муштзании ҳирфаӣ ба чунин сатҳи қаҳрамонӣ бирасад. Тибқи ититлоъи вай, бозии имрӯзи оқои Мамадалиев соъати 9 шом ба вақти маҳаллии Латвия оғоз хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2741-2010-07-22-13-50-16.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ