| РАСУЛ БОҚИЕВ БАРАНДАИ ҶОМИ АВРУПО |
| Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш | |||
| 09.08.2010 11:14 | |||
|
Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, барандаи медали нуқраи марҳилаи навбатии мусобиқоти Ҷоми Аврупо оид ба гуштии дзю-до гардид. Ин мусобиқот дар шаҳри Ҳамбурги Олмон бо ширкати беш аз 500 варзишгари 39 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт:
Дар ин қувваозмоии ҳалкунанда, ки 5 панҷ дақиқа давом кард, Кристофер ду огоҳӣ ва Боқиев се огоҳӣ гирифтанд. Бояд гуфт, ки лат хӯрдани пояш пеш аз ин мусобиқот ҳангоми тамринҳо ба Расул имкон надод, ки тамоми қувваю маҳораташро сарф намояд».
Варзишгари дигари тоҷик Абубакр Раҳмонов дар даври аввал дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 килограмм аз Роберт Зиммерманни олмонӣ шикаст хӯрд. Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби умумидастаӣ байни 24 кишвар дар ҷои 14-ум қарор гирифт. Ба гуфтаи ҷаноби Мамадсафоев ин мусобиқа барои паҳлавонони тоҷик санҷише буд пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзю-до, ки аз 9-ум то 13-уми сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон доир хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2854-2010-08-09-06-16-26.html
|












