ФЕСТИВАЛИ РАССОМОНИ НАВРАС

Имрӯз, 21.09.10, дар нигористони ба номи Валимад Одинаеви коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе фестивали навбатии ҷумҳуриявии рассомони наврас ба кори худ оғоз мекунад. Фестивали мазкур аз соли 2008 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ то соли 2015 ҳамасола баргузор мегардад. Мақсади асосии ин фестивал аз бозёфти истеъдодҳои рассомӣ ва тарбияву дастгирии моддиву маънавии онҳо иборат аст, - гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори «ИмрӯзNews» директори коллеҷи рассомӣ Бахтиёр Одинаев.
Фестивали мазкур дар се давр гузаронида мешавад. Даври аввал дар ноҳияҳо дар моҳҳои апрел - май баргузор мегардад. Ғолибони ин давр ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар даври дуввум, ки дар марказҳои вилоятҳо моҳҳои май-июн барпо мешаванд, қувваозмоӣ намоянд. Ғолибони даври дуввум ва баъзан иштироккунандагони дигар ҳам барои ширкат кардан дар даври саввум, ки дар Душанбе маъмулан дар моҳи сентябр баргузор мегардад, корҳои худро барои баррасӣ ба унвони кумитаи тадорукоти мефиристанд.
Ҳайати доваронро, ки асосан аз ҳисоби рассомони халқӣ ва хизматнишондода ташкил шудаанд, лозим меояд, ки аз байни 200-300 кори рассомон барои ширкат дар фестивали ҷумҳуриявӣ 30-40 асарро интихоб намоянд. Дар фестивали ҷумҳуриявии рассомони наврас 35 нафар рассомон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд кард.
Тӯли се рӯзе, ки онҳо дар кори ин фестивал ширкат меварзанд, бо хобгоҳ, хурду хӯрок ва ашёи барои рассомӣ зарур таъмин хоҳанд шуд. Дар рӯзи дуввуми фестивал устодоне чун Анваршо Сайфиддинов, Рассоми Хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, Аҳмад Юсуфов, Рассоми Хизматнишондодаи Тоҷикистон, Сайфиддин Шералиев, Рассоми Халқии Тоҷикистон ва дигарон нозукиҳои санъати тасвириро ба рассомони наврас меомӯзонанд.
Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3171-2010-09-21-08-13-44.html