12:44:36 04-уми Июни 2025 сол

ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Ба вазифаи роҳбари бахши ташкили мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Тоҷикистон таъин гардидани Рустами Эмомалиро шунида, аз ин иқдоми шоиста ниҳоят шод гардидам. Дар ҳақиқат, ин самти ҷиддии сохторӣ кайҳо ба чунин иқдом ниёз дошт.

 

Рустами ЭмомалиРустам аз рӯзҳои нахустини по ба арсаи сиёсат гузоштанаш диққати маро ҳамчун ҷавони бомаҳорати дорои ҳисси баланди миллӣ ба худ ҷалб кардааст. Дар ин синни ҷавонӣ Рустам тавонист, ки аз ӯҳдаи якчанд масъулияти ба зиммааш гузошта бомуваффақият ва сарбаландона  барояд. Ростӣ дар симои ӯ ҷавонии хешро ба ёд меорам. Ман низ фарзанди яке аз бонуфузтарин шахсони замони шӯравӣ будам. Падарам ба мансаби баланди худ нигоҳ накарда, ба таълиму тарбия ва таҳсили фарзандон диққати махсус дода, ҳар кадоми моро бо сахтгирии хосае ба воя расонида буд.

 

Мактаби миёнаро бо медали тилло ва мактаби олиро бо дипломи сурх тамом кардам. Донандаи якчанд забонҳои хориҷӣ мебошам. Дар ҷавонӣ дар шаҳри Маскав ман низ мисли Рустам соҳиби вазифаи калон шудам. Аз болои худ пайваста кор мекардам, ҷаҳд мекардам, ки сазовори боварии роҳбарони баландпоя бошам. Вале, мутаассифона, ҳамаи кӯшишҳову муваффақиятҳоямро ба мансабу мавқеи  падарам нисбат медоданд. Касе донистан намехост, ки худи ман сазовори вазифаву мансаб будам.

 

Малакаву маҳорати кордонии маро аксарият, бахусус ҳаммиллатонамон нодида мегирифтанд. Дар ҳама ҷо  атрофиён таъкид мекарданд, ки маҳз падарам маро ба зинаҳои баланди мансаб ҳидоят мекунад. Баъзан аз ин гуфтаҳо рӯҳафтода мешудам. Ҳайрон мешудам, ки чаро мардум воқеиятро дарк накарда, мисли ашхоси бесаводу бемаърифат баҳогузорӣ мекунанд?

 

Фурсати муносибе фароҳам омаду маро ба хориҷи кишвар фиристоданд. Дар он ҷо низ дар муддати кӯтоҳе маро  ба вазифаи баланд таъин намуданд. Вале то ба имрӯз, ки ба синни нафақа расидаам пайваста  пайи ҷустуҷӯву такопӯ ҳастам. Албатта, қабл аз ҳама сахтгирии падар ва дуввум дарки масъулият маро ба ин дараҷаҳо оварда расонид.

 

Дар ҳама  давру замон нотавонбинону ҳасудон буданд ва ҳастанд. Имрӯз, ки ба торномаҳои интернетӣ назар мекунам, нисбати таъиноти Рустами Эмомалӣ назароти мухталифро мехонам.  Афсӯс мехӯрам, ки то ба имрӯз мардуми мо мафҳуми Миллату Ватанро ба маънои том дарк накардаанд. Ҳанӯз тангназарии шарқиёнаи айббофию айбкобию айбмонӣ ниҳоди баъзе мардумони моро пурра фаро гирифта, онро тарк карданӣ нест.

 

Аз фарсахҳои дур истода, назароти пучу бемаънии худро иброз медоранд. Ҳатто нафароне, ки дар бораи гумрук тасаввурот ҳам надоранд, атрофии ҳар қазияе андеша ронда, ба таври худ таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ мекунанд. Баъзе мардуми мо ҳатто дар ғарб зиндагӣ карда,  аз бадгӯию  гуфтори носазо ҳазар намекунад. Ба ҷои шукргузорӣ аз  зиндагии ободу осуда, омодаанд ҳар лаҳзаву соат  ба пешравии ҷомеаи кишвар садама ворид оваранд. Ҳама гуна пешравиҳо ва дастовардҳои миллӣ онҳоро нороҳат сохта, боиси ба майдон омадани фарзияҳои ғалату бемавқеъ мегарданд.

 

Имрӯзҳо Рустами Эмомалӣ айнан дар он вазъияте, ки замоне худам дар ҷавонӣ доштам, қарор дорад. Дар симои ин ҷавони ояндадор фардои дурахшонро мебинам. Ба ӯ падарвор гуфтаниам, ки ҳамеша нангбардори миллатати азизамон бошаду бо меҳнати софдиланааш ба қуллаҳои баланди сиёсат расида, Ватани маҳбубамонро обод гардонад, ба халқи номвари тоҷик хизмат намояд.

 

М. Холов, нафақахӯр

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/4568-oyandai-durakhshoni-rustami-emomali.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854