22:39:30 02-уми Июни 2025 сол

ПИРӮЗИИ НАХУСТИН ДАР МУСОБИҚОТИ ҶОМИ ФФО

Дар мусобиқоти Ҷоми муборизони Федеротсиюни Футболи Осиё тими мунтахаби Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби як бар сифр пирӯз шуд. Бино ба иттилоъи сойти интернетии Федеротсиюни Футболи Осиё (www.the-afc.com) тӯби ягонаро Руслан Содиқов, футболбози қирғиз дар дақиқаи 88-ум ба дарвозаи худ задааст.

goalИн манбаъ мегӯяд, Пӯлод Қодиров, мураббии тими мунтахаби Тоҷикистон аз ҳунарнамоии футболбозони тоҷик ибрози норизоиятӣ карда ва гуфтааст, ки тими Тоҷикистон дар тӯли бозӣ лаҳзаҳои маъдуди голзанӣ доштаанд. Бозиҳои дигари тими мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 23 март бо тими Кумбуҷӣ ва рӯзи 25 марти соли ҷорӣ бо тими мунтахаби Ҷазоири Молдив баргузор хоҳад шуд.

Дар бозиии дигари гурӯҳи “С” дастаи мунтахаби Ҷазоири Молдив бар дастаи мунтахаби Кумбуҷӣ бо ҳисоби калони 4 бар сифр дастболо шудааст. Дар мусобиқоти Ҷоми муборизони Федеротсиюни Футболи Осиё, ки рӯзи душанбеи 21 март дар Ҷазоири Молдив шурӯъ шуд, 20 тими мунтахаби кишварҳои қораи Осиё ширкат мекунанд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон барои пирӯзӣ дар ин мусобиқоти байналмилалӣ талош хоҳанд кард. Тими Туркманистон дар бозии аввали худ дар гурӯҳи “В” бар тими мунтахаби Покистон бо ҳисоби 3 бар сифр пирӯз гардид.

Зимнан, тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми муборизони Федеротсиюни Футболи Осиё шаҳри Коломбо, пойтахти Сри-Лонко дар моҳи феврали соли гузашта медоли биринҷӣ ё брунзро ба даст оварда буд. Дар бозии ниҳоӣ тими Куриёи Шимолӣ бар тими Туркманистон пирӯз гардида ва соҳиби медоли тиллои мусобиқот шуда буд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854