13:10:40 01-уми Июли 2025 сол

НОКОМИИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД

Дар шаҳри Тошканд мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод бо ширкати зӯртарин паҳлавонони қора ҷараён дорад. Дар ин мусобиқаи қитъавӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 7 паҳлавон дар ҳамаи вазнҳо ширкат меварзад.

varzish-sport4465465.jpgЮсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин, дар рақобатҳо дар вазни то 84 килограмм дар даври муқаддамотӣ бар Шиняа Масумотои ҷопонӣ пирӯз шуд. Вале Юсуф дар даври баъдӣ аз Салмон Аминии эронӣ шикаст хӯрд. Сипас паҳлавони тоҷик барои ҷои севум аз Заурбек Сохиеви узбакистонӣ мағлуб гашт.

Гуштигирони дигари тоҷик - Гавҳар Истодаков дар вазни то 55 кг, Фарҳоди Усмонзода (то 60 кг), Манучеҳр Малаев (то 66 кг) ва Азамат Сӯфиев (то 74 кг) дар даври аввал ноком гаштанд.

Боз ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Искандари Рустам (то 96 кг) дар даври муқаддамотӣ бо Давлат Шабонбоеви қазоқ ва Эраҷ Холов (то 120 кг) бо Ал Каабӣ Зайд Убайд, аз Аморати Муттаҳидаи Араб, қувваозмоӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот дар панҷ вазн ғолибону ҷоизадорон муайян шуданд:

то 55 кг

1) Янг Кйонг (Кореяи Шимолӣ)

2) Яширо Инаба  (Ҷопон)

3) Ли Ву Ҷу  (Кореяи Ҷанубӣ)

3) A.Р. Баласоҳиб (Эрон)

то 60 кг

1) Даурен Ҷумъағозиев (Қазоқистон)

2) Мустафо Гадир (Эрон)

3) Батсайхан Немекбайар (Муғулистон)

3) Ри Йонг Мойнг (Кореяи Шимолӣ)

то 66 кг

1) Янг Чун Сонг (Кореяи Шимолӣ)

2) Ихтиёр Наврӯзов (Узбакистон)

3) Батчулун Анкбайар (Муғулистон)

3) Иннокентий Иннокентиев (Қирғизистон)

то 74 кг

1) Рашид Қурбонов 87 (Узбакистон)

2) Жанг Чонгао (Чин)

3) Ли Йон-Сеок (Кореяи Ҷанубӣ)

3) Пуревжа Унурбат (Муғулистон)

то 84 кг

1) Салмон Аминӣ (Эрон)

2) Қанат Бердиев (Қазоқистон)

3) Ойбек Юсуфов (Қирғизистон)

3) Заурбек Сохиев (Узбакистон)

Паҳлавонони тоҷик, инчунин, дар сабқати қитъавӣ дар шаҳри Тошканд дар риштаи гуштии юнониву румӣ, ки рӯзҳои 21-ум ва 22-юми май доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ