ДОНИШГОҲИ ХОРУҒ: ФОРИҒУТТАҲСИЛОНИ ОВОРА ВА БЕКОР
Имсол беш аз як ҳазор донишҷӯй аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғи ба номи окодемисиян Моёншо Назаршоев, танҳо донишгоҳ дар вилояти кӯҳистонии Бадахшон, фориғуттаҳсил хоҳанд шуд. Тавре ки масъулини ин донишгоҳ ба мо гуфтанд, ин фориғуттаҳсилон дар бисту як ришта соҳиби тахассус шудаанд. Аксари донишҷӯёни собиқи ин донишгоҳ барои кор дар муассисот ва идороти вилоят роҳхат гирифтаанд.
Ба гуфтаи Равшанбек Сарадбеков, масъули бахши таълими Донишгоҳи Хоруғ, дар тӯли ҳудуди бист соли фаъолияти ин донишгоҳ, беш аз 6 ҳазор нафар донишҷӯй бо тахассусҳои гуногун таҳсил ин муассисаи омӯзиширо хатм кардаанд. Вай мегӯяд ҳадафи аслии масъулон ва омӯзгорони донишгоҳ омода кардани кодрҳои ҳирфаӣ барои риштаҳои мухталифи иқтисоду иҷтимоъи вилоят будааст.
"Русия хоҳам рафт"
Шамсия Раҳматова, як масъули идораи таъмини иҷтимоъӣ, шуғл ва муҳоҷирати кории ҳукумати Бадахшон, мегӯяд дар ҳоли ҳозир ниёзмандӣ ба кодрҳои дорои мадраки таҳсилоти олӣ дар вилоят хеле зиёд аст. Ба гуфтаи ӯ, феълан тибқи дархостҳои идорот ва муассисоти давлатӣ, ин ниҳод ба беш аз 250 нафар аз мутахассисони соҳиби маълумоти олӣ ниёз дорад. Хонуми Раҳматова афзуд ин дар ҳолест, ки бисёре аз фориғуттаҳсилинии донишгоҳ баъди фароғат аз таҳсил қаламрави вилоятро тарк мекунанд ва дар идороти маҳаллӣ кор кардан намехоҳанд.
Ифтихор, як нафар аз фориғуттаҳсилони риштаи муҳандисии оби Донишгоҳи Хоруғ, мегӯяд, ки дар шаҳри Хоруғ танҳо ду идораи марбут ба об ва конолҳои обгузар фаъолият мекунанд, ки кодрҳои зарурӣ доранд. Вай мегӯяд: "Ман баъди хатми донишгоҳ мехоҳам ба нерӯгоҳи "Роғун" равам. Агар дар он ҷо кори хубе бароям пайдо карда натавонам, ба Русия хоҳам рафт."
Бархе аз фориғуттаҳсилин Донишгоҳи Хоруғ гуфтанд, ки донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ маҷбуранд барои пайдо кардани кор ба Русия ё кишварҳои дигар раванд, зеро маъоше, ки дар муассисот ва идороти давлатӣ барояшон пешниҳод мекунанд, ночиз аст ва ҷавобгӯи ниёзмандиҳои рӯзгорашон нест.
Маъоши ночиз
Бино ба иттилоъи масъулони идораи кори вилояти Бадахшони Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир маъоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 96 сомонӣ аст, ки муъодили 20.5 дулори омрикоӣ будааст. Ба гуфтаи масъулини ин идора, мутахассиси ҷавоне зимни истихдом дар идороти маҳаллӣ имкон дорад то 300 сомонӣ ё муъодили 64 дулори омрикоӣ маъош бигирад.
Шарифа, номи мустаъори як зан аст, ки мегӯяд: “Ман дар як деҳа зиндагӣ мекунам ва чун муҳандис метавонам фақат дар шаҳри Хоруғ кор кунам. Вале танҳо барои рафту омади ман ба Хоруғ ҳамарӯза ҳашт сомонӣ масраф мешавад. Аммо барои ман кореро ваъда кардаанд, ки маъошаш ҳамагӣ 250 сомонӣ аст."
Вай афзуд: "Ин маъош ҳатто барои рафту омади ҳаррӯзаи ман, маводди ғизоӣ кофӣ нест. Ман ҳатто имкон нахоҳам дошт, ки барои волидонам як халта ордро, ки имрӯз нархи он дар бозори Хоруғ беш аз 150 сомонӣ аст, харидорӣ кунам. Ва ҳоло дар андешаам, ки ба куҷо равам ва дар кадом муассиса кор кунам.”
Масъалаи таъмини кор барои фориғуттаҳсилини Донишгоҳи шаҳри Хоруғ яке аз масоили доғ дар Бадахшон будааст. Бадахшон чун вилояте кӯҳистонист, дар он ҷо мардум камтар ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ машғуланд. Тавре ки Шамсия Раҳматова, масъули Идораи ҳифзи иҷтимоъӣ, иттилоъ дод, теъдоди афроди дорои мадраки таҳсилоти олӣ дар вилоят, ки ба тиҷорат машғуланд, ҳудуди 450 нафарро ташкил медиҳад.
Коршиносони арсаи иқтисод бар ин ақидаанд, ки дар ҳоли ҳозир рушди тиҷорат миёни Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон дар қаламрави Бадахшон аз манобеъи аслии таъмини кор барои ҷавонон аст. Вале ба гуфтаи ин коршиносон, теъдоди зиёди посгоҳҳои бозрасӣ дар роҳи мунтаҳӣ ба Чин, ки мунҷар ба афзоиши фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар миёни кормандони ин ниҳодҳо шудааст, ва ҳамчунин боло рафтани нархи маводди сӯхтӣ ва бензин дар Тоҷикистон сабаб шуда, ки ҷавонон камтар ба тиҷорат машғул шаванд.
"Омӯзгорони бесарпаноҳ"
Имомёрбек Қаландарбеков, муъовини раиси Донишгоҳи Хоруғ, мегӯяд, ки ин донишгоҳ барои макотиби вилоят кодрҳои омӯзгорӣ омода мекунад. Ба ақидаи ӯ, дар ҳоли ҳозир қисмати аслии муъаллимони макотиби вилоятро фориғуттаҳсилони Донишгоҳи Хоруғ ташкил медиҳанд. Аммо бисёре аз фориғуттаҳсилини Донишгоҳи Хоруғ мегӯянд, ки ҳарчанд барои кор ба унвони омӯзгор ба макотиби ҳамагонӣ роҳхат гирифтаанд, вале ба далели ночиз будани маъоши омӯзгорӣ, риъоят нашудани қонуни давлат дар бораи таъмини макони зист ва маводди сӯхтӣ барои муъаллимони рустоӣ, аз фаъолият дар ин макотиб худдорӣ мекунанд.
Сафар Сафаров, раиси мактаби Ширгин, як рустои дуруфтодаи ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон, мегӯяд дар ин деҳа ҳамзамон ҳафт нафар муъаллим ҷои корашонро тарк карда ва ба Русия ба муҳоҷират рафтаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи тасмими Вазорати маъорифи Тоҷикистон фориғуттаҳсилинии донишгоҳҳо танҳо баъд аз се соли фаъолият дар мактабҳои ҳамагонӣ ҳаққи дарёфти гувоҳиномаи донишгоҳро доштаанд.
Дар акси ҳол, ин донишҷӯён ба додгоҳҳо кашида шуда ва водор ба пардохти маболиғе хоҳанд шуд, ки давлат барои омӯзиши онҳо пардохтааст. Аммо масъулони Донишгоҳи Хоруғ гуфтанд, ки тибқи муқаррароти ҷадид, барои ба додгоҳ кашидани чунин афрод бояд куллияи фориғуттаҳсилини он ба додгоҳҳо кашида шаванд ва се баробар зиёд маболиғи масрафшударо пардохт кунанд. Ба гуфтаи масъулон, ин мабалағи сарфшудаи иловагӣ барои донишгоҳ гарон буда ва дар буҷети он пешбинӣ нашудааст.
Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз соли 1992 ба фаъолият оғоз карда ва дорои 8 донишкада буда ва дар 27 бахш тадрис мекунад. Дар донишгоҳ 12 дуктур ва 42 номзади илм фаъолият доранд. Барои кайфияти таълим, тибқи маълумоти Вазорати маъорифи Тоҷикистон, имсол ин донишгоҳ дар миёни 25 муассисаи олии омӯзишӣ дар ин кишвар мақоми намоёнеро ба худ ихтисос додааст.
Гулдасти Меҳровар, Хоруғ, Бадахшон, Би-Би-Си