02:04:24 03-уми Июни 2025 сол

ИМЗОИ ҚАРОРДОДИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Бар асоси мувофиқатномае, ки миёни Кумитаи улампики Афғонистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон имзо шуд, дастаҳои варзишии афғон метавонанд дар варзишгоҳҳою толорҳои варзишии Тоҷикистон тамрин кунанд.

ceremony3046555.jpg

Ҳамчунин, тибқи ин санад, ки рӯзи ҷумъаи 24 июн имзо шуд, мураббиёни бахши варзиши Афғонистон дар Донишкада ва коллеҷҳои тарбияти бадании Тоҷикистон омӯзиш хоҳанд гирифт. Бино ба иттилоъи манобеъи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, дар моҳи ҷорӣ тими волейболи бонувони Афғонистон дар пойгоҳҳои варзишии Тоҷикистон тамрин карда ва 5 мураббии афғон дар муассисоти таълимии ин кишвар омӯзиш мегиранд.

Зоҳир Акбар, раиси Кумитаи Улампики Афғонистон, гуфт, ки варзишгарони афғон дар 5 намуди варзиш барои ширкат дар Бозиҳои Улампики Ландан дар соли оянда роҳхат гирифтаанд, ки миёни онҳо тими бонувони муштзан низ ҳаст. Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷавонгардии Тоҷикистон, гуфт, ки кишвараш омода аст ба раванди тамрин ва омодагии ин варзишгарон барои Бозиҳои Улампик мусоъидат кунад.

Ба гуфтаи оқои Неъматов, қаблан варзишгарони тоҷик ба далели камбуди варзишгоҳҳо ва толорҳои ҷавогӯйи меъёрҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти бонуфузи байналмилалиро дар варзишгоҳҳои Эрон ё Русия сипарӣ мекарданд.

Ӯ таъкид кард, ки феълан вазъият то андозае ислоҳ шуда ва ҳамакнун бунёди 7 толори варзишӣ ва варзишгоҳҳо, аз ҷумла, ҳавзи шиноварзӣ дар шаҳри Душанбе, оғоз шудааст, ки дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо варзишгарони афғон низ аз ин пойгоҳҳои варзишӣ истифода хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол (ФИФА) ба далели мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон баргузории бозиҳои байналмилалии тими мунтахаби ин кишварро дар дохили он кишвар мамнӯъ кардааст.

Аз ин лиҳоз, бозиҳои расмии ин тим дар варзишгоҳҳои Тоҷикистон анҷом шуда ва қарор аст, бозии тимҳои мунтахаби Афғонистон ва Фаластин дар чорчӯби мусобиқоти интихобии Бозиҳои Қаҳрамонии футбол дар соли 2014 рӯзи 29 июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода, дар ғарби пойтахти Тоҷикистон, баргузор шавад.

Вале ба гуфтаи Зоҳир Акбар, раиси Кумитаи Улампики Афғонистон, бар хилофи Федеросиюни Ҷаҳонии Футбол то ҳол Кумитаи Байналмилалии Улампик баргузории мусобиқоти варзишӣ дар чорчӯби ин ниҳодро дар Афғонистон мамнӯъ накардааст.

Оқои Акбар гуфт дар Афғонистон дар канори мусобиқоти варзишии дохилӣ, мусобиқоти байналмилалӣ дар намудҳои таэквондо, волейбол ва футбол бо ширкати тимҳои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, дастаҳои Тоҷикистон доир гардидааст.

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки бахши варзиш дар даврони ҳукумати Толибон дар Афғонистон тақрибан ба нестӣ расида, варзишгоҳҳо тахриб гардида ва варзишгарон водор ба тарки кишвар шуда буданд. Раиси Кумитаи Улампики Афғонистон гуфт, ки дар даҳ соли ахир намудҳои варзиш марҳила ба марҳила эҳё шуда ва дастаҳои варзишӣ, аз ҷумла, бо шумули бонувон дар ин кишвар таъсис шудаанд.

Масъулони кумитаҳои улампики Афғонистону Тоҷикистон ибрози умедворӣ карданд, ки дар оянда Эрон низ ба ин мувофиқатнома пайваста ва ҳамкориҳои варзишӣ миёни "ин се кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон" густариш ёбад.

Зимнан, дар ҳамоиши масъулони кумитаҳои улампики Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе эълом шуд, ки Кумитаи Байналмилалии Улампик ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ва раиси Кумитаи Улампики Тоҷикистон, барои ширкати фаъол дар ҷунбиши улампикӣ ҷоизаи вижаеро эъто кардааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854