00:18:57 03-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК БА ҶОПОН

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр бо тими миллии Ҷопон зӯрозмоӣ хоҳад кард. Ин бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар варзишгоҳи “Нагай”-и шаҳри Осака баргузор мешавад. Бозигарон ва аъзои дастаи миллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр вориди шаҳри Осакаи Ҷопон шуда, дар меҳмонсарои панҷситораи «Hyatt Regency» иқомат мекунанд.

/images/stories/2011/10/10_javononi-tojik_1-10.10.11.jpgДар як тамос бо дафтари матбуотии дастаи мунтахаби Тоҷикистон маълум шуд, ки бозигарон тақрибан як шабонарӯзро дар роҳ ба сар бурда, ниёзи шадид ба истироҳат доранд, аммо ба маҳзи расидан, тамринҳои худро шурӯъ кардаанд. Аввалин машқи онҳо дар варзишгоҳе ҷараён гирифт, ки дастаи “Гамба”, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Конфедерсиюни футболи Осиё дар соли 2008 тамрин мекунад.

Дар баёнияи хадамоти матбуотии дастаи миллии Тоҷикиситон гуфта мешавад, бозигарони дастаро дар фурудгоҳи Осака гурӯҳи бузурге аз хабарнигорон ва аккосон дастаи Тоҷикистонро интизор буда, ва гуфтугӯҳое сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки шорҳеони футболи Ҷопон гуфтаанд, дастаи миллии кишварашон бе ширкати бархе аз бозигарони бомаҳорат низ метавонад, бартарии худро бар дастаи Тоҷикистон нишон диҳад.

Аммо рӯзи ҷумъа дастаи миллии Ҷопон дар бозии дӯстона бо дастаи Ветнам пирӯз шуда бошад ҳам, мураббии он, Алберто Дзакерронӣ аз бозии дастпарварони худ интиқод ва изҳори дилсардӣ кардааст. Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ҳайати дастаро ба бозӣ бо мунтахаби Ҷопон муайян кард, ки аз 19 футболбоз - 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:

/images/stories/2011/10/10_javononi-tojik_2-10.10.11.jpgДарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Миралӣ Муродов («Энергетик»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон – Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Умед Ҳабибуллоев, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон – Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон – Комил Саидов (ССКА «Помир»), Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Вале легионер Фарҳод Восиев, ҳимоятгари «Шинник»-и Ярославли Русия, ки 2-юми сентябр дар бозӣ бо мунтахаби Узбакистон ширкат дошт, дар бозӣ бо Ҷопон иштирок карда наметавонад.

Ҳамчунин Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров, Одил Эргашев (ҳарсе – «Истиқлол»), Алишер Додов, Сафаралӣ Каримов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (ҳарсе – «Регар-ТадАЗ») ин дафъа ба дастаи мунтахаби кишвар даъват нашуданд.

Комил Саидов, ҳамлагари ССКА “Помир”-и Душанбе ва дар ҳамин ҳол беҳтарин голзани мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон ва Миралӣ Муродов, дарвозабони дастаи «Энергетик»-и Душанбе, боз ба дастаи мунтахаб даъват шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Узбакистон ва дар сафар аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб гашта буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854