00:51:21 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХИЗМАТ ДАР АРТИШ – МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ

Ҳар сол мувофиқи фармони сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали армия президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз мегардад.

/images/stories/2011/11/17_khizmati-askari_2011.jpgТариқи васоити ахбори омма мебинем, ки бисёре аз ҳамватанони шуҷоу ватандӯсти кишварамон бо азми қавӣ, бо сари баланду ҳисси бузурги ватандорӣ, довталабона ба хизмати модар Ватан мераванду марзу буми кишварро содиқонаву мардонавор ҳимоя менамоянд. Аҳсан ба чунин ҷавоне, ки ба ихтиёри худ ба хизмат аскарӣ рафта, дар он ҷо тамоми нозукиҳои зиндагиро меомӯзад. Дар ин мактаби ҳаёт ба қадри ватан-модар бештар расида, ба тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ тобовар ба воя мерасад. Беҳуда нест, ки бузургон артишро - мактаби мардонагӣ меноманд.

Имрӯзҳо дар матбуоти даврӣ матолиби зиёде чоп мешаванд, ки дар онҳо баъзе ақидаҳо ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад. Аз ҷумла, бо унвонҳои «Писари вазирҳо ҳам дар хизматанд»- (Рӯзномаи «Тоҷикистон» аз 20.10.11 с.) ё «Облава: Мавсими ҳосилғундорӣ барои Вазорати мудофиа?» (Рӯзномаи «Имрӯз нюс» аз 28.10 11 с) ва ё «Артиши камбағалон» (Рӯзномаи «Тоҷикистон» аз 27.10.11 с.) ва амсоли онҳоро ба чоп расонида, рӯҳи ҷавононро шикаста, матонати онҳоро заиф мегардонад. Ин навиштаҳо мани сарбози қаториро низ канор нагузошт ва маҷбур шудам, ки хома ба даст гирам. Муаллифони мақолаҳои мазкур ба ҷои он ки ҷавононро дар рӯҳи ватанпарварӣ ва меҳандӯстӣ тарбия созанд, бо муҳоботҳои хеш дар дили ҷавонон ҳисси рӯҳафтодагӣ, тарсу кина ва мардумгурезиро бедор мекунанд.

 Магар ҳамин журналистон набуданд, чанде қабл лоф мезаданд, ки мо сарҳадро ба ҳеҷ кас намедиҳем, двизияи 201-и Русия ба Тоҷикистон наояд, мо худамон сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро посбонӣ мекунем ва ғайраҳо. Куҷо шуд он гуфтаҳои боло? Чаро имрӯз ҳар гуна суханони росту дурӯғро бофта, ҷавононро дилсарду дилхунук мегардонед? Оё бароятон мушкил аст, ки дар бораи хизмати худ дар сафи артиш мақолае иншо намоед? Оё тарғибу ташвиқи ватандорӣ ойини шумо нест? Ё одат кардаед, ки фақат ба хотири маблағе шуда, истеъдоди худро ба кор баред?

  Қобили зикр аст, ки бештари муаллифон оиди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ навишта, зери суол бурдаанд, ки чаро писари вазиру кабир ба хизмати ҳарбӣ намераванду писари маро маҷбурӣ мебаранд? Муаллифони мӯҳтарам пеш аз оне, ки маводе дар бораи мавзӯи зикршуда ба чоп мерасонед, мебоист андеша мекардед, ки ҳар як падару модар қарзи худро бояд дар назди фарзанд адо намояду шароити хубу мусоиде фароҳам оварад то, ки фарзанд соҳиби илму маърифат, касбу ҳунари хуб ва қавииродаву суботкор ба воя расад.

Агар имрӯз шумо фарзандонатонро беҷуръат ба воя расонидед, фардо онҳо чӣ тавр дар шоҳроҳи зиндагӣ мустақилона қадам хоҳанд зад? Падарам дар бораи солҳои шӯравӣ нақл карда мегӯянд, ки дар он замонҳо ба писари хизмати аскариро адо накарда, касе духтарашро ба занӣ намедод, зеро ҷавонони хизматнакардаро дар зиндагӣ сустиродаву бетаҷриба ҳисоб мекарданд. Дар тарбияи иродаи қавии фарзандон саҳми падару модар беш аз ҷамъият аст. Масалан, барои ман панду насиҳати падарам сабаб шуду довталабона ба хизмат рафтам.

Ҳамчун як сарбози қаторӣ аз ҳамаи он ҷавононе, ки синну солашон ба хизмати ҳарбӣ расидааст, даъват менамоям, ки ҳар як ҷавонмард бояд қарзи мардонагии худро дар назди Ватан иҷро намояд. Падару модарони азизу гиромиқадр, садди роҳи фарзандон нашавед, то ин ки онҳо мактаби мардонагиро омӯзанду ба қадри ҳар пораи сангу хоки ватани азизамон бирасанд.

Шукри истиқлоли азиз, ки имрӯзҳо барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои наваскарон шароити хубу мусоиде фароҳам оварда шудааст.

Дӯстони азиз, беҳуда, аз хизмат саркашӣ накунед, ба бофтаҳои бадхоҳон гӯш надиҳед, барои хизмат камар бубандед! Хизмат мактаби мардонагӣ, мактаби ҳаёт аст. Мард бошед!!!

Неъмат Абдурасулов – сарбози қаторӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi