04:25:29 20-уми Майи 2025 сол

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ВА АМВАОМТ

Иттифоқи журналистон ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон 23 феврал дар масъалаи таъқиби журналистон вобаста ба фаъолияти касбии онҳо изҳороти  муштарак дарҷ намуданд.

 

Дар изҳороти муштараки раиси Иттифоқи журналистон Акбаралӣ Сатторов ва раиси Анҷумани  миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев изҳори ташвиш  карда мешавад, ки журналистон дар аксари мавридҳо барои истифодаи ҳуқуқашон  барои озодии  ақида таъқиб карда мешаванд. Ин ба меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ  комилан  мухолиф мебошад.

 

Дар  изҳорот гуфта мешавад, ки гурӯҳи шахсони номаълум узви Иттифоқи журналистон Маҳдӣ Собировро барои навиштани мақола дар бораи ислоҳоти артиш таҳти унвони «Саркашӣ аз  хизмати сарбозӣ» дар ҳафтаномаи «Дунё» аз 22 октябри соли 2009 ва пурсиши ақидаи  коршиносон дар ҳафтаномаи «Озодагон» аз 29 октябри соли 2009 дар давоми се моҳ таъқиб менамояд.

 

Як моҳ пеш журналисти дигар, мухбири радиои «Озодӣ» Абдулмӯъмин Шерхонов ҳадафи таҳдид  ва таъқиби комиссари ҳарбии ноҳияи Восеъ Искандар Назаров қарор гирифта буд. А.Шерхонов  дар ҳафтаномаи «Миллат» дар бораи ҳалокати хизматчии ҳарбӣ Комрон Тешаев мақола чоп  кардааст. Сабаби таъқиби журналист аз ҷониби комиссари ҳарбӣ ҳамин мақола мебошад.

 

Маҳдӣ Собиров ва Абдулмӯъмин Шерхонов ба созмонҳои журналистӣ ва ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат  карда, зикр менамоянд, ки вобаста ба таъмини бехатарӣ ва саломатии наздиконашон ба ташвиш афтодаанд. Иттифоқи журналистон ва Анҷумани миллии воситаҳои  ахбори  оммавии мустақили  Тоҷикистон дар робита Прокуратураи генералӣ ва мақомоти дигари салоҳиятдори муҳофизи  қонуни ҷумҳуриро даъват менамоянд, ки воқеаҳои зикргардидаро ҳадафи тафтиш қарор диҳанд.

 

Фарангис Раҳимова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1820-2010-02-25-20-31-25.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ