17:02:25 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Такяи муҳоҷирон ба тақдир ва "ягон илоҷ мекунем" дар роҳ ба сӯи Русия

Қоидаҳои нав дар Русия аксари муҳоҷирони тоҷикро нигарон кардаанд, аммо, зоҳииран, онҳоро аз азми сафар ба Русия бознамедоранд.

nomnavisi-muhojiron-5665Бо гузашти ду рӯз аз ҷорӣ шудани режими нави сафар ба Русия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ, аз 10 муштарии чиптафурӯшиҳои Душанбе 6 нафар шиносномаи дохилӣ пешниҳод кардаанд. Аммо Бону Усарова, корманди чипатфурӯшии ширкати "ЮТ ЭЙР" дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе мегӯяд, онҳо дигар ҳаққи фурӯши чипта бо шиносномаи дохилиро надоранд.

Вай меафзояд, суоли дигаре, ки бештари муҳоҷирон ба он посух меҷӯянд, ин тартиби супурдани имтиҳони забон ва таърихи Русия аст: “Муҳоҷирони зиёд бо суолҳои мухталиф ба мо муроҷиат мекунанд. Мепурсанд, ки оё бо шиносномаи дохилӣ мешавад ба Русия сафар кард, мо ҳам посух медиҳем, ки не, онҳо бояд шиносномаи хориҷӣ гиранд. Ва ҳамчунин дар бораи имтиҳони забони русӣ мепурсанд, ки мо дар ин бора ба онҳо посухи дақиқ дода наметавонем. ”

Ҳавопаймои хатсайри Душанбе - Маскав дар рӯзи дуввуми соли нави 2015 ҳамагӣ 40 мусофир дошт. Ба гуфтаи кормандони фурудгоҳ шумори мусофирон 4 баробар камтар аз парвозҳое аст, ки чанд моҳ пеш, яъне дар фасли тобистон анҷом мешуд. Агар аз як сӯ, ин ба мавсими фасли сармо бастагӣ дошта бошад, аз сӯи дигар он ба коҳиши ҷойи кор ва вазъи бӯҳронии иқтисодии Русия рабт дода мешавад. Мусофирон борхалта ва шиносномаҳои аксаран нави худ дар даст якояк аз қайд мегузаранд, аммо дар чеҳраи онҳо як нав ҳузну нигаронӣ дид мешавад.

Аксари мусофирон ва онҳое, ки барои даст овардани билети сафар ба Русия ба фурудгоҳ омадаанд, медонанд, ки дар Русия онҳоро дигаргуниҳои зиёд интизор аст. Вале беш аз ҳама онҳоро тарзи гирифтани патент, ки сар аз 1 январ мӯҳлаташ аз 3 то ба 1 моҳ кам карда шуд ва боло рафтани нархи он, ва ҳамчунин супурдани имтиҳони забону таърихи Русия нигарон кардааст. Акмалҷон Фаттоев, ки дар Русия таксиронӣ мекардааст, мегӯяд, рӯзҳои наздик нақшаи бозгашт ба ин кишварро дорад. Вай меафзояд: “Маош 30 ҳазор бошад, патент як моҳаш 4 ҳазор шуд. Боз хароҷоти дигар. Масалан, кирояи хона 6 ҳазор шуд. Мушкилтар шуд кору зиндагӣ.”

Амир, мусоҳиби дигари мо мегӯяд, ҳоло барои сафар ба Русия омода нест. Вай, ки моҳе қабл барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба Душанбе омадааст, мегӯяд, то тайёр шудани шиносномааш, вай барои ҷавобгӯ будан ба қоидаҳои нви Русия, ки аз як муҳоҷир талаб мекунад, омодагӣ мебинад. Вай баръакси мусоҳибони дигари мо ба ин ҳама тағйирот хушбин аст ва мегӯяд, дар тақдираш ҳар чизе, ки бошад, онро мебинад. “Ман дар як рустои Русия мардикорӣ мекунам, албатта патент мегирифтем, ҳоло нарх болотар мераваду шароит дигар мешавад, аммо фикр мекунам, кор қонунӣ мешавад ва агар ба ин ҳама талабот ҷавобгӯ бошему санадҳоро ба даст орем, дигар мушкиламон шояд камтар шавад.”

Ҳарчанд барои таъмини муҳоҷирон бо шиносномаи хориҷӣ дар Русия, ки беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон он ҷо кору зиндагӣ мекунанд, нуқтаҳои додани шиносномаҳои биометрӣ боз шудааст, бархе аз муҳоҷирон ба далели гарон будани харҷи шиноснома дар Русия, ба Тоҷикистон омадаанд. Бинобар иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, талабот дар кишвар барои шиносномаи хориҷӣ то 300 ҳазор аст ва дар 9 моҳи ахир 242 ҳазор шиноснома дода шудааст.

Вале бо вуҷуди ҳама нигарониҳо аз қонуну қоидаҳои нав, ки барои аксар муҳоҷирон дар роҳи сафар ба Русия ва кору зиндагӣ мушкил эҷод мекунад, бархе аз мусоҳибони мо, ки бо ин роҳ зиндагии хонаводаҳои бузурги худро дар Тоҷикистон пеш мебаранд, мегӯянд, ба ҷуз сафар ба ин кишвар дигар роҳе надоранд. “Магарам равем, як сол шуд дар Тоҷикистонам, маош аз моҳ ба моҳ намерасад. Маҷбурем равем ва коре карда, роҳи зиндагиро ёбем.”

Дар маҷмӯъ сар аз 1 январи соли ҷорӣқонунҳои нави Русия мавриди иҷро қарор мегиранд, ки панҷ монеаи навро барои муҳоҷирони кории тоҷик эҷод мекунам. Муҳимтаринашҳам ба даст овардани патент барои кор дар ин кишвар аст. Муҳоҷир замоне метавонад барои патент дархост диҳад, ки 7 санади дигар аз ҷумла, шиносномаи хориҷӣ, санади сиҳатӣ, ва сертификати супурдани имтиҳоноти забону таърихи Русияро дар даст дошта бошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi