13:20:20 02-уми Июни 2025 сол

2 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ МАРДИКОРОНИ ТОҶИК

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар давоми соли 2009 ба Тоҷикистон 2 миллиард доллар интиқол додаанд, ки ним миллиард доллар камтар аз як соли қабл будааст.

 

Шукурҷон Зуҳуров, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо ироаи ин хабар дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, муҳоҷирати корӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад, зеро муҳоҷирони кории тоҷик ҳарсола ба ватан маблағи ҳангуфтро интиқол медиҳанд. Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ишора намуд, ки ҳанӯз ҳам бисёр масоили ҳалнашуда дар заминаи буду боши муҳоҷирон дар Русия вуҷуд дорад.

 

Вай пешинҳод кард, ки барои танзими муҳоҷират як ниҳоди махсусе, ки танҳо бо масоили муҳоҷирати корӣ машғул шавад, барои Тоҷикистон муҳим аст. Феълан дар Тоҷикистон танҳо Хадамоти муҳоҷират дар назди Вазорати корҳои дохилӣ фаъол аст, ки таҳлилгарон кори ин ниҳод дар бахши муҳиҷират дар кишварҳои хориҷро номуассир меҳисобанд.

 

Баъзе аз сарчашмаҳо теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишварро аз як миллион нафар беш ба қалам медиҳанд. Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, дар Русия ҳудуди 700 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки 90 дарсади муҳоҷирони кориро ташкил медиҳанд. Вале таҳлилгарони масоили муҳоҷират мегӯянд, афроде ки барои кори мавсимӣ ба Русия мераванд, ҳудуди як миллион нафар мебошад.

 

Ҷаноби Зуҳуров аз он изҳори таассуф кард, ки 100 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик бо сабаби нагирифтани ҳақмузди худ аз корфармоён имкони ба ватан баргаштанро надоранд. Алишер Ёрбобоев, намояндаи дастгоҳи президенти Тоҷикистон, ки низ дар ин нишаст ширкат дошт, гуфт, Тоҷикистон аз созишномаи тасвибшуда бо Русия дар бахши муҳоҷирати корӣ қаноатманд нест, зеро он ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро таъмин намекунад.

 

Вай афзуд, ҷониби Тоҷикистон як тарҳи тағйирот ба ин созишномаро ба Русия ирсол кардааст, вале мақомоти марбутаи Маскав баррасии ин пешниҳодро ба таъхир андохтаанд. Ба гуфтаи намояндаи дастгоҳи президент, ҳукумати Тоҷикистон барои бозпас овардани муҳоҷирони ба мушкил рӯбарӯшуда чораҳо меандешад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/muhojirat/1575-2-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854